logo

Хабарҳо

Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» таҳти унвони «Банақшагирӣ ва гузарондани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ», ки аз 15 то 19 ноябри соли равон дар сатҳи баланд идома дошт, баргузор гардид, -  иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.
Муовини вазири корҳои дохилӣ Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани машқҳои муштарак ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ изҳори сипос намуд.
Дар ин машқҳо воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали фаврии давлатҳои СААД, аз ҷумла намояндагони Россия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат карданд.
Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо супурда шуданд.
 
 
Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Туркия мулоқот карданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия конфронс ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки  дар он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ бо Фахриддин Коҷа, вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия, мулоқот кард.
Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри тақвият бахшидани онҳо иброз доштанд.
 
 
Масъалаи содироти маҳсулоти нафту газ баррасӣ гашт
Дар шаҳри Москва мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Федератсияи Россия Николай Шулгинов баргузор гардид, - хабар доданд аз Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи электроэнергетика, аз ҷумла фаъолияти НБО «Сангтӯда-1», ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ бунёд гардидааст, фароҳам овардани имкониятҳои истихроҷи нафту газ дар ҳудуди Тоҷикистон, инчунин, вобаста ба идомаи ҳамкории судманд доир ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафту газ аз Россия ба Тоҷикистон ва як қатор масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи ҳар ду ҷониб дар ин ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Мулоқоти сафир бо муовини  вазири корҳои хориҷии Туркманистон
Дар Ашқобод вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердиниёз Мятиев баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ, инчунин, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
 
 
Тақдими сипосномаи махсус ба  Кумитаи рушди сайёҳӣ
Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаи махсуси Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ - Qatar International Exhibition for Travel and Tourism – Qatar Travel Markt 2021 - тақдим гардид, - хабар доданд аз кумита.
Сипосномаи мазкур 18 ноябр барои танзими яке аз беҳтарин ғурфаҳои саёҳатӣ ва муаррифии шоистаи зарфиятҳои сайру саёҳат дар Тоҷикистон, имкониятҳои ҷалби сармоягузориҳо дар ин соҳа ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва зерсохтори хидматрасонии гардишгарон дар кишвар тақдим гардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1044
17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед