logo

Хабарҳо

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

Таҳти ҳамин унвон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва
65 – умин солгарди таъсисёбии нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» ҷаласаи тантанавӣ доир намуд.
Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ, аҳли нишастро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун маҳсуб меёбад.
Мавсуф, инчунин, тазаккур дод, ки нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» - и Донишгоҳи миллӣ манбаи хуби иттилоърасонӣ ба кулли устодону кормандон ва алоқамандони донишгоҳ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нашрия дар байни расонаҳои муассисаҳои Тоҷикистон аз лиҳози мавзуву муҳтаво мавқеи хосро дорост. 
Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, дар робита ба Рӯзи Парчам ва дастовардҳои варзишгарони мамлакат сухан ронда, зумрае аз ҷавонон, аз ҷумла Акмалиддин Каримовро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (12 -14 ноябр, Ӯзбекистон) ба ҳама рақибонаш пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид, бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадр кард. 
- Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз, зери Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд, -  гуфт Саъдӣ Маҳдӣ, директори Академияи ВАО.
 
Лола РИЗОӢ,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1257
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед