logo

Хабарҳо

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

 
Ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаю ташкилотҳо ва марказҳои деҳоти ноҳия чорабиниҳои бошукӯҳи идона баргузор мешаванд. Аз ҷумла,  дар яке аз қисмҳои низомии  Вазорати мудофиа дар минтақаи Рашт бо иштироки  гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва сарбозону афсарон  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 
Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, иброз дошт, ки Парчам рамзи давлату давлатдорӣ буда, шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиштагӣ, рушду нумӯ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ раҳнамун месозад. Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши халқ барои сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, гиромидошти эътибору манзалати он ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ба маънои ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
Зикр гардид, ки чорабиниҳои тантанавӣ ба хотири таҷлили ин санаи муҳими давлатдорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар дигар гӯшаю канори ноҳия ва қисмҳои ҳарбии он мунтазам ба роҳ монда мешаванд. Ҳамзамон, байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои шоҳмот, шашка ва футбол доир мегарданд. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаҳои таълимию миёнаи касбӣ вохӯриҳо гузаронда, дар онҳо доир ба аҳамияти   парчам, ки яке рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад, суханронӣ намуданд.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1430
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед