logo

Хабарҳо

Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд. 
Дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи таъини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ зоҳир шуд. Ҷонибҳо фаъолияти мусбати гурӯҳҳои кории топографии ду кишварро таъкид карданд.
Ба гуфтаи С. Муҳриддин Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки тавассути музокирот, дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабул ва бо назардошти манфиатҳои миллии худ масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад.
 
 
Густариши ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ
Дар давраи пандемия аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) мавриди амал қарор гирифт, ки самтҳои фаъолияти он - тақвияти иқтидори соҳаи табобати интенсивӣ ва эҳё, дастгирии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хавфу хатарҳои пандемия ва расондани кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ маҳсуб меёбанд.
Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар мулоқот бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хонум Фадия Саада, директори минтақавӣ оид ба рушди инсонии Бонки ҷаҳонӣ, иброз намуд. 
 
 
Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Мунео Такасака
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо Япония диққати махсус дода, ҳавасманди ба сатҳи нав баровардани ин ҳамкориҳо мебошад.
Ин нуктаро вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода дар мулоқот бо Такасака Мунео, роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон (JICA), иброз дошт. 
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шуда, аз соли 2002 то соли 2021-ум 119 донишҷӯ Донишкадаи давлатии забонҳоро бо ихтисоси тарҷумони забони ҷопонӣ хатм намудааст.
 
 
Дидори сафири Тоҷикистон  бо вазири фарҳанги Эрон
Дар Теҳрон дидори сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон
Бо мақсади татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон аз ҷониби ин созмон ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ расонда шуд.
Ёрии башардӯстона, ки барои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ захира мешавад, аз 600 кӯрпа, 600 болишт, 1200 кати хоб, дигар маводи зарурӣ, инчунин, маводи ғизоӣ иборат аст.
 
 
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 83,1 дарсад иҷро гашт
Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ ба 83,1 дарсад расид. Аллакай, зиёда аз 30 шаҳру навоҳӣ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд.
Нахустин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаро пурра иҷро карданд.
Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 96%, вилояти Суғд 77,3 ва дар вилояти Хатлон 75%-ро ташкил медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1311
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед