logo

Хабарҳо

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

Дар Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии дурӯза оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи "Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон" ташкил гардидааст, бо иштироки роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон, масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар баргузор гардид. 
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода татбиқи лоиҳаи "Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон"-ро дар самти беҳбуд бахшидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ муассир арзёбӣ намуда, зикр кард, ки пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти Бонки исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, барои кор шароити мусоид фароҳам омад. Қабули Қонуни мазкур заминаи ташаккул ва рушди фаъолияти Бонки исломиро дар кишвар муҳайё намуд, ки баргузории машғулияти омӯзишӣ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ аз он далолат медиҳад. 
Таъкид шуд, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии касбии ҷавонон ва малакаву маҳорати занон, дастгирии молиявии онҳо дар самти таъмин гардидан бо шуғли муносиб ва гирифтани даромад, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба маблағҳои арзон барои қисми осебпазири ҷомеа тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад. 
Дар чорабинӣ сардори раёсати иқтисод, банақшагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода доир ба ҷараёни татбиқи босамари лоиҳа ҳарф зада гуфт, ки барнома ба баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон мусоидат менамояд. 
Сармутахассиси шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкии БМТ Айёмуддин Азизов оид ба раванди амалишавии лоиҳа аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии иштирокчии барномаи мазкур, вобаста ба таърихи татбиқи бонкдории исломӣ, усулҳои маблағгузории исломӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин, истифодаи амалиётҳои муробаҳа ва салам дар кори ташкилотҳои қарзии молиявӣ сухан ронд. 
Ҳадаф аз баргузории машғулияти дурӯза шинос намудани иштирокчиён бо хизматрасониҳои бонкии исломӣ, мубодилаи маълумот вобаста ба қарздиҳии хурд тавассути амалиёти муробаҳа ва салам, роҳандозӣ намудани табодули таҷриба дар самти маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ва баррасии дастовардҳову мушкилиҳое, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рафти татбиқи Барномаи VOLIP рӯ ба рӯ мешаванд, маънидод гардид. 
Лоиҳаи "Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон" дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар амалӣ гардида истодааст. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1300
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед