logo

Хабарҳо

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

 
Лента.ру. Президенти Россия Владимир Путин  бо раиси Шурои Аврупо Шарл Мишел зимни суҳбати телефонӣ вазъи марзи Беларус ва Лаҳистонро баррасӣ кард, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Роҳбари Россия ва раиси Шурои Аврупо ба аҳамияти ҳалли буҳрони муҳоҷират дар заминаи ҳуқуқи башари байналмилалӣ таваҷҷуҳ карданд. Путин муътақид аст, ки таҳримҳои ҷоригардида алайҳи Беларус самарабахш нестанд. Илова бар ин, Путин ва Мишел вазъи Украина, Қариябоғ, Афғонистон ва Либияро баррасӣ намуданд. 
Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки иртиботи президентҳои Россия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко барои ҳалли буҳрони муҳоҷират кофӣ нестанд, зарур аст, ки равобити Минск ва Иттиҳоди Аврупо идома ёбад.
 
Президенти Ӯзбекистон  ва муовини Дабири кулли СММ амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Гаду Валиро, ки бо  сафари корӣ дар ин кишвар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо мушкилоти муосир ва таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ шуданд, -гуфт хадамоти матбуоти Сарвари давлати Ӯзбекистон. 
Дар ин сафар Гади Вали барномаи нави ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025-ро қабул кард, ки иҷрои чорабиниҳо ва лоиҳаҳои муштаракро дар панҷ самти афзалиятнок ба маблағи 90 миллион доллар пешбинӣ мекунад. Ба тағйирёбии вазъ дар минтақа, аҳамияти талошҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии буҳрони  гуманитарӣ дар Афғонистон ва расондани кумакҳо ба ин кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
 
Мишустин дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои СҲШ ширкат меварзад
ТАСС.  Сарвазири Россия Михаил Мишустин имрӯз дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ширкат хоҳад кард, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумат.
Қарор аст, роҳбарони ҳукуматҳо доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯбаи ин созмон баррасӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла, дар заминаи рафъи оқибатҳои он, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Ҷаласаро сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин  раисӣ мекунад.  Он дар пойтахти  Қазоқистон дар шакли видеоконфронс баргузор мегардад. Дар нишаст сарварони ҳукуматҳои Россия, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Ҳиндустон ва Покистонро вазирони корҳои хориҷӣ  намояндагӣ менамоянд. Беларус, Эрон ва Муғулистон, ки кишварҳои нозир мебошанд, низ ба ин кор ҳамроҳ мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1317
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед