logo

Хабарҳо

Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

 
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл ва ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен ҳамроҳ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо аз Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Мақсади боздид муаррифии захираҳои обӣ ва зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон барои ҳайати меҳмонон буд. Меҳмонон ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи абзорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба иброз намуданд.
 
 
Форуми аврупоии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ – 2021
24 - 26 ноябр дар шаҳри Матозинюши Португалия Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ - 2021 ҷараён мегирад. Дар форуми мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ширкат дорад.
Чорабинӣ аз ҷониби Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар ҳамкорӣ бо Идораи миллии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Португалия ва Комиссияи Аврупо ташкил шудааст.
Форум, як механизми муҳими мубориза бо хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо, ҳамчун платформа барои ҷонибҳои манфиатдор барои ба дӯш гирифтани масъулияти муштарак ва уҳдадориҳои амалӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ хизмат мекунад. 
Ҳамоиш имкон медиҳад, ки ҳукуматҳо ва коршиносон дар мавриди таҷрибаҳои андӯхтаи худ ва равишҳои инноватсионии пешгирӣ, коҳиш ва идораи хатарҳои офатҳои табиӣ табодули афкор намоянд. 
 
 
Ҷаласа оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми гурӯҳи кории  «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» оид ба натиҷагирӣ ва ҳадафҳои барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021 - 2025 дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, АМИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.
Оид ба ҳадафу вазифаҳои гурӯҳи  корӣ, ки дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст,  мушовирону коршиносони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо сухан гуфтанд.
 
 
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода  бо соҳибкорони Россия
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз кишвари Красноярски Федератсияи Россия, ки бо роҳбарии президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ Рафаэл Шагиев ба вилоят омаданд, мулоқот намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар вилоят наздик ба 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мегардад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ имкониятҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ фаровон буда, ҳар ду тараф метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштарак коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанд.
Маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Россия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерв, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд. Вилояти Суғд бошад, барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.
 
 
COVID-19. ЯГОН ҲОЛАТИ НАВ САБТ НАШУДААСТ
Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашуд. 
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд.
Дар маҷмуъ, аз оғози бақайдгирӣ то 24 ноябр дар кишвар 17095 нафар гирифтори сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 кас шифо ёфт. 124 нафар фавтид.
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1015
17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед