logo

Хабарҳо

Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

ТАСС. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар шабакаи телевизионии «Россия-1» дар барномаи «Москва. Кремл. Путин» гуфт, ки мо дар Озарбойҷон нақши Россияро барои ба эътидол овардани равобит бо Арманистон хеле мусбат арзёбӣ мекунем ва ман инро имрӯз дар мулоқот гуфтам. 
Дар изҳороти муштараке, ки қабул шуд, маҳз дар ин бора сухан меравад: дар бораи кушодани масирҳои нақлиётӣ, оид ба  иқдомҳо дар омода кардани кори комиссияи делимитатсия – ин ҳама мавзуъҳое ҳастанд, ки Озарбойҷон борҳо ба миён гузоштаву Россия ҳамвора пуштибонӣ  кардааст. 
Рӯзи ҷумъа дар Сочи музокироти сесоатаи  Президенти Россия Владимир Путин, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор шуд ва дар пайи он ҷонибҳо як изҳороти муштарак қабул карданд. Ҳамчунин, Сарвари давлати Россия бо роҳбарони ду ҷумҳурӣ мулоқотҳои ҷудогона анҷом дод.
 
 
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо «Толибон» мулоқот намуданд
Euro Asia Daily. «Ин муколама маънои эътирофи ҳукумати муваққатии Афғонистонро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоро надорад, балки як ҷузъи ҳамкориҳои фаврӣ ба манфиати Иттиҳоди Аврупо ва мардуми Афғонистон аст», - гуфта мешавад дар хабари матбуотии Хадамоти  сиёсати хориҷии Аврупо.
Ҳар ду ҷониб аз бад шудани вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон бо наздикшавии зимистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карданд. Ҳайати Иттиҳодияи Аврупо изҳор дошт, ки ИА ният дорад, дар асоси принсипҳои башардӯстӣ,  беғаразӣ ва бетарафӣ кумаки башардӯстонаро ба афғонҳои ниёзманд идома диҳад. 
“Дар ҳоле ки кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба рушди Афғонистон мутаваққиф боқӣ мемонад, ҳайати Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои  дар назар гирифтани кумакҳои молии қобили қабули таваҷҷуҳ  ба нафъи мардуми Афғонистон илова ба кумакҳои башардӯстона иброз кардааст», - иттилоъ медиҳад Хадамоти сиёсати хориҷии Аврупо.
  
 
Гутерриш: «Ишғоли ҳудудҳои Фаластин мушкилот барои амнияти байналмилалӣ аст»
ТАСС. Вазъияти ишғоли қаламрави Фаластин ҳамчунон мушкилоти сулҳу амнияти байналмилалӣ боқӣ мемонад, фаластиниёнро дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ бояд дастгирӣ кард. Дар ин бора дар паёми Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ки дар Твиттер нашр кардааст, гуфта мешавад. 
«Дар Рӯзи байналмилалии ҳамраъйӣ бо мардуми Фаластин, биёед  ҷонибдории худро барои кӯшиши фаластиниён ҷиҳати расидан ба ҳуқуқҳои худ ва бунёди  ояндаи  Фаластин бори дигар тасдиқ намоем», - зикр кард Гутерриш.
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пайваста қатъномаҳое қабул мекунанд, ки дар он амалҳои Исроилро маҳкум ва бас кардани ишғоли сарзаминҳои Фаластинро талаб менамоянд. Дар Шурои Амнияти СММ ИМА ба қабули чунин қатъномаҳо халал мерасонад.
 
 
Эрон, Озарбойҷон ва Туркманистон созишнома ба имзо расонданд
INTERFAX.RU.  Озарбойҷон, Эрон ва Туркманистон дар Ашқобод дар чаҳорчӯбаи 15-умин нишасти сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ тавофуқномаи сеҷонибаи мубодилаи интиқоли газро ба имзо расонданд. 
Ба гузориши хабаргузории Mehr, имзои ин санад бо иштироки  президентҳои Озарбойҷон, Эрон ва Туркманистон Илҳом Алиев, Иброҳим Раисӣ ва Гурбангулӣ Бердимухамедов сурат гирифт. Бар асоси ин созишнома, солона аз Туркманистон ба Озарбойҷон тавассути Эрон аз 1,5 то 2 миллиард метри мукааб газ интиқол дода мешавад.
Ин шартнома номаҳдуд аст. Иҷрои он аз 22 декабри соли ҷорӣ оғоз мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1344
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед