logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ

Суҳбати ихтисосии хабарнигори ҷамоавии рӯзномаи «Ҷумҳурият» Додоҷон РӮЗИЕВ  бо директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон СУЛТОНЗОДА
- Муҳтарам Сулаймон Саид, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 10 январ ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муқаррар гардидааст. Нахуст мехостем оид ба таъсиси мақомот, заминаҳои ҳуқуқӣ  ва  фаъолияти он ба хонандагони рӯзнома маълумот ироа намоед. 
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлатии кишвар дар самти мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда, дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ соҳиби нуфуз ва эътибори хосса гардид. Таъсиси ин ниҳоди махсусгардондашуда ва дар як муддати кӯтоҳ фароҳам овардани тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он нишонаи сиёсати қотеонаи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад. 
Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амалӣ гардонда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. 
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти шаффофу самараноки Агентӣ заминаҳои ҳуқуқии зарурӣ ва тамоми шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, хизматҳои кормандон мунтазам қадрдонӣ мешаванд.  Аз ҷумла, ҷиҳати фароҳам овардани мустақилияти зарурӣ ба ин ниҳоди навтаъсис, ки то тавонад вазифа ва уҳдадориҳои худро самаранок ва бе ягон таъсири номатлуб иҷро намояд, аҳамияти махсус дода, дар давраи амали он силсилаи қонунҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо таҳия ва тасдиқ шуданд. 
Пеш аз ҳама, бояд хотиррасон намуд, ки баъди таъсисёбии Агентӣ, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия тасдиқ шуда, давлати мо аъзои ин Конвенсияи бонуфузи байналмилалӣ гардид. Ҳамзамон, таъсиси Шурои миллии муқовимат ба коррупсия, дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, маротибаи сеюм таҳия ва қабул намудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, қабули қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», минбаъд дар таҳрири нав «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» ва дар ин замина ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда ва кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар қонунҳои ҷорӣ ҷиҳати шаффоф амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомот заминаҳои ҳуқуқии зарурӣ маҳсуб меёбанд.
 
- Тавре  мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст. Бигӯед, ки мақомоти Агентӣ барои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва амсоли инҳо чӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд?
- Масъалаи мавриди  таваҷҷуҳ, яъне пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот маҳсуб ёфта, дар Агентӣ ҷиҳати амалисозии фаъолият дар ин самт дар дастгоҳи марказӣ раёсат ва воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ шуъбаҳои алоҳида таъсис дода шудаанд. Воҳидҳои самти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, гузарондани чорабиниҳои пешгирикунанда ва, дар маҷмуъ, дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия аз давраи таъсисёбӣ то инҷониб фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мунтазам вохӯриҳо баргузор карда шуда, тавассути воситаҳои ахбори омма баромаду мусоҳибаҳо анҷом дода мешаванд. Бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ, корҳои таҳқиқу тафтишотӣ, ошкорнамоии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва таҳлили хавфҳои коррупсия ба вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунӣ ва ташкилоту муассисаҳо дастурҳои хаттӣ ва пешниҳодҳо ирсол гардида, дар натиҷаи баррасии ин санадҳои эътиноӣ ҳамаи ҳолатҳои коррупсионии ошкоргардида бартараф карда мешаванд. 
Барои ошкор ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиянамудаи вазорату идораҳо экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо гузаронда шуда, ҳангоми дар лоиҳаҳо ошкор шудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа пешниҳоду хулосаҳои зарурӣ ирсол мегардад. 
 
- Агентӣ бо кадом ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ ҳамкорӣ дорад?
- Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ мақомот дар асоси Нақшаи Истанбулии амалҳо бо Котиботи Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Нақшаи болозикр барномаи шарҳии минтақавии коллегиалӣ маҳсуб ёфта, амалисозии он соли 2003 дар доираи Шабакаи зиддикоррупсионӣ оғоз ёфтааст. 
Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бошад, Агентӣ аъзои  Шурои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (КСОНР)  мебошад. Маврид ба зикр аст, ки аз нимсолаи дуюми соли 2019 то моҳи декабри соли 2021 Агентӣ раисикунандаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои узви ИДМ буда, ҳамчун узви Котиботи Шурои мазкур ҳамоҳангсозиро дар ин самт ба таври зарурӣ роҳандозӣ намудааст. Гузашта аз ин, Агентӣ бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. 
Бо мақсади идомаи босамари муносибатҳои байналмилалӣ бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 – 23 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе 20-умин ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии ИДМ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои тафтиши давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва ҳамчун мушоҳид-намояндагон аз давлати Латвия иштирок карданд. 
Дар кишвари мо баргузор гаштани чорабинии мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо дигар давлатҳо бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, аз ҷумла бо ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти фаромиллидошта муборизаи беамон бурда, ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии кишвар, барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон чораҳои судмандро роҳандозӣ хоҳад кард.
Зимнан таъкид менамоям, ки 13 - 17 декабри соли 2021 дар шаҳри Шарм-уш-шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ҷаласаи 9-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва нишасти коршиносони мақомоти зиддикоррупсионӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Мусоидат ба рушди устувор тавассути дастгирии раванди татбиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар кишварҳои масири камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ ҳайати Агентӣ иштирок ва доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуд. Дар кори конфронс намояндагон ва шахсони воломақом аз 152 давлати узви СММ иштирок карданд.
 
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» соли 2020 дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба тасвиб расид. Бигӯед, ки фарқияти қонуни қаблӣ аз қонуни нав дар чист?  
- Воқеан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 25 июни соли 2005 қабул шуда, дар тули ин солҳо пайдоиши ҳолатҳои нави содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва тарзу усулҳои нави муқовимат ба он, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани қонуни мазкурро ба миён овард. 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» дар қиёс ба қонуни қаблӣ тафовути зиёд дошта, дар доираи як суҳбат шарҳу тавзеҳи ҳамаи онҳо вақти зиёдро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, мухтасаран мегӯям, ки дар сохтори қонуни амалкунанда  2 боб ва 18 моддаи нав илова шудааст. Ҳамзамон, таҳлили қиёси мавзуъ ва мафҳумҳои дарбаргиранда нишон медиҳанд, ки онҳо дар қонуни нав назар ба қонуни қаблӣ  мукаммал ва ҳаматарафа мушаххас шудаанд. Аз ҷумла, дар номи қонун калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки нисбатан мафҳуми васеътарро ифода мекунад, иваз карда шудааст. Зеро таҳти мафҳуми «муқовимат ба коррупсия» маҷмуи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи ҳолатҳои коррупсионӣ дар назар дошта мешавад. Инчунин, дар «моддаи 1» қонуни нав мафҳумҳои асосӣ васеъ ва мушаххас карда шуда, дар мафҳуми «-субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба коррупсия» мафҳуми шахси ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда возеҳ шарҳ дода шудааст. Ғайр аз ин, дар ин модда ду мафҳуми нав, яъне мафҳумҳои «пешгирии коррупсия» ва «хавфҳои коррупсионӣ» илова шудаанд.
Дар Қонуни мазкур «Боби 2», яъне «Ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия» боби нав буда, дар он моддаи 5 «Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия», моддаи 6 «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия», моддаи 8 «Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда», моддаи 9 «Ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда», моддаи 10 «Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд», моддаи 11 «Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд» ва моддаи 13 «Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия» илова гардидаанд. Яъне, бо иловаи ин боб «Субъектҳои муқовимат ба коррупсия» ба «субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда» ва «субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд» ҷудо карда шуда, ваколатҳои онҳо дақиқ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар қонуни амалкунанда ба масъалаи пешгирии коррупсия, ки аз рӯи таҷриба яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад, диққати махсус дода шуда, «Боби 3» пурра ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Дар боби мазкур дар қиёс ба қонуни қаблӣ 6 моддаи дигар, яъне моддаи 15 «Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он», моддаи 16 «Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ», моддаи 17 «Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ», моддаи 18 «Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ», моддаи 19 «Мониторинги зиддикоррупсионӣ» ва моддаи 20 «Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва чораҳои иловагии пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ илова шудаанд.
- Бигӯед, ки самтҳои асосии барномаи нави зиддикоррупсионӣ, яъне Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия аз чиҳо иборатанд?
- Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ шуд. Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалии муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Самтҳои асосии Стратегия асосан ба мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҳлили мунтазами вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд, тақвият бахшидани пешгирии коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳое, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд, равона гардидаанд.
-  Барои тарғибу ташвиқи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ боз кадом чораҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 декабри соли 2019 дар мулоқоте, ки зимни ифтитоҳи бинои нави дастгоҳи марказӣ бо кормандони Агентӣ анҷом доданд, дар баробари дигар дастуру супоришҳои мушаххас таъкид доштанд, ки барои фаъолияти мақомот, қабл аз ҳама, пешгирии содиршавии амалҳои коррупсионӣ самти афзалиятнок дониста шавад.  Кормандони Агентӣ бо мақсади таъмини иҷрои бемайлони ин дастури Сарвари давлат ҷиҳати дарёфти роҳҳои бештари пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, коркард ва ба амал баровардани чорабиниҳои иловагӣ  мунтазам чораҷӯӣ менамоянд.
Ҳоло Агентӣ ба истиснои 9 ҳолати чораҳои пешгирии коррупсия, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»  муқаррар карда шудааст, иловатан татбиқи чораҳои дигари пешгирикунандаро, ки дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 давра ба давра ва зина ба зина пешниҳод гардидааст, ба нақша гирифта, дар маҷмуъ, ҷиҳати коҳиш додани сатҳи коррупсия ва решакан кардани он гузарондани чорабиниҳои зиёди пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсиониро, аз қабили азнавтаҳлилкунӣ ва азнавбаҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ташкили гурӯҳҳои мақсаднок ва ғайра дар мадди назари аввал гирифтааст. 
Воқеан, суҳбати мо дар масъалаи муқовимат ба коррупсия ва ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ки вобаста ба намуд ва тарзу усулҳои содиршавӣ мафҳуми ниҳоят васеъро дар бар мегирад, агар ҷузъан шарҳ дода шавад ҳам, вақти тулониро тақозо мекунад. Бояд гуфт, ки дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гаронеро ба бор овардааст. Зуҳур кардани он дар дилхоҳ шакл боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсон мегардад ва аз ин рӯ, муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2022    №: 9    Мутолиа карданд: 1239
17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед