logo

Хабарҳо

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти барои сокинон муҳим, аз ҷумла хобгоҳ ва бинои мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия, шинос шуд. 
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, бинои мазкур барои беш аз 400 хонанда пешбинӣ гардида, дар як маврид дар шафати ин бинои таълимӣ бунёду сохтмони хобгоҳ барои 480 нафар, нуқтаи тиббӣ, ошхона ва ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Эҳёи Сомониён» бо маблағгузории ташкилоти хайриявии «Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд мегардад. Масоҳати ҷойгиршавии бинои таълимӣ аз 3 гектар иборат буда, дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гирду атрофи бино бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зиннат дода мешавад. 
Қурбон Ҳакимзода ба масъулон дастур дод, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Инчунин, дар ҳамин замина ба масъулон супориш дод, ки то ба итмом расондани иншоот заминҳои корами гирду атрофи онро сарфакорона истифода бурда, кишту кор намоянд. 
Инчунин, дар заминаи вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар ноҳияи Вахш Коллеҷи аграрӣ бунёд мегардад. Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи мазкур ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. 
Ҳамчунин, раиси вилоят дар деҳаи Иттифоқи деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои таълимӣ, ки барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст ва бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад, дидан намуд.
Дар доираи татбиқи Солҳои рушди саноат дар деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ бунёди корхонаи нассоҷӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Дар ҳолати бунёд ва ба истифода супурдани ин корхона 460 сокини маҳал бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом на танҳо дар рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулот замина мегузорад, балки дар беҳдошти рӯзгори сокинон низ мусоидат мекунад. Дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар сехҳои истеҳсолии корхона насб мешаванд, аз хориҷи кишвар дастрас мегардад ва имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир фароҳам меояд. 
Иқдомҳои бунёдкорона дар ноҳияи Вахш дар заминаи татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар идома дорад ва ин ободкориҳо боиси рушди соҳаҳои мухталиф мегарданд.
 
Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 849
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед