logo

Хабарҳо

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

Мир24. Дар Париж маросими пӯшидашавии осори таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор шуд. Дар он бозёфтҳо аз ёдгориҳои маъруфи таърихии ҷумҳурӣ, бахусус Саразм, ки таърихи шашҳазорсола дорад ва Тахти Сангин ба маъраз гузошта шуда буданд.  Дар чорабинӣ сиёсатмадорон, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Фаронса ширкат доштанд. 
Дар анҷоми маросим ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори Осорхонаи ҳунарҳои дастии осиёии «Гиме»-и Париж Софи Макариу ва  нигаҳбони коллексияи Осорхонаи Чин ва Осиёи Марказӣ Валерий Залески бо ордени "Дӯстӣ" қадр шуданд.
 
Боздошти даҳҳо террорист дар яке аз шаҳрҳои Қазоқистон
Лента.ру. Дар шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон 27 террорист боздошт гардид. Дар вилояти Қизилурда бошад, 225 нафар дастгир шуд. Дар  ҷумҳурӣ шумораи боздоштшудагон ба ҳазорҳо нафар  мерасад.   
Дар кишвар амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Қизилурда 50 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 9 далели вайрон кардани ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст. Неруҳои посдори сулҳ аз кишварҳои узви СААД  ба афсарони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар танзими вазъ кумак мекунанд. Онҳо бо даъвати Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба ин кишвар омаданд. Неруҳои СААД биноҳои ҳукуматиро дар ҳоле посбонӣ мекунанд, ки неруҳои маҳаллӣ бевосита дар мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ машғуланд.
 
 
Неруҳои СААД як қатор иншооти стратегии Қазоқистонро посбонӣ мекунанд
ТАСС. Неруҳои посдори сулҳи СААД як қатор иншооти стратегиро дар Қазоқистон посбонӣ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷамъбасти нишасти ситоди фаврӣ хабар дод. 
«Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои мусаллаҳ ҷиҳати барқарор намудани тартибот ва қонун дар кишвар тадбирҳо андешида, риояи ҳолати фавқулода дар минтақаҳо таъмин мегардад. Нуқтаҳои гузаргоҳҳо таъсис ёфта, як қатор иншооти стратегӣ барои посбонӣ ба ихтиёри Неруҳои посдори сулҳи кишварҳои узви СААД супурда шуданд», - омадааст дар хабар.
Тавре хадамоти матбуот зикр мекунад, сохторҳои қудратӣ «тозакунӣ»- и маҳаллаҳоро идома медиҳанд. Ҷиҳати пайдо ва боздошти террористон, ҷамъоварӣ ва ҳуҷҷатгузории заминаи далелҳо чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.
 
 
 
Ҳайати Россия барои ширкат дар музокирот бо ИМА вориди Женева шуд
RT. Ҳайати байниидоравии Россия барои ширкат дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи кафолатҳои амниятӣ вориди Женева шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Россия хабар додааст.
Ҳайати Россияро муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков роҳбарӣ мекунад. 
Тавре қаблан Рябков изҳор дошта буд, ҳайати Россия Женева ба хотири он  меравад, ки тамоми шартҳои гузоштаи Россия оид ба кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА қабул гарданд.
 
 
Токаев 16 корманди ҳифзи ҳуқуқро баъд аз марг қадр кард 
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 16 низомӣ ва афсарони полисро, ки дар ҷараёни амалиёти густурдаи зиддиҳукуматӣ кушта шуданд, пас аз маргашон бо мукофотҳои давлатии ордени  «Шуҷоат» дараҷаҳои дуюм ва сеюм, инчунин, медалҳои «Барои шуҷоат» қадр кард, - хабар медиҳад сомонаи маъмурияти Роҳбари Қазоқистон.
Қосим-Жомарт Токаев барои қурбониёни бетартибиҳо 10 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Сарвари давлат ҷаласаи ситоди фаврӣ доир намуда, дастур дод, ки ба барқарорсозии инфрасохтори минтақаҳо пас аз ҳамлаҳои террористӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 684
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед