logo

иқтисод

БАДАХШОН. РОҲҲОИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, ба рушди соҳаи роҳдорию роҳсозӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Махсусан, солҳои истиқлолият вилоят куллан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, сифати роҳҳо батадриҷ беҳтар гардид. Дар ин бобат Далер Мукаррамшоев, сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и ВМКБ чунин ибрози назар намуд:
- Тайи солҳои истиқлолият дар комплекси нақлиёти автомобилии вилоят бо ҷалби сармояи хориҷӣ  ва ҳиссагузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 96,1 миллион доллари ИМА татбиқ гардида, 104,4 км роҳҳои байналмилалӣ ва 8 пул сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории шарикони рушд дар вилоят 6 пул бо дарозии умумии  584,9 метр ба маблағи 4685,4 ҳазор доллари ИМА мавриди истифода қарор гирифт. Дар баробари ин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, қитъаи Шурообод – Шоҳон бо дарозии 40 км ва 10 пул ба маблағи 92,9 миллион доллари ИМА мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тибқи лоиҳаи дигар дар ин қитъаи роҳ ба маблағи умумии 193,7 миллион доллари ИМА 144,4 километр роҳҳо азнавсозиву бунёд шуданд. Лоиҳаҳои сохтмони қитъаҳои Кӯлоб – Шурообод бо дарозии 32 км ва қитъаи Шкев – Қалъаи Хумб бо дарозии 26 км бо маблағгузории Бонки исломии рушд ба итмом расиданд. Ҳамзамон, ҷиҳати таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ то марзи ноҳияи Рӯшон корҳои лоиҳакашию кофтуковӣ идома доранд.
Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоя-гузорӣ маблағҳои буҷетие, ки барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард равона мешаванд, сол то сол афзуда, дар қиёс ба солҳои 1993 ва 2000, мутаносибан 72 ва 32 маротиба зиёд шудаанд. Давоми 30 соли истиқлолият барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои вилоят 94,4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Танҳо соли 2020 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят 13151,9 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, ки ин нисбат ба 3 соли пеш ба андозаи 22,6 дарсад зиёд аст.
Инчунин, аз ҳисоби маблағгузориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Танҳо барои мавсими зимистонгузаронии имсола аз ин ҳисоб зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири ҷории роҳҳо 266,6 ҳазор сомонӣ масраф шуд. 
Аз ҳисоби маблағгузориҳои асосии Вазорати нақлиёт тавассути “Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода” бошад, барои корҳои сохтмонӣ дар панҷ иншооти пешбинишуда 2450 ҳазор сомонӣ равона гаштааст. Аз ҳисоби маблағгузории таъмири асосии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор иншоот ба маблағи 631,4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд.
Дар ин муддат ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят тариқи бар-номаҳои сармоягузорӣ ва кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 техникаву механизмҳои нави роҳсозӣ дастрас гардиданд. 
Дар солҳои аввали истиқлолият дар вилоят ҳамагӣ 3 муассисаи нақлиётӣ амал мекард. Тайи 30 соли охир бошад, дар вилоят 20 муассисаву корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 3 муассисаи нақлиётӣ, 10 терминали мусофирбарӣ ва 7 терминали боркашонӣ ташкил шуданд. Дар ҳудуди вилоят баҳри таъмини талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои нақлиёти мусофирбар 66 хатсайр фаъолият менамояд, ки аз ин 35 наздишаҳрӣ, 29 байнишаҳрӣ ва 3 шаҳрӣ мебошанд. 
Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ мусоидат намуда, вилоятро аз як гӯшаи муддати тулонӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарордошта ба минтақаи гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ мубаддал гардонд. Феълан, тариқи роҳҳои вилоят тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии Қизиларт, Қулма ва 4 пул аз болои дарёи Панҷ интиқоли байналмилалии боркашонӣ ва мусофиркашонӣ ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба мавқеи ҷуғрофии вилоят сар задани офатҳои табиӣ дар роҳҳо бисёр ба назар мерасад, ки ин ҳолат ба сатҳи нигоҳдорӣ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард монеаи зиёд эъҷод мекунад. Новобаста аз ин, бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии вилоят доимо дар сатҳи хуби корӣ қарор доранд. Айни ҳол дар масири роҳҳои вилоят аз даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз сар карда, то охирин нуқтаҳои ноҳияҳои Мурғобу Дарвоз зимистони сербарф ҳукм меронад. Вале, бо ҷидду ҷаҳди роҳсозон роҳҳо дар ҳамаи самтҳои вилоят кушодаанд. Муассисаҳои нигаҳдории роҳҳо аз техника ва дигар лавозимоти зарурӣ, мисли сӯзишворӣ, қуму намак пурра бархӯрдор буда, ҳаракати мунтазами нақлиётро дар ҳамаи самтҳои вилоят таъмин менамоянд.
Ҳамаи ин пешравиҳо шаҳодати ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳа буда, сол ба сол беҳтар гардидани сатҳу сифати роҳҳои ҳудуди вилоят бармало ба мушоҳида мерасад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2022    №: 33    Мутолиа карданд: 830
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед