logo

иқтисод

«ДАҲКАТСОЙ – ДАҲАНАСОЙ». ШАБАКАИ ОБЁРИИ ЯХБАСТА КАЙ ОБ МЕКУШОЯД?

 
Бо татбиқи лоиҳаи хатти оби «Даҳкатсой – Даҳанасой» 6 ҳазор гектар замини деҳоти Росровуд, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ ва Муҷуми ноҳияи Деваштич шодоб гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ду – се маротиба меафзояд. Аз ҷумла, майдони кишти картошка 2 – 2,5 ҳазор гектар зиёд ва вазъи мелиоративии беш аз 13 ҳазор гектар замин дар шаҳраки Ғончӣ ва деҳоти Ғазантараку Яхтан беҳ мегардад. Аммо, мутаассифона, солҳост амалисозии лоиҳа ба таъхир афтодаву кишоварзон барои истифодаи ин имконият дасткӯтоҳанд. 
Деваштич аз ноҳияҳоест, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ иқтидори фаровон дорад. Сол ба сол аз ҳисоби кофтани чоҳҳои амудӣ майдони кишти картошка, сабзавот, полизиҳо зиёд шуда истодаанд. Вале бо вуҷуди заминҳои фароху мавҷудияти қувваи кофии корӣ ва тухмии хушсифат, ҳамоно танқисӣ аз оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мондааст. Бахусус, дар мисоли сохтмони хатти оби «Даҳкатсой – Даҳанасой». 
«Лоиҳаро чанд сол пеш пешниҳод намудем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоят ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро барои татбиқи он муваззаф намуданд. Лоиҳа ба Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 – 2020 низ ворид шуда буд. Ҳамчунин, шомили объектҳои ҷашние буд, ки мебоист бахшида ба ҷашни истиқлолият бунёд меёфтанд. Аммо он миёни обу ҳаво муаллақ монд. Ахиран, гуфтанд, ки аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, лекин то ҳол аз он ному нишоне нест», - гуфт Абдумалик Ҳодиев, муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳия. 
Ба таъкиди ӯ, дар сурати амалишавии лоиҳа аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ истеҳсоли картошка 80 – 100 ҳазор тонна меафзояд. Номбурда муътақид аст, ки аз ҳисоби ҳосили картошкаи моҳҳои сентябр – октябр метавонанд норасоиро дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз миён баранд. Аз ҷиҳати сифат бошад, картошкаи Деваштич беҳтарин аст. Фарзи мисол, картошкае, ки дар деҳаи Овчӣ истеҳсол мегардад, бо маҳсулоти кишварҳои минтақа рақобат карда метавонад. Картошкаи он дар баландии 2200 – 2500 километр аз сатҳи баҳр мерӯяд ва ба ҳамин хотир аз зарари гамбусаки колорадоӣ эмин мемонад. 
Ҳамзамон, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар шароити маҳал беҳтарин навъҳои тухмии ватанӣ, аз қабили «Нуринисо», «Овчии Ғончӣ», «Ғончӣ», «Азизӣ», «Шукрона»-ро ба вуҷуд овардаанд, ки кишоварзон ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 350 – 500 сентнер ҳосил мегиранд. Ғайр аз ин, бо тухмиҳои хориҷии «Аладдин», «Пикассо», «Монолиза», «Моддия» рақобатпазиранд. 
Вале бунёди шабакаи обрасонӣ, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ба нақша гирифта шуда буд, то ҳол тул мекашад. Иллати асосӣ норасоии маблағ арзёбӣ мешавад. 
Дар робита ба ин, зимни нишасти охир дар посух ба саволи мо Муҳаммади Амриддин, сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ, кумаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, иброз дошт, ки барои татбиқи лоиҳа маблағ ҷудо гардидаву соли ҷорӣ корҳо оғоз мешаванд. Аммо мушаххасан нагуфт, ки ҳаҷми маблағ чӣ қадар асту корҳо кай анҷом мепазиранд. 
Агар ин сухан ҳам танҳо ваъда боқӣ намонад, билохира орзуи чандинсолаи кишоварзони ноҳияи Деваштич ҷомаи амал мепӯшад. Ба ин васила, дар шароите, ки истифодаи самараноки ҳар порча замин аҳамияти беш аз пеш касб кардааст, ҳам дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегиранду ҳам садҳо ҷойи кори нав фароҳам меояд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2022    №: 34    Мутолиа карданд: 1356
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед