logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ УМУМИБАШАРӢ

ҲАРОРАТИ ҲАВО БАЛАНД МЕШАВАД
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, тайи даҳсолаҳои ахир вазъи ҳавои кишвар хеле тағйир ёфтааст. Аз ҷумла, фасли зимистон сол ба сол гарм омада, боришот ғайримуқаррарӣ кам шудаанд. Ин матлабро ҳангоми ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева иброз дошт. 
Ба гуфтаи ӯ, тағйирёбии иқлим аз ҳисоби дигаргуншавии ҳаракати анбӯҳи ҳаво ва ҷараёнҳои атмосферӣ, аз ҷумла ихроҷ шудани гази зарарноки карбон, ба амал меояд. Тағйирот, аллакай, чанд даҳсолаҳо мушоҳида мешавад. Масалан, солҳои 60-ум, ки сербарфтарин ба ҳисоб мераванд, барфу борон аз меъёр зиёд бориданд. Танҳо баъди муддати тулонӣ, яъне соли 2008, чунин воқеа такрор шуд. 
Ҳоло таҷҳизоти пешқадамтарини ҷопониву амрикоӣ аз мунтазам баланд шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ  менамоянд, ки ташвишовар аст. Мувофиқи онҳо, дар муқоиса ба солҳои 1961 – 1990 соли 2030 ҳарорати миёнаи солона дар тамоми манотиқи мамлакат 0,2°C – 0,4°C баланд мешавад. Ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳӣ назар ба даштҳо ва минтақаҳои хушк бо суръати тезтар баланд мегардад. 
 
ТАЛАФОТ БЕШ АЗ 600 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Ба андешаи олимон, сатҳи баланди ҳарорати ҳаво бештар ба соҳаҳои ба иқлим ҳассос, монанди захираҳои  об, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, таъсир мерасонад. Пиряхҳо ва захираҳои барф дар ҷумҳурӣ, ки манбаи асосии оби ирригатсионианд, аз ҳама бештар осеб мебинанд. Тахминан, 30 дарсади қабати ях аз соли 1930 талаф ёфта, айни замон суръати обшавии пиряхҳо солона 0,5 – 0,8 дарсадро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки бар асари гармшавӣ бузургтарин пиряхи Тоҷикистон – Федченко 1 километр кӯтоҳ шуда, пиряхҳои начандон калон дар сатҳи поёнӣ бо суръати бесобиқа об мегарданд. 
Хушксолӣ, ки дар натиҷаи дигаргуншавии иқлим ба амал омадааст, ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок –кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ дорад. Нишондиҳандаҳои баландтари бухоршавии об, пеш аз ҳама, ба кам шудани заминҳои обёришаванда, паст гардидани ҳосилнокӣ ва истеҳсолот, инчунин, талафоти чорво оварда мерасонад.
Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки талафоти солона аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ 600 миллион доллар ё 4,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад.
 
ТАДБИРҲОИ КИШВАРИ ТАШАББУСКОР
Маҳз бо назардошти муҳимияти масъалаи тағйирёбии иқлим, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла обу пиряхҳо, даъват намуданд, ки хуш пазируфта шуд. Дар доираи ташаббусҳои кишварамон, тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мамлакат таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 1 то 12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор гардид, ширкат варзид. Дар он иштирокдорон раванди иҷрои талаботи Конвенсия ва Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Саҳми миллии муайянгардида (NDC)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ чорабиниҳои Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим дастгирӣ ёфт ва масъалаҳои кушодашавии Дафтари минтақавии созмони мазкур дар шаҳри Душанбе муҳокима шуданд. Айни замон, вобаста ба ин масъала, Вазорати корҳои хориҷӣ хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдорро ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд.
 
КАМ КАРДАНИ ПАРТОВИ МЕТАН ВА ҶУБРОНИ ЗАРАР 
Ҳадафи асосии кишварҳои аъзои Созишномаи Париж то соли 2030 коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мебошад. Кишвари мо дар ҳаҷми умумии хориҷкунии газҳои карбон дар сатҳи глобалӣ ҳиссаи кам дорад, аммо дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи зарурати зиёд кардани ёрии молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки, аллакай аз таъсири дигаргуншавии иқлим зарар мебинанд, дар конфронси байналмилалӣ аз мавзуи меҳварӣ буд. 
Тавре дар сомонаи “Еnviromant” омадааст, маблағи ёрии молиявӣ 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он бояд ҳамасола ба кишварҳои осебпазир ҷудо шавад. 
Ҳамзамон, кишварҳои ҷаҳон бори аввал дар сатҳи глобалии иқлим дар хусуси кам кардани истифодаи ангишт низ гуфтанд. Беш аз 40 кишвари ҷаҳон изҳор дошт, ки аз истифодаи он даст мекашанд, вале бузургтарин масрафкунандагони ин сӯзишворӣ дар ҷаҳон, назири Чин ва Амрико, ба ин иқдом ҳамроҳ нашуданд. Онҳо танҳо эълон доштанд, ки барои коҳиши партовҳои метан то соли 2030 (30 дарсад аз сатҳи соли 2020) тадбирҳо меандешанд, чун кам кардани метан яке аз роҳҳои муассиртарин барои коҳиши босуръати гармшавии глобалӣ ҳисобида мешавад.
Дар кишвари мо айни замон барои мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим чандин лоиҳаҳои дохиливу хориҷӣ амал мекунанд, ба мисоли лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)”.  Дар доираи лоиҳаи мазкур соли гузашта барои муҷаҳҳазгардонии шабакаҳои мушоҳидавӣ ва обуҳавошиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7 стансияи худкори ҳавосанҷӣ ва 16 стансияи худкори санҷиши сифати ҳаво мавриди истифода қарор гирифтанд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2022    №: 34    Мутолиа карданд: 868
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед