logo

иқтисод

ХУҶАНД. ШАҲРЕ, КИ РӮ БА ШУКУФОӢ ДОРАД

Шаҳри Хуҷанд аз файзи истиқлоли давлатӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад. Заҳмати сокинони сарбаланд самараи дилхоҳ ба бор меоварад ва натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии порсола мисоли равшани ин гуфтаҳоянд. 

 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва заҳматкашони шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт нигаронда шудаанд, пайваста тадбирҳои зарурӣ  меандешанд.
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки меҳнаткашони шаҳр соли гузашта тараққиёти аксар соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин карданд. Чунончи,  нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 105 дарсад иҷро гардида, ба  ҷойи 235 миллиону 747 ҳазор сомонӣ ба буҷет 247 миллиону 569,5 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 11 миллиону 822,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ низ афзуд. 
- Яке аз самтҳои афзали фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии мамлакат аст. Масъулону мутахассисони соҳа ва соҳибкорони шаҳр то чи андоза аҳамияти бузург доштани саноатикунониро дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки порсол иқтидори соҳа тақвият ёфта, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 176 расид. Онҳо дар ин давра ба маблағи 632,6 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 77,3 миллион сомонӣ беш аст. 
Дар самти содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ қадаме ба пеш гузошта шуд. Соли гузашта ба маблағи беш аз 350 миллион сомонӣ маҳсулот содирот гардид. Маҳсулоти саноатӣ, асосан, аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шуданд. 
Ҷиҳати расондани ёрӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Ҳоло дар шаҳр 43 ятим, 1349 ним-ятим ва 4027 оилаи ниёзманд аст, ки таҳти парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд. Ҷиҳати дастгирии гурӯҳҳои осебпазир аз тарафи сарпарастон ба ҳафт муассисаи иҷтимоӣ дар арафаи Иди Наврӯз ва дигар ҷашнҳо ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонда шуд. Инчунин, дар арафаи Иди Наврӯз ба 37 собиқадори меҳнат, шаҳрванди барӯманд ва шахсони фаъоли шаҳр, дар маҷмуъ, 18500 сомонӣ (ба ҳар кадоме 500 сомонӣ) супурда шуд. Соли рафта ҳаҷми маблағи аз буҷети маҳаллӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудошуда 5 миллиону 45,9 ҳазор сомониро ташкил дод. 
Дар сиёсати Ҳукумати кишвар рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои иловагӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати донишандӯзии хонандагон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.  Ҳоло дар шаҳр 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 гимназия, 5 литсей, 13 мактаби хусусӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ, мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият намуда, дар онҳо беш аз 2500 омӯзгор ба 447 ҳазор хонанда дарс медиҳад.  
Порсол баҳри таҳкими соҳаи маорифи шаҳр бинои иловагӣ дар назди МТМУ № 5, кӯдакистони №35, кӯдакистонҳои хусусии “Меҳросо” барои кӯдакони ятим ва нимятим дар маҳаллаи Бофанда ва “Хуршеди Истиқлол” дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз, “Мактаби Пӯлодов”, инчунин, “Мактаби Оксфорд” қомат афрохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, азнавсозии бинои МТМУ № 28 идома дорад. Илова бар ин, дар шаҳр панҷоҳ муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла сию се кӯдакистони давлатӣ, ҳабдаҳ кӯдакистони хусусии «Дилоро», «Афсона», «Навбаҳор», «Офтобак», «Маркази омӯзиш - Академияи бачагона», «Раҳнамо», «Раҳматулло», «Гули Ҳаёт», «Суғдиён», «Ҷаҳони орзу», «Ҳушёрак», «Парвози тобон», «Андалеб», “Хуршеди Истиқлол”, “Меҳросо” ва  “Оксфорд” фаъолият менамоянд. Инчунин, соли гузашта ҳабдаҳ кӯдакистони хусусӣ бо саҳмгузории соҳибкорон бунёд гардид. 
Шаҳри Хуҷанд бо табиати зебо барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои фаровон дорад. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар масъалаи рушди туризм нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бо мақсади омӯзиши мавзеъҳои сайёҳӣ ва муаррифии бештари онҳо тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. 
- Дар шаҳр шасту ду ёдгории таърихию археологӣ, шаҳрсозиву меъморӣ, санъат, шонздаҳ нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангу металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон, чордаҳ меҳмонхона барои қабули меҳмонон, даҳ муассисаи сайёҳӣ, назири ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон - тур”, “Панҷистон”, филиали ҶДММ “Вояжтур”, филиали ҶДММ “Шоҳинтур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” дар хизмати сайёҳонанд, - гуфт Фирдавс  Шарифзода ва илова кард: - Соли рафта зиёда аз 12,5 ҳазор кас, аз ҷумла беш аз ду ҳазор сайёҳи хориҷӣ, аз мавзеъҳои табиии сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ дидан карданд. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифии захираҳои сайёҳии кишвар дар лавҳаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои сайёҳӣ насб шудаанд. 
Соли гузашта бо мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани бекорон аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шонздаҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар онҳо корхонаву ташкилот, муассиса ва корфармоён ба корҷӯён 173 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Аз ин ҳисоб, 133 сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва нафарони зиёд барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. 
Порсол ба шуъбаи агентӣ барои пайдо намудани ҷойи кор 4861 шаҳрванд муроҷиат карда, аз онҳо 2424 кас, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ, 1934 корҷӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, бонкҳо, савдою хизматрасонӣ, сохтмон ва ғайра бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид. Дар баробари ин, 120 эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷойи кор пайдо кард. Давоми сол сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатгашта ва нафарони аз маҳбас озодшуда аз тарафи шуъба ба маблағи 133 ҳазор сомонӣ ёрипулӣ гирифтанд.
Ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳа бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар шаҳр беш аз сесад иншооти варзишӣ амал менамояд, аз ҷумла шаш мактаби варзишӣ, фаъолият дорад, ки дар он 123 мураббӣ аз рӯйи 29 намуди варзиш ба беш аз панҷ ҳазор нафар тамрин медиҳад. Ҳоло дар шаҳр 67 толор ва 180 майдончаи варзиш мавҷуд аст. Соли сипаригардида, дастпарварони мактаби варзиши шаҳр дар мусобиқаҳои дохилию шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар маҷмуъ, 2285 медал ба даст оварданд. 
- Беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии масъулияти сокинон бори дигар эътимоди моро устувор месозад, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба гулгулшукуфии диёрамон муваффақ хоҳем шуд,- гуфт дар охир Фирдавс Шарифзода.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2022    №: 35    Мутолиа карданд: 1546
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед