logo

иқтисод

«АЗОТ» БА КОР МЕДАРОЯД. ТО МОҲИ СЕНТЯБР ДАР МАМЛАКАТ СЕЛИТРАВУ КАРБАМИД ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД

Солҳои охир деҳқонони кишвар аз нуриҳои минералӣ, бахусус селитраву нитроаммофоси воридотии Россияву Қазоқистон ва Ӯзбекистон, истифода мекунанд. Соли 2020 дигарбора  Ҳукумати кишвар барои барқарорсозии корхонаи маъруфи истеҳсоли ҶСК «Азот» сармоягузорони ватанию хориҷиро ҷалб намуд. Моҳи марти соли гузашта ширкати ватании ҶДММ «Осиё Кемикал» дар асоси озмун ба эҳё ва пардохти қарзҳои кредитории он оғоз намуд. Айни замон дар ҷараёни барқарорсозии корхона 500 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин аст. 
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қарзҳои корхона қариб пурра пардохт гашта, таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷи кишвар оварда шудаанд. 
- Танҳо насби технология ва таҷҳизоти нави корхона 205 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз 26,8 миллион сомонӣ қарзҳои он 23 миллионаш пардохт  гардид. Қарор аст, корхона то моҳи сентябр, яъне дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба кор дарояд, – иброз дошт ӯ. 
Ба гуфтаи Ҷавоҳирлал Музаффарӣ, директори КВД “Тоҷинвест”, корхона мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар марҳалаи аввал солона  100 – 115 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол хоҳад намуд. 
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат,  талаботи солонаи кишоварзони ҷумҳурӣ ба нуриҳои минералӣ қариб 600 ҳазор тонна аст, ки айни замон фақат аз хориҷи кишвар ҳамагӣ наздики 200 ҳазор тоннаи он ворид мешавад.   Ба андешаи  Ҷалил Пиризода, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзӣ, ин эҳтиёҷоти  кишоварзон  ҳар сол ба маблағи қариб 50 миллион доллари ИМА аз хориҷа оварда мешавад.  
ҶСК «Азот» дар аҳди Иттиҳоди Шуравӣ  барои соҳаи зироаткории мамлакат карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ тавлид менамуд. Вале тайи солҳои ахир ба иллати муфлисшавӣ аз кор монд. Дар ҷои дигар ҳам корхонаи нуриҳои минералӣ бунёд наёфт ва  эҳтиёҷоти деҳқонон аз хориҷи кишвар, вале бо арзиши баланд қонеъ мегардад. 
Баҳодур Мирзоев, кимиёшинос, бар ин назар аст, ки ашёи хоми ватанӣ барои истеҳсоли маводи гуногуни минералӣ фаровон буда, дар корхонаи «Азот» қисме аз  он коркард  мешавад. Ӯ мегӯяд, ки ба ғайр аз «Азот», мо имкон дорем, ки бо истифода аз захираҳои фосфордори ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Панҷакент корхонаи дигар бо иқтидори зиёд ва ҳам истеҳсолкунандаи маҳсулоти баландсифат бунёд намоем. 
Агарчи моҳи сентябр ба кор оғоз намудани корхонаи мазкур дертар аз авҷи кишту парвариши зироатҳо сурат хоҳад гирифт, аммо ин барои бардоштани ҳосили кишти дуюм такони ҷиддӣ мебахшад. Солҳои минбаъда фаровонии маводи минералӣ дар мамлакат имкон медиҳад, ки кулли кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили баланд аз он истифода кунанд. Зеро айни замон нисфи кишоварзон аз сабаби баланд будани нархи нуриҳои минералии воридотӣ  аз он ба таври зарурӣ истифода карда наметавонанд. Ҳамчунин, пастсифатӣ ва номуайянии таркиби маводи минералии воридотӣ ба заминҳои кишоварзии мамлакат таъсири манфии худро мерасонанд, ки ин масъаларо олимони хокшиноси кишвар борҳо таъкид кардаанд. Агар масъулон ба ваъдаашон вафо кунанду моҳи сентябр мо шоҳиди ин навгонии иқтисодӣ гардем, бешубҳа, қисман ҳам бошад, ба худтаъминкунии нуриҳои минералӣ мерасем ва чунончи гуфтем, ин корхона аз бисёр ҷиҳат ба пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ такон хоҳад бахшид. Ҳамзамон, дар пайи кушодашавии дигарбораи корхона  садҳо ҷойи кор фароҳам мегардад.  Лекин боз ҳам гап сари арзиши нуриҳои  селитру карбамиди «Азот» меравад, ки оё он барои деҳқон дастрас буда метавонад?
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2022    №: 35    Мутолиа карданд: 1748
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед