logo

иқтисод

ЭНЕРГЕТИКА. СОҲАИ ТАҲКИМБАХШИ ИҚТИСОДИЁТ

Рушди энергетика барои афзоиши неруи содиротии кишвар, ғанисозии  Буҷети давлатӣ, нигоҳдории қурби пули миллӣ ва, дар маҷмуъ, ҷиҳати ривоҷу равнақи устувори иқтисодиёти мамлакат нақши бузург мебозад. Ҳамин аст, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълом дошт. Дар ин самт тайи ин солҳо ба маблағи 41 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, тули ин муддат  тамоми манотиқи кишвар ба низоми ягонаи энергетикӣ пайваст гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
Дар баробари ин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло  бунёди НБО «Роғун» идома дорад. Баъди пурра ба истифода додани ин иншооти азими аср, Тоҷикистон на танҳо ба амнияти энергетикӣ даст меёбад, балки метавонад иқтидори содиротии худро бамаротиб биафзояд. 
Қобили зикр аст, ки  сохтмони неругоҳи мазкур  чун ҷабҳаи кору пайкор барои насли имрӯзи соҳаи энергетика, воқеан ба як мактаби бузурги касбомӯзӣ ва афзудани маҳорату малакаи тахассусӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо бинокорон таҷриба андохта, дар оянда метавонанд боз дар сохтмони чунин иншооти бузургу тақдирсози соҳа фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин, ба хотири ривоҷ бахшидани иқтидори энергетикии кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дигар тадбирҳои муассир  андешида шуданд. Аз ҷумла, дар ин ҷода бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ неругоҳҳои барқи обии « Сангтӯда – 1» бо иқтидори солонаи 2,5 миллиард киловатт-соат (сармоягузории Россия) ва  «Сангтӯда – 2» 665 миллион киловатт- соат (дастгирии молиявии Эрон) бунёд гаштанд. 
Дар заминаи амалӣ шудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар ва идома ёфтани чунин тадбирандешиҳо дар сиёсати  пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт масъалаи норасоии неруи барқ  солҳои наздик  пурра ҳалли худро меёбад. Ҳамзамон, содироти энергияи барқи обӣ ба кишварҳои минтақа афзунтар мегардад, зеро тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, то соли 2030 талабот ба захираҳои энергетикӣ нисбат ба соли 2006 тақрибан 50 дарсад  меафзояд.
Дар маҷмуъ, ривоҷи минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ бо истеҳсоли неруи барқ дар НБО "Роғун" ва бунёди чанд неругоҳҳои банақшагирифтаи мамлакат рабт дорад. Аз ин рӯ, ин иншоотҳоро ҳамчун иншооти бузурги аср ва аҳамияти муҳими стратегидошта эътироф кардан зарур аст. 
 
Бегмурод ХОЛМУРОДОВ, 
корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2022    №: 35    Мутолиа карданд: 890
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед