logo

иқтисод

ЧАРОГОҲ. БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ НЕСТШАВИИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?

 
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо  идораи рӯзнома арзи сипос менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Нигина Раҳмон «Чарогоҳ. Барои пешгирӣ аз нестшавии он чӣ бояд кард?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 18.02.2021, № 36 (24143) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
Дар ҳақиқат аз ҷониби рӯзноманигор масъалаи вазъи чарогоҳҳо ва ҳолати истифодабарии онҳо матраҳ гардидааст, ки ин муҳим мебошад, зеро чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хӯроки чорвои калони гӯштӣ, гӯсфанду буз ва асп ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70-80 дарсади талаботи солонаи онҳоро таъмин менамоянд.
Мутобиқи Фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 3831879 гектар чарогоҳ, аз он 786700 гектар чарогоҳи зимистона (20,5%), 2056412 гектар чарогоҳи тобистона (53,7%), 710876 гектар чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ (18,5%) ва 277891 (7,3%) гектар чарогоҳҳои ҳамафасла мавҷуд мебошанд.
Қобили зикр аст, ки мушкилоти асосии соҳа ин нобаробар тақсим гардидани чарогоҳҳо, истифодаи ҳамасола ва бетанаффус, вайроншавии ҳолати табиӣ ва ҳосилнокии онҳо, аз меъёр зиёд будани саршумори чорво дар чарогоҳҳо ва тағйирёбии иқлим мебошанд. Зеро тайи солҳои охир тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокӣ, таркиби биологӣ ва ғизонокии алафи чарогоҳҳо оварда расондааст.
Инчунин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бинобар зиёдшавии саршумори чорво норасоии чарогоҳҳо, хусусан чарогоҳҳои зимистона, дида мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як истифодабарандаи он бояд барои мақсаднок истифода бурдан ва аз эрозия нигоҳ доштани чарогоҳҳо чораҷӯйӣ намояд. Зеро чарондани бенизоми чорво, шудгори ҳудудҳои кӯҳӣ бо мақсади ғаллакорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, васеъшавии деҳоти мавҷуда ва тағйирёбии иқлим омилҳое мебошанд, ки ба сифати чарогоҳҳо таъсири манфӣ  мерасонанд.
Тайи солҳои охир бо мақсади рушди чарогоҳҳо 3 барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо барои солҳои 2009-2015, Барномаи рушди чарогоҳҳо барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои  2018-2022, қабул гардидааст. Дар доираи амалишавии барномаҳои зикргардида, ҳамасола миқдори муайяни чарогоҳҳо беҳтар гардонда шуда, роҳҳо ва кӯпрукҳои чорвогузар таъмиру барқарор мешаванд.
Дар баробари ин, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо» дар таҳрири нав аз 20.06.2019, № 1618 қабул гардид. Ҷиҳати муаррифии Қонуни мазкур аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон ва олимони соҳа моҳи августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ва моҳҳои сентябр - октябр дар вилоятҳои Суғду Хатлон  ва  ВМКБ машваратҳои корӣ гузаронда шуда, дар онҳо, масъалаҳои вобаста ба ҳолат, истифодабарӣ, танзим ва идоракунии чарогоҳҳо муҳокима гардиданд.
Инчунин, барои муайян намудани ваколатҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз 25.06.2021, № 1791 тағйиру иловаҳо ворид шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур бо мақсади истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо» аз 22.10.2021, № 444 қабул гардид.
Мутобиқи талаботи Қонуни мазкур зарур аст, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо ва дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ таъсис дода шаванд. То ин давра аз ҷониби мутахассисони вазорат ва олимони соҳа Низомномаи намунавии комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳҳо таҳия ва ба вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дастрас гаштааст.
Тибқи маълумот то ин давра дар аксари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чунин комиссияҳо таъсис ёфтанд, вале фаъолияти онҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Дар сурати пурра фаъолият намудани комиссияҳо ва ҷамъиятҳо дар маҳал камбудиҳои ҷойдошта марҳила ба марҳила бартараф мешаванд.
Вазорат дар асоси пешниҳодҳои рӯзнома оянда дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори соҳа ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, ба танзим даровардани истифодабарии онҳо ва ҳамкории доимӣ бо комиссияҳо ва ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ чораҷӯйӣ менамояд.
 
М. МИРЗОЗОДА,
муовини якуми вазир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 2392
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед