logo

иқтисод

ҶОМЕА. ТАЪМИНИ МАҲСУЛОТИ БЕХАТАР МАСЪУЛИЯТИ ҶИДДӢ АСТ!

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ, инчунин, зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон, дастрасӣ ба маводи бехатари озуқаворӣ масъалаи ҳаётан муҳим  ва рӯзмарра гардида аст. 
 
Дар ин замина, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ, карантин ва  ҳимояи рустаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом дода, бо мақсади татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март ҷашн гирифта мешавад,  зери шиори “Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба ғизои солим ва хизматрасонии муносиб” чорабиниҳои заруриро дар доираи ваколатҳои худ ба сомон мерасонад. 
Бо назардошти сатҳи ҷаҳонӣ доштани масъалаи мазкур 9 апрели соли 1985 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон қабул гардид, ки мақом ва мартабаашро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошт. 25 ноябри соли 2010 ҷаласаи нахустини Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бобат қарори махсусро ба тасвиб расонд, ки минбаъд дар мамлакатҳои ИДМ 15 март ҳамчун “Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” пазируфта, ҳамасола таҷлил   мешавад. 
Нақши асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, ки қонунгузор муайян намудааст, ин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии рустанӣ мебошад.
Аксаран ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мавриди хариди маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ поймол мегардад. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65  озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22  маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешаванд.
Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ  соли 2021 дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 100 768 ташхис, аз ҷумла 245 508 ташхиси гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 106 956 ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ, 12 253 ташхиси равған, 64 385 ташхиси тухм, 7 823 ташхиси маҳсулоти моҳигӣ, 5 971 ташхиси асал, 67 521 ташхиси маҳсулоти намакин, 46 303 маҳсулоти хушк, 511 339 ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 32 709 ташхиси маҳсулоти полизӣ гузаронда шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 42 774,4 кг маҳсулоти гӯштӣ, 16 599,7 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1 795,7 литр равғани рустанӣ, 25 714 дона тухми паранда, 852,9 кг моҳӣ, 602,6 кг асал, 4 344,3 кг маҳсулоти намакин, 7 474,2 маҳсулоти хушк, 144 035,6 кг меваю сабзавот ва 29 942,4 маҳсулоти полизӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян  ва нобуд карда шуданд.
 Дар самти пешгирии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат соли 2021 дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти масъул 12,8 тонна қимаи гӯшти мурғ, 55,3 тонна (1005455 дона) тухми ғизоии мурғ, 114,5 тонна гӯшти рони мурғ, 16,2 тонна апелсин, 3,4 тонна мандарин ва 1,5 тонна грейпфрут, 23 тонна чой ва 20 тонна харбуза, ки бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва роҳбаладӣ ба ҷумҳурӣ ворид  гашта буданд, боздошт гардида, дар асоси хулосаҳои ташхис тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуд.
Ҳамзамон, баҳри пешгирии ҳолатҳои ба ҷумҳурӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ 36 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нақлиётӣ назорат  мебарад.
 Соли 2021 нисбат ба 2838 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи байторӣ-беҳдоштӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб 523 669 сомонӣ ҷарима ситонда,  ба буҷаи давлат ворид  гардидааст. 
 Дар робита ба Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Кумита зиёда аз 2000 буклет бо фарогирии маълумотҳои марбут ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ омода гашта, дар бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳо паҳн карда шуд.
 
Файзуллозода Муҳаммадсаид УБАЙДУЛЛО,
раиси Кумитаи бехатарии озуқавории 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2022    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 847
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед