logo

иқтисод

ХАТЛОН. ГУЗОРИШ АЗ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  ҷиҳати шиносоӣ бо  ҷараёни  кишти баҳорӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилбандӣ, бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард. Қоҳир Расулзодаро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ намуд. 
 
БОЗДИД АЗ ТАҶДИД ВА БАРҚАРОРСОЗИИ НБО «НОРАК»
Тавре шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, Қоҳир Расулзода нахуст аз рафти амалишавии лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО «Норак» боздид кард. Таҷдиди НБО «Норак» аз 1 январи соли 2019 оғоз гардида, дар ду марҳила ба иҷро расонда мешавад. Соли 2018 ширкати «Андритс Гидро» дар марҳилаи якум ва дуюми пакети-1 дар озмуни тендерӣ ғолиб омада, ҳамчун пудратчии асосӣ интихоб гашт.
Ширкати «Андритс Гидро» дар доираи марҳилаи 1-уми Р1 таҷдиди 3 гидроагрегату таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардори неругоҳ, таҷдиди эҳтиёҷоти хусусӣ, таҷдиди 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳои мусофирбар ва борбардор, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои кӯравӣ, таъмири обрасонҳои турбинавӣ, таҷдиди чоҳҳои заҳбурӣ ва заҳкаш, таҷдиди системаи идора ва назорат (SCADA) - ро бояд ба анҷом расонад. Марҳилаи 2-юми Р1 таҷдиди 6 гидроагрегат, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он мебошад. 
 
ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶСП «ЧУНТАЙ — ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ»
Сарвазири мамлакат дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо корҳои васлкунии таҷҳизоти навбатии 3 ва 4 – и коргоҳҳои бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагии ҶСП «Чунтай - Данғара син силу Текстил», воқеъ дар деҳаи Корез, шинос гардид.
Иттилоъ доданд, ки Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара син силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Чин бунёд шудааст ва бо технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулоти ширкатҳои бонуфузи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз гардидааст.
Лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ пешбинӣ гашт. Ифтитоҳи марҳилаи нави он нимаи аввали соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.
Сипас, Сарвазири мамлакат дар оғози кишти пунбадона дар заминаи ҶСП «Ҷунтай Данғара син силу Текстил», воқеъ дар деҳаи Шаҳбур, иштирок кард.
ҶСП «Ҷунтай Данғара син силу Текстил» соли 2021 дар 1886 гектар чигит гузаронда, аз он 7210 тонна пахта ғундоштааст.
Имсол низ дар майдони 1886 гектар пунба бо усули қатрагӣ ва зериплёнка парвариш мешавад. Имсол навъи пахтаи 120 - рӯза коштаанд, ки ҳам серҳосил ва ҳам зудрас аст.
 
ҲИММАТИ БАЛАНДИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯИ ФАРХОР 
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Фархор дар ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии “Султон Тиҷорат”, воқеъ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадшариф Норасов сохта шудааст, ширкат варзид.
Коргоҳ 30 сокини маҳаллиро бо кор таъмин кард. Айни ҳол дӯхти либосҳои мактабӣ ва миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Қоҳир Расулзода бо рафти кишти зироатҳо дар хоҷагии деҳқонии Ҷ. Қаюмови Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод низ шинос гашта, оид ба самаранок истифода бурдани замин ва истифодаи нуриҳои табиӣ, тавсияҳои судманд дод.
Маркази саломатии деҳаи Афардии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод низ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Рустамов бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Бо ширкати Сарвазири мамлакат сохтмони бинои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Фархор ва Ватан оғоз ёфт. 
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат аз рафти сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 66-и деҳаи Ӯртабуз, ки аз сехи дӯзандагӣ, ошхона, 20 синфхонаи иловагӣ барои 480 ҷойи нишаст дар як баст, толори маҷлис, китобхона ва ҳуҷраи корӣ иборат аст ва аз таҷдиду барқарорсозии дастгоҳҳою пойгоҳҳои обкашии мавзеи Ӯртабуз, ки аз рӯйи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ”-и Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ сохта шуда истодааст, дидан намуд.
Аз рафти сохтмони 10 синфхонаи иловагии МТМУ №28 дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшан барои 320 хонанда дар як баст низ боздид ба амал овард. 
 
ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи корӣ, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти корҳои сохтмони фабрикаи парандапарварӣ дар деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигуло боздид кард. Фабрика барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезии мурғ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Бобомурод Назаров бунёд гардидааст. Таҷҳизоташ, асосан, аз Чин ворид шудааст. Баъди анҷоми марҳилаи якуму дуюм, дар маҷмуъ, парвариши 30 ҳазор сар паранда ба роҳ монда шуда, 12 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад. 
Аз корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти пахта дар Кооперативи истеҳсолии «Агроглобал»-и деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод низ, боздид ба амал овард. Майдони заминҳои корами он 115 гектар буда, ба парвариши пахта, ғалладона, сабзавот ва хӯроки чорво нигаронда шудааст. Айни ҳол 60 гектар ғалла, 1 гектар картошка, 1 гектар пиёз, 2 гектар сабзавот ва 1 гектар юнучқа кишт намудаанд. Кишти пунба бо суръат идома дорад. 
Сарвазири мамлакат аз сохтмони ҳавзи обтакшинкунӣ ва соҳилбандии дарёи Панҷ низ боздид намуд. Барои соҳилбандӣ аз ҷониби Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” ва МД “Канали Чубек” дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 10 ҳазор тахтасанг хобонда шудааст.
Инчунин, Сарвазири мамлакат аз гармхонаҳои доимамалкунанда, сардхонаҳо ва сехи коркарди ҶДММ «ТОҶ АГРО» - и деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб шинос гардид.
Тибқи маълумот дар заминаи хоҷагии мазкур 56 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки 22 гектар боғ ва 21 гектараш токзор аст. Дар баробари ин, барқароркунии 13 гектар токзорро ба роҳ мондаанд.
Феълан дар гармхонаҳо помидор ва дигар намуди зироатҳо парвариш ёфта, ҳосили он барои аҳолӣ пешкаш мегардад. Парвариши дарахтони ситрусӣ бошад, дар ҳолати хуб қарор дорад.
Барои нигоҳдории мева дар ҷамъият бунёди сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, бунёди сехи коркарди асал ба роҳ монда шудааст. Баъди ифтитоҳи сардхонаҳо ва сехи мазкур 20 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад.
 
БОЗДИД АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти кишти баҳории зироатҳо, корҳои созандагию ободонӣ ва ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард. 
Ба иттилои Далер Шарифов, сардори маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Сарвазири мамлакат нахуст аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор дидан намуд. 
Сохтмони иншоот моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, моҳи апрели соли равон ба анҷом мерасад. Иншоот аз ду ошёна, 11 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, анбор барои нигоҳ доштани ангишт, ҳавзи нигоҳдории об ва зеристгоҳи мустақими барқӣ иборат буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 
Корҳои оҳану бетонӣ, рангубори дохил ва беруни бино, насбу васли дару тирезаҳо, фаршу шифт пурра ба анҷом расида, саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш гаштааст. Ҳамчунин, корҳои тахту ҳамворкунии майдончаи футбол, волейбол ва баскетбол низ бо маром идома доранд. 
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат аз кишти пунбадона дар Кооперативи тухмипарварии “Сабз-Н” шинос гашт. Заминҳои хоҷагӣ 263 гектар буда, пахта, сабзавот, ғалладона, мака барои силос ва дигар зироатҳо кишт мешаванд. 
Дар хоҷагӣ навъҳои чигити «Сабз-Н», 65-30, «Хатлон» ва гандуми тухмии «Краснодар», «Сарвар», «Садоқат» парвариш меёбанд. 75 гектар заминҳои хоҷагӣ ба воситаи пойгоҳҳо обёрӣ мешавад. Ҳамасола хоҷагӣ наздики 304 тонна пахта ба даст меорад. Имсол дар майдони 135 гектар чигит кишт шуд. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2022    №: 65    Мутолиа карданд: 920
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед