logo

иқтисод

КОНИБОДОМ. ИҚТИДОРҲОИ НАВИ САНОАТӢ РӮИ КОР МЕОЯНД

 
Соли гузашта дар шаҳри Конибодом ба маблағи 320 миллиону 930 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда  нисбат ба соли 2020 бештар аз 100 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо ин рақам назар ба ҳадафу мақсадҳои пешгузошташуда  ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ба замми ин, дар ин давра аз 47 корхонаи саноатӣ  8-тоаш фаъолият накарда, тавлидоти 10-тои дигар коҳиш ёфтааст. 
Аз ин рӯ, роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат иқтидорҳои қаблии соҳа, аз ҷумла корхонаҳои замоне машҳури ҶС “Ресмон”, ҶС “Ассор”, ҶС “Конибодом маснуот”, консервбарорӣ, “Ҳусноро”, “Бодом”- ро пурра барқарор намояд. Бино ба иттилои бахши иқтисодии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соли сипаришуда  ҳиссаи соҳаи саноат дар пешрафти иқтисодиёт қариб 18 дарсадро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба имкониятҳои мавҷуда ночиз мебошад. 
Абдуссалом Тухтасунзода, раиси шаҳр, иброз дошт, ки бо назардошти эълон шудани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки  дар заминаи технологияи пешқадаму инноватсионӣ 60 корхонаи нав бунёд намуда, ба ин васила, 1200 ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт. Татбиқи нақшаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки  шаҳри Конибодом боз дар солҳои наздик ба яке аз минтақаҳои рушдкардаи саноат мубаддал гардад. 
Соли равон бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ташкили коргоҳҳои истеҳсолии воридотивазкунанда дар назар буда, дар маҷмуъ,  таъсиси 150 ҷойи нави кор пешбинӣ мешавад. Дар солҳои минбаъда бунёди корхонаҳо боз ҳам рушду равнақ хоҳад ёфт. Масалан, ҶДММ “Шариф”  дар масоҳати беш аз 9 гектар бунёд мегардад, ки аз ҷиҳати аҳамияти иқтисодӣ бузургтарин корхона дар зарфи чанд соли охир хоҳад буд. Дар назди ин маҷмаа ташкили коргоҳҳои коркарди ниҳоии пахта,  ресандагӣ, ҷуроббофӣ, истеҳсоли равған ва боз коргоҳҳои хурди иловагӣ ба фаъолият мепардозанд. Корхонаи мазкур соли 2025 ба фаъолияти ҳамаҷониба оғоз менамояд.
Ниҳоят соҳибмулкони корхонаи равғанбарории “Ассор”, ки қаблан кишвар ва навоҳии наздики ҷумҳурии ҳамсояро бо равғани аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мекард, барои татбиқи лоиҳаи нави тиҷоратию истеҳсолӣ ба маблағи то 40 миллион сомонӣ бо воридоти  технологияи нав талош доранд. Дар ин радиф, корхонаи "Бодом" – истеҳсолкунандаи қисмҳои техникии нақлиёти автомобилӣ тадриҷан ба барқарорсозии иқтидори пештараи худ саъй менамояд. 
Рустамҷон Қодиров, ки дар ҷодаи иқтисодиёти шаҳр собиқаи кории зиёда аз 50-сола дорад, муътақид аст, ки Конибодом дорои тамоми захираву имконияту шароитҳо буда, бо дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар муддати кӯтоҳ мақоми шаҳри неруманди саноатиро дарёфт мекунад. 
- Дурнамои рушди иқтисодиёти Конибодом ҳамоно аз истифодаи самараноки ду ашёи хоми саноатӣ: пахтакорӣ ва боғдорӣ вобаста мебошад. Ҳамоно бозори ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ниҳоии боғдорӣ, зироат, консерву шарбатҳои гуногуни болаззати аз лиҳози экологӣ тоза, номгӯи зиёди маҳсулоти пахтагин  ниёз дорад. Мутаассифона,  феълан, бештари корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар шаҳр хусусӣ шудаанд, аз  фориғболиву бетарафии соҳибмулконашон фаъолият надоранд. Ҳол он ки дар ин инфрасохтори тайёр фақат бо навсозии таҷҳизот эҳёи истеҳсолот  имконпазир мебошад.  Моро зарур аст, дар зарфи панҷ соли оянда, ки ҳадаф рушди саноат қарор гирифтааст, тариқи таҷҳизондани корхонаҳои мавҷуда ва ташкили иқтидорҳои нав  Конибодомро ҳамчун шаҳри пуриқтидори саноатӣ шуҳратёр гардонем, - гуфт ӯ.   
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2022    №: 70    Мутолиа карданд: 995
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед