logo

иқтисод

АСАЛИ ТОҶИК. ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД, СОДИРОТ КАМ. ЧАРО?

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, асали тавлидшуда дар Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, имкони рақобатпазир доштан дар бозори ҷаҳониро дорад. Аммо тавлидкунандагони он дар фурӯш ва содироти маҳсулоташон ба мушкилиҳо рӯбарӯанд.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли 2021 дар Тоҷикистон 4246,5 тонна асал истеҳсол шудааст, ки ин назар ба соли 2020 -ум 124,5 тонна зиёд аст. Аз рӯйи омор, Тоҷикистон аз ҷиҳати тавлиди асал дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷойи 4-ум қарор дорад. Асали истеҳсолшуда ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 0,5 килограммро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Абдусаттор Каримов, корманди Хадамоти гумруки кишвар, содироти асал дар ҷумҳурӣ соли 2021 ба 140 ҳазор доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 –ум  128 ҳазор доллар зиёд аст. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Тоҷикистон роҳи рушдро пеш гирифтааст. Аммо, бо вуҷуди ин, барои содироти асал ба Аврупо ва кишварҳои дигари ҷаҳон бояд як қатор талабот риоя шаванд.
Илова ба шартҳои стандартии содироти маҳсулоти аз занбӯристеҳсолшуда, Иттиҳоди Аврупо барои сифати асал талаботи алоҳида пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, дар таркиби асал бояд иловаҳои ғизоӣ, моддаҳои органикӣ ё синтетикӣ мавҷуд набошанд. Маҳсулот наметавонад кислотаи ба таври сунъӣ тағйирёфта, маза ё бӯи бегона дошта бошад.
Нишондиҳандаҳои хосиятҳои физикию кимиёии асал барои содирот дар лабораторияҳое муайян карда мешаванд, ки дар онҳо таносуби об, сахароза, миқдори диастаза, боқимондаҳои дорувориҳои байторӣ ва ғайра санҷида мешавад.
Барои роҳ ёфтани асали ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ “Барномаи миллии мониторинги боқимондаҳои дорувориҳои байторӣ дар таркиби асал”-ро таҳия ва дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо тасдиқ бояд кард. Тоҷикистон чунин барномаеро таҳия кардааст ва ҳоло он дар ихтиёри Комиссияи Аврупо қарор дорад.
Қосим Қурбонов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи «Таъмини дастрасии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои содиротӣ тавассути низоми беҳтаргардондашудаи амнияти озуқаворӣ» иброз дошт, ки зарурати татбиқи лоиҳа ҳангоми шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо ба миён омадааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон як қатор маҳсулоти кишоварзии қобили рақобат фаровон аст ва асал аз ҷумлаи онҳо мебошад. Қосим Қурбонов тавзеҳ дод: «Сабаби такя ба асали табиӣ дар он аст, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон хеле гуногун аст, вале асали тоҷик аз ҷиҳати сифат беҳтар буда, имкони рақобатпазирӣ дар бозорҳои содиротиро дорад».
Тавре мутахассис гуфт, дар рафти иҷрои  лоиҳа ва ба амал баровардани як қатор тадбирҳо маълум гардид, ки истеҳсоли асал чандон бехавф нест. Маҳсулоти ниҳоӣ, ки дар бозорҳои дохилию хориҷӣ ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешавад, ба талаботи байналмилалии сифат ва бехатарӣ ҷавобгӯ нест.
Қосим Қурбонов аз занбӯриасалпарварони  Украина  мисол овард, ки онҳо аз соли 2014 то соли 2020 истеҳсоли асалро аз 30 ҳазор тонна ба 80 ҳазор тонна дар як сол расондаанд. 
- Ин маънои онро дорад, ки лоиҳаҳое мисли лоиҳаи мо метавонанд дарҳоро ба рӯи соҳибкорони хурду миёна боз кунанд, то онҳо тавонанд иқтидори мавҷудаву захиравии худро истифода баранд ва содироти асалро афзун намоянд, - гуфт ӯ. 
Ҳадафи дигари лоиҳа баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи истеҳсолкунандагон ва ҳам истеъмолкунандагон оид ба бехатарии ғизо, аз ҷумла асал мебошад.
Кормандони лоиҳа дар ҷараёни санҷишҳои лабораторӣ муайян карданд, ки ҳаҷми зиёди асали Тоҷикистон боқимондаҳои антибиотик доранд. Барои кам кардани он дар таркиби асал, истифодаи доруро бояд комилан барҳам дод ва ё қатъиян мувофиқи мақсад истифода бурд.  Назорати бехатарии асал пурзӯр карда шуда, иқтидори лабораторияҳои мавҷуда барои гузарондани ҳама намуди озмоишҳое, ки Иттиҳоди Аврупо талаб дорад, васеъ карда шавад.
Ба гуфтаи Қосим Қурбонов, дар ҳоли ҳозир зарфияти ин озмоишгоҳҳо чандон баланд нест ва низ аккредитатсияи байналмилалӣ надоранд.
Холмаҳмад Шарифов, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки 104 намунаи асали тоҷикӣ ба озмоишгоҳи олмонӣ фиристода шуда, танҳо аз 3-тои онҳо боқимондаҳои доруҳои байторӣ ёфт шуд.
Истеҳсолкунандагони асал низ дар бораи мушкилоти худ нақл мекунанд.
Абдуғанӣ Тошматов, занбӯриасалпарвар аз шаҳри Хуҷанд сабаби сифати баланди асали тоҷикро дар шароити табиии ҷумҳурӣ мебинад: «Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор рустании гуногун мерӯяд. Мо аз моҳи март занбӯрҳоро ба кӯҳҳо мебарорем, ки дар он ҷойҳо гиёҳҳои шифобахши бисёре мавҷуданд. Барои тараққӣ додани занбӯри- асалпарварӣ ва афзун намудани асали табиӣ ҳамаи шароит муҳайёст, - бовар дорад ӯ, — асали мо аз ҷиҳати сифат ва тозагии экологй бартарӣ дорад. Сабабаш офтоб ва иқлими мост». Дар баробари ин, занбӯриасалпарвар мавҷудияти мушкилоти соҳаро рад намекунад.
«Заминҳое, ки мо дар фасли баҳору тобистон занбӯри асалро ба он ҷой мебарем, ба деҳқонон тааллуқ доранд. Дар наздикии зироатҳои онҳо ҷойгиранд. Вақте ки деҳқонон дар киштзорҳои худ бо маводи кимиёии гуногун кор мекунанд, табиист, ки ин ба фаъолияти мо таъсири манфӣ мерасонад. Маводи кимиёӣ боиси талафоти занбӯри асал мегардад. Деҳқонон ҳангоми истифодаи доруҳо дар заминҳояшон моро бояд огоҳ созанд», - гуфт занбӯриасалпарвар. 
Ҳамзамон, ӯ бартарафсозии мушкили норасоии кадрҳои ҳирфаӣ дар соҳаи занбӯриасалпарвариро таъхирнопазир медонад. «Дар Тоҷикистон ин қадар муассисаҳои таълимӣ ҳастанд, вале дар ҳеҷ кадоми онҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мутахассис тайёр намекунанд», - изҳори кард ӯ. «Маркази таълимӣ нест, мо худамон аз рӯйи таҷрибаи падарону бобоён шогирдонро меомӯзонем».
Абдурауф Орифов, занбӯриасалпарвар дар бораи мушкилиҳое, ки истеҳсолкунандагони асал дар бозори дохилӣ ба он рӯ ба рӯ мешаванд, изҳори назар кард: «Ҳоло харидор кам, арзиши аслии асал баланд, арзон фурӯхтан фоидаовар нест. Дар маҳаллаи мо 90 занбӯриасалпарвар буд, бисёриҳо бо сабаби душворӣ аз ин пеша даст кашиданд. 
Абдуманнон Орифов, собиқадори соҳа, аз набудани доруҳои дорои сертификат барои занбӯри асал шикоят кард. «Доруҳои гуногун пайдо шуданд, занбӯриасалпарварон аксар вақт хусусияти онҳоро  надониста истифода мебаранд. Ба мо доруҳои сертификатдор лозим. Инчунин, донистан зарур аст, ки доруҳоро кай истифода бояд бурд», - гуфт Абдуманнон Орифов.
Ҳамин тариқ, барои афзун намудани имкониятҳои содиротии асали Тоҷикистон корҳои зиёдро бояд анҷом дод. Зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ сол то сол меафзояд, вале ягона кафили роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ин таъмини бехатарии асали табиӣ мебошад, ки ин кор аз худи асалпарварон ва ҳам масъулон донишу кӯшиш ва таваҷҷуҳу талоши махсусро тақозо мекунад.
 
Моҳлиқо  ШАРИФОВА, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 2789
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед