logo

иқтисод

САНОАТ. МАСЪУЛОН БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ГОМҲОИ УСТУВОР МЕЗАНАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 таъкид намудаанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар мебошад”.
 
НАҚШИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки эҷод ва ҷорӣ намудани навгониҳои  технологӣ дар раванди истеҳсолот босуръат ҷараён доранд. Дар ин замина, ташаккули фаъолияти ихтироъкорию инноватсионӣ ба воситаи тақвияти сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он ба рушди иқтисодии ҳар як кишвар, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, самаранокии тиҷорат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ, беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Шавкат Вализода, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзуъ иброз дошт, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” яке аз самтҳои стратегӣ  таъмини рушди устувори иқтисодӣ бо роҳи татбиқи модели иқтисодии индустриалӣ - инноватсионӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, ташаккулдиҳии равишҳои инноватсионӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тақвият бахшидан ба заминаи институтсионалии рушд, такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, аз ҷумла моликияти зеҳнӣ бисёр муҳим мебошад. 
Аз рӯи ин стратегияи миллӣ яке аз манбаъҳои асосии рушди иқтисодиёт истифодаи самараноки сармояи инсонӣ мебошад. Дар низоми миллии моликияти зеҳнӣ ва низоми иқтисоди миллӣ масъалаи рушди ихтироъкорӣ,  истифодаи босамари иқтидорҳои зеҳнӣ ва фаъолияти зеҳнӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
 
ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ - ОМИЛИ РУШДИ СОҲА
Ҷаҳони имрӯза рушди технологияҳои иттилоотӣ, навоварию ихтироъкориро талаб менамояд, ки бидуни донистани асосҳои моликияти зеҳнӣ расидан ба ҳадафҳои мазкур ғайриимкон аст. Бояд зикр намуд, ки пеш аз ҳама омили асосии рушди соҳаи ихтироъкорӣ баланд бардоштани савияи дониш дар самти илмҳои дақиқ мебошад. Бо ин мақсад ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳа ва таъмини рушди он аз ҷониби Ҳукумати кишвар зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Имрӯз барои рушди фаъолияти эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамасола аз буҷети давлат маблағҳои муайян барои корҳои илмию таҳқиқотии олимон ҷудо мегардад. Аз ҷумла, бо мақсади тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуд, ки гувоҳи гуфтаҳои болозикранд. 
        
АГАР БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ  ФАННИ «МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ» РОҲАНДОЗӢ ГАРДАД... 
Ба андешаи Шавкат Вализода, гарчанде дар низоми маорифи кишвар барномаҳои таълимии  раванди корҳои эҷодию зеҳнӣ мавҷуд бошанд ҳам, барномаи таълимии фанни «Моликияти зеҳнӣ» - и фарогир то ҳол таҳия нашудааст. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда дар ин самт, дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои  ”Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” китоби дарсии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, № 14/25 тасдиқ шудааст, ки он барои беҳтар гардондани сифати таълими ин фан мусоидат дорад.
Роҳандозӣ намудани фанни «Моликияти зеҳнӣ» - и фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба донишандӯзии қишри фаъоли ҷомеа заминаи мусоид гузошта, ҷиҳати тавлиди ғояҳои нав, рушди ихтироъкорию навоварӣ ва дар ин замина, амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба рушди инноватсионӣ, ихтироъкорӣ ва пайвасти илму ихтироот ба истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меорад.
 
ДАСТОВАРДҲОИ СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ   
Дар натиҷаи таҳияи чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмуну фестивалҳо таваҷҷуҳи ихтироъкорону навоварон ба илму техника зиёд гашта, нишондиҳандаҳои бақайдгирии ихтироот сол ба сол меафзоянд. Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ихтироъкориву  навоварӣ як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ  бо нишону ҷоизаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қадр шуданд. Аз ҷумла, 23 нафар бо медали тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 14 нафар бо медалҳои тиллоии В. И. Блинникови Ташкилоти патентии Авруосиёӣ, 30 нафар бо нишони фахрии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот». 
Боиси ифтихор аст, ки дар ин раванд нақши бонувон низ назаррас аст. Дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, муассиса дар маҷмуъ, 47 ихтирои 37 нафар бонуи ихтироъкори кишварро пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, онҳо бо  18 медали тилло (аз ин 2 медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тиллои ассотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Таиланд ва Олмон), 18 медали нуқра, 13 медали биринҷӣ, ҳамчунин, 2 Гран-прии ассотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Корея ва Таиланд, 1 ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 ҷоизаи нахустини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 1 ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадр шудаанд.
 
ТАҲИЯИ СТРАТЕГИЯҲОИ НАВ - ТАКОНБАХШИ РУШДИ СОҲА
Дар асоси таҳлили вазъи имрӯзаи соҳа, афзалиятҳои минбаъда, дурнамои рушди низоми миллии моликияти зеҳнӣ ва мушкилоти ҷойдошта “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ барои давраи то соли 2030” таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 1 июни соли 2021, № 210 тасдиқ гардид. 
“Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар доираи ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо назардошти таҳлил ва таҷрибаи андӯхта аз амалисозии “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” омода шудааст. Ҳадафҳои асосии стратегияи мазкур муайян намудани мақсад ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва тақвияти низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар самти рушди ихтироъкорӣ, ҷалби ҷавонон ва наврасони лаёқатманд ба фаъолияти инноватсионӣ, иттилоотонӣ, мукаммалгардонии ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва оммавигардонии ин самт мебошад.
- Тибқи таҳлилҳо, кишварҳои пешрафта, ки дар онҳо соҳаи ихтироъкориву навоварӣ дар сатҳи баланд тараққӣ кардааст, ба масъалаи рушди низоми моликияти зеҳнӣ диққати махсус медиҳанд. Зеро, дарки асосҳои моликияти зеҳнӣ ба бедор шудани завқи ихтироъкорӣ ва истифодаи минбаъдаи маҳсулоти инноватсионӣ, дар маҷмуъ, ба пешрафти давлат муосидат менамояд. Дастоварди муҳимтарини низоми моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ин гузариши масъалаҳои рушди моликияти зеҳнӣ аз сатҳи идоравӣ ба сатҳи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз дастовардҳои муайян, моликияти зеҳнӣ ҳоло ҳам омили калидӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нагардидааст ва муассиса дар ин самт боз ҳам тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ карда истодааст, - мегӯяд Шавкат Вализода.          
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”   
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2022    №: 77    Мутолиа карданд: 1235
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед