logo

иқтисод

МОҲИПАРВАРӢ. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ АЗ БУРДУ БОХТИ СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ

Барои рушди иқтисодиёти кишвар соҳаи моҳипарварӣ нақши муассир дорад. Бо назардошти ин, қабули Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022, аз шаш намуди андоз озод гардидани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳа, зиёдшавии хоҷагиҳо ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот шароити мусоид фароҳам овард. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 372 хоҷагии хурду бузург ба парвариш ва истеҳсоли моҳӣ машғул аст.  
Миралӣ Наимов, сардори КВД «Моҳии Тоҷикистон», ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли моҳӣ аз 2749,7 тоннаи соли 2019, соли сипаришуда ба беш аз 4389 тонна расид. Дар се моҳи аввали соли равон қариб 600 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Ҳарчанд нишондиҳандаҳо дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар бошанд ҳам, вале барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нестанд. 
- Албатта, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои барнома дар ҷумҳурӣ корҳои мушаххас ва назаррас анҷом ёфтаанд, вале инро наметавон сад дарсад қаноатбахш арзёбӣ кард. Муносибат ба рушди соҳа бояд аз назари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти баландсифати моҳӣ бошад ва ченаки фаъолияти мутахассисони соҳа низ ба талаботи рӯз мутобиқат намояд. Яъне, мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо зиёд буда, ба татбиқи барнома ва рушди соҳа монеъ мегарданд, – гуфт Миралӣ Наимов. 
 
НАРАСИДАНИ 410 МУТАХАССИСИ  СОҲИБКАСБ – МУШКИЛИ РАҚАМИ ЯК
Яке аз сабабҳои ба миқдори зарурӣ истеҳсол нашудани моҳиро масъулони соҳа дар набудани мутахассис медонанд. 
- Ҳоло дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ наздики 1800 кас кор мекунад, ки танҳо 15 нафараш мутахассиси соҳа аст. Дар чор соли охир беш аз ду ҳазор кас бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шуд, ки ин қонеъкунанда нест. Дар як гектар ҳавзи моҳипарварӣ бояд ду коргари доимӣ ва шаш коргари мавсимӣ рост ояд. Ба ҳисоби миёна дар 2755 гектар ҳавзи моҳипарварӣ бояд зиёда аз 10 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин кард, - иброз дошт Миралӣ Наимов.
Ҳар сол факултаи зооинженерӣ, ихтисоси моҳипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро 15 - 25 донишҷӯ хатм кунад ҳам, аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд. Дар 372 хоҷагии моҳипарварӣ ҳадди ақал 410 мутахассиси моҳишинос–ихтиолог намерасад. Бинобар ин, барои тайёр кардани мутахассисони касбӣ таъсиси донишгоҳ, коллеҷ ё донишкадаи махсуси моҳипарварӣ ниҳоят аҳамиятнок мебошад. Баъдан, бояд мутахассисони ботаҷрибаро аз мамлакатҳои дигар даъват намоем, то ки таҷрибаи кишварҳои пешқадам омӯхта шавад. Барои мисол, бист дарсади даромади буҷети Чин аз ҳисоби парвариши моҳӣ аст ва ин мамлакат  соли  2010-ум 42 миллион тонна моҳӣ истеҳсол  кард. Онҳо ба тайёр намудани мутахассисони моҳишинос аҳамияти бештар медиҳанд. Дар Чин  се  донишгоҳ, ҳафт донишкада, шонздаҳ коллеҷ оид ба моҳипарварӣ ва Академияи илмҳои моҳипарварӣ амал мекунад. Дар Тоҷикистон бо сабаби нарасидани мутахассисони касбӣ дар пешрафти соҳа монеа эҷод шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар парвариши моҳӣ ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ ёрӣ расонанд, барои моҳипарварон қитъаи замин  ҷудо кунанд. Мутаассифона, ба ин масъала диққати ҷиддӣ намедиҳанд.
Миралӣ Наимов дар бораи имкониятҳои моҳипарварӣ гуфт: «60 дарсади обҳои ширини Осиёи Миёна аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Аз ин ҳисоб мо бояд дар як сол то 85 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намоем. Барои таъмини 10 миллион аҳолӣ камаш 80 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол кард. Моҳии истеҳсолнамудаи мо бо иловаи зиёда аз се ҳазор тоннаи воридотӣ ба ҳар сар аҳолӣ 140 граммро ҳам, ташкил намедиҳад. Ҳол он ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки бояд як нафар дар як сол нуҳ кило моҳӣ истеъмол намояд. 
 
АЗ ГАРОНИИ НАРХИ ГУЛМОҲӢ ТО ХӮРОКАИ ОН
Имрӯз нархи моҳӣ дар бозору нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳо нисбат ба дигар маҳсулот, яъне аз гӯшти гову гӯсфанд ҳам, гарон аст. Масалан, дар ошхонаҳо як ҳисса (порс) гулмоҳии пухта 90 - 150 сомонӣ, ҳатто аз ин ҳам баланд арзиш дорад. Захираи обҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар як сол то 100 тонна гулмоҳӣ истеҳсол шавад. Таҳлилгарони соҳаи иқтисод сабаби асосии баланд будани нархи моҳӣ ва истеҳсоли норасоро ба дастрасии маҳдуди хоҷагиҳо ба хӯроки моҳӣ ва гарон будани нархи он рабт медиҳанд. Зеро хӯроки моҳӣ, асосан, аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Соли равон дар шаҳри Ваҳдат соҳибкори ватандӯст Алиҷон Раҷабов ҶДММ «Моҳидона»-ро сохта, ба истифода дод, ки корхона дар як сол 1500 тонна маҳсулоти хӯроки моҳиро коркард мекунад. Кӯшиш дорем, ки воридоти онро аз байн барем.
Тибқи маълумоти дастрас, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 65 намуд моҳӣ аст, ки аз он нуҳ намудаш дар хоҷагиҳо парвариш меёбад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 15-20 миллион кирминамоҳича гирифта мешуд, соли сипаришуда ин шумора беш аз 140 миллионро ташкил дод. Дар баробари ин, аз вилояти Краснодари Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ барои такрористеҳсолкунӣ, парвариш, зиёд намудани шумора, тоза кардани зоти моҳӣ ва насл, инчунин, иваз кардани хун 25 миллион кирминамоҳичаи намудҳои амури сафед, карпи оинагӣ ва гибриди он, пешонапаҳни ало оварда, ба хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ супурда шуд. Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ бояд 160 миллион кирминамоҳича гирифта шавад. Ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хоҷагии зотпарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот» барои таъмини хоҷагиҳо бо моҳича ва кирминамоҳичаҳо фаъолият доранд. Барои рушди моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ на кам аз 25-35 коргоҳи тавлиди моҳича зарур аст, то дар онҳо моҳичаҳоро парвариш карда, барои захира ба ҳавз, кӯл ва обанборҳо сар диҳем. 
- Бе бунёди пойгоҳи истеҳсоли хӯрока таъмини пурраи бозорҳо бо моҳии ватанӣ ғайриимкон аст. Харидани намудҳои гуногуни моҳичаҳо аз кишварҳои дур роҳи ҳалли масъала нест. Ин  амал харҷи зиёди нақлиётӣ дар пай дошта, ҳамчунин, як қисми моҳичаҳои воридотӣ дар раванди интиқол ва ҷобаҷогузорӣ нобуд мешаванд,- гуфт Миралӣ Наимов.
 
ШИКОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Падидаи ташвишовари дигари соҳа он аст, ки баъзе афрод моҳичаҳоро ба воситаи қувваи барқ шикор мекунанд. Дар Федератсияи Россия барои истифодаи қувваи барқ дар шикори моҳӣ шахси гунаҳкор то панҷ сол аз озодӣ маҳрум мегардад. Зеро, барқ моҳича ва тухми он, яъне тамоми мавҷудоти зиндаи зери обро нест мекунад.  Тавре мутахассисони соҳа иброз медоранд, ҳоло ки давраи тухмгузории моҳист, сайди моҳӣ ва ҳам заврақронӣ дар обанбор манъ аст. Дар ин давра ба моҳиҳо, ҳатто, садои баланд таъсири манфӣ мерасонад. 
Ҳамроқул Аҳроров, сардори раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли равон аз тарафи Кумитаи мазкур ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо нисбат ба 117 қонуншикан ба маблағи беш аз 216 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, зиёда аз 186 ҳазор сомонӣ ситонда шуд. Дар 28 ҳолат маблағи 83366 сомонӣ зарар муайян гардид. 
Агар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ниҳодҳои дахлдор барои пешгирии шикори ғайриқонунии моҳӣ чораҳо наандешанд, моҳиҳои нодир, аз ҷумла хормоҳӣ, белбинии калон ва хурди амударёӣ, белбинии сирдарёӣ, озодмоҳии аралӣ, гулмоҳии амударёӣ, шӯртан, жерехи тос, мӯйлабмоҳии аралӣ ва туркистонӣ, симмоҳии шарқӣ, сихболмоҳӣ, холмоҳии аралӣ, лақачаи туркистонӣ, ки шомили Китоби сурханд, аз байн мераванд.
Баъзе хоҷагиҳои моҳипарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳарчанд масъулияти рушди моҳипарвариро ба уҳда доранд, соҳаро дуюмдараҷа ҳисобида дар замини барои ташкили ҳавзи моҳипарварӣ ҷудошуда ғалла кишт кардаанд. Агар ин мушкилиҳо бо ёрии мақомотҳои марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳал нагарданд, ба рушди моҳипарварӣ наметавон умед баст.
 
БАРОИ ИН, ЧӢ БОЯД КАРД?
Барои рушди инфрасохтори соҳа, пеш аз ҳама, бунгоҳҳои қабул, корхонаҳои истеҳсоли ях, таҷҳизоти яхдонҳо ва воситаҳои сайди моҳӣ омода шаванд. Дастгоҳҳои наву замонавӣ барои гирифтани тухми моҳӣ оид ба ташхиси об, оксиген, термометр барои муайян намудани дараҷаи гармиву сардии об, садокҳо барои парвариши гулмоҳӣ, ташкили коргоҳҳои хурд ҷиҳати истеҳсоли хӯроки моҳӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ватанӣ бо фоизҳои паст барои моҳипарварон, таъмини хоҷагиҳо бо нуриҳои минералӣ, вориди моҳиҳои зотии азбайнрафта, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа дар хориҷи кишвар зарур аст. Инчунин, бо мақсади ҳифзи моҳӣ ташкили мамнуъгоҳҳои хурди маҳаллӣ ва парваришгоҳҳои муҳофизатӣ дар заминаи рӯдхонаҳо манфиатнок хоҳанд буд. Азбаски Тоҷикистон ба уқёнусу баҳрҳо роҳи  баромад надорад, ба роҳ мондани аквакултура ба мақсад мувофиқ мебошад. Аквакултура, яъне парвариши организмҳои обӣ бо мақсади зиёд кардани маҳсулнокӣ, ба монанди бо роҳи сунъӣ наслгирӣ, моҳисардиҳӣ, хӯрокдиҳӣ буда, дар бисёр давлатҳо аз он васеъ истифода мебаранд. Дар ҷумҳурии мо маъмулан барои парвариши моҳӣ ва зиёд намудани саршумори он аз кӯл, ҳавз ва обанборҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ба роҳ мондани ин тарзи парвариши моҳӣ дар деҳот ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва, қабл аз ҳама, ҳифзу зиёд кардани навъ ва зоти моҳӣ мусоидат менамояд.           

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 2591
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед