logo

Хабарҳо

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

 
19 – 20 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар он масоили рушди сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар фазои Созмон баррасӣ гардиданд. Дар нишаст роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳӣ, як қатор вазорату идораҳои Россия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доштанд. 
Дар ҳамоиш зикр гардид, фазои СҲШ, ки 44 дарсади аҳолии сайёраро фаро мегирад, як бозори бузурги сайёҳиро ташкил мекунад. Аммо ҳанӯз иқтидори он пурра мавриди истифода қарор нагирифтааст. Дар соли 2019 ҳудуди 250 миллион сайёҳ аз кишварҳои узви СҲШ барои истироҳат ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд. Дар ҳамин ҳол, агар ниҳодҳои туризми кишварҳои аъзо неруҳояшонро муттаҳид сохта, ба рушди сайёҳии дохилӣ равона кунанд, сатҳи зиндагии мардуми ин кишварҳо боз ҳам, боло хоҳад рафт. 
Дабири кулли Созмон Чжан Мин (тариқи онлайн иштирок дошт), иброз намуд, ки вазифаи асосии кишварҳои узви СҲШ ба сатҳи сифатан нав ва баланд бардоштани ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. “Барои ин тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин замина, мехоҳам аҳамияти робитаҳои доимӣ ва мустақими сохторҳои моро барои иҷрои тавофуқномаҳо ва вазифаҳое, ки сарварони давлатҳоямон ҷиҳати пешбурди шарикии бисёрҷанба дар доираи СҲШ ба миён гузоштаанд, таъкид намоям”.
Дар ҷаласа масоили ҳамкорӣ, барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия, ташаккули бренди ягонаи сайёҳии СҲШ ва тарғиби он ба таври васеъ баррасӣ гардиданд. Инчунин, масъалаҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва беҳбуди самтҳои мавҷуда аз нуқтаи назари сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ мавриди муҳокимаи намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои СҲШ қарор гирифт.
- Ин чорабинӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, барои рушди сайёҳии ҳамаи кишварҳои СҲШ хеле муҳим буда, идомаи чорабиниҳоест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон анҷом дода шуданд. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон имсол раёсати СҲШ-ро ба уҳда дорад, ҳамкориҳои васеъмиқёс дар соҳаи туризмро байни худ муҳокима кардем. Яке аз мувофиқаҳое, ки ин ҷо ҳосил гардид, таҳия ва қабули бренди ягонаи сайёҳии кишварҳои аъзои СҲШ мебошад. Ин бренд ба он мусоидат хоҳад кард, ки ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам сайёҳии минтақавию ҷаҳонӣ рушду ривоҷ ёбад, - гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият”.
Вай афзуд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон 40 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ширкатҳои сайёҳии тоҷик дар ҳамкорӣ бо Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳар ду ҷониб дар як майдон бахшҳои сайёҳӣ ё туроператорҳоро ҷамъ намоянд ва онҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни худ ба роҳ монанд. 
- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду кишвари ҳамҷавор метавонанд аз тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ суди зиёд ба даст оранд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон аз шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент боздид карда, имкониятҳои бозори сайёҳии онро баррасӣ намуданд. Хурсандибахш аст, ки ширкатҳои ду давлат ба ҳусни тафоҳум расиданд ва барои рушди ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар Тошканд ин давра боз фарохтар гардид ва миёни ширкатҳо ҳамкориҳои густарда ба роҳ монда мешаванд, ки ба манфиати ҳар ду ҷониб хидмат хоҳанд кард. Инчунин, қарор аст, ки мо дар фазои СҲШ низ доираи ҳамкориҳоро дар бахши сайёҳӣ беш аз пеш васеътар созем, - гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода.
Дар вохӯрии роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ тарҳи “Созишномаҳои байни ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи густариши ҳамкориҳо дар соҳаи туризм” ба тасвиб расид. 
Ҳамчунин, дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 19-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок дошт. 
- Созмони ҳамкории Шанхай намунаи равшани ҳамкории муваффақонаи давлатҳои аъзоро таъмин менамояд, ки марбут ба анъанаҳои гуногуни таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҳамкории мутақобила ба таври анъанавӣ дар шакли ҳамкориҳои дуҷониба низ сурат хоҳанд гирифт, ки дастовардҳо дар соҳаи фарҳангу санъати мардуми кишварҳои узви ин созмонро ҳадафи асосӣ қарор додааст, - таъкид шуд дар нишасти вазирон.
Дар ҳошияи ҷаласа ҷонибҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонаҳо, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, тасдиқ намуданд. Аз котиботи СҲШ дархост гардид, ки онро ба баррасии Шурои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узв пешниҳод намояд, то масъалаи имзои онро тибқи тартиби муқарраршуда дар доираи раёсати Ӯзбекистон дар соли 2022 таъмин намояд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”, шаҳри Тошканд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5192
29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед