logo

Хабарҳо

ТОШКАНД. МАРОСИМИ РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ

 
Бо ибтикори Кумитаи муносибатҳои байнимиллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо мамолики хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон китобҳои устодон Мирзо Турсунзода ва Лоиқ “Чароғи абадӣ” ва “Ман намемирам” ва китоби “Шабогард”-и шоири муқими Тошканд Паймон дар нашриёти “Тамаддун”- и Тошканд интишор ёфтанд. Ин се китоб бо кумаки молии Хазинаи иҷтимоии пуштибонӣ аз ниҳодҳои шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба теъдоди 500 - нусхагӣ чоп шуд.
Раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо мамолики хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамбек Қурбонов дар маросими ифтитоҳи рӯнамоии китобҳо гуфт, ки дар кишвар бештар аз 130 миллату қавм дар фазои иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сар мебаранд. Барои тоҷикони Ӯзбекистон шароити созгор фароҳам оварда шудааст, ки фарзандони онҳо дар мактабҳои таълимоти умумӣ ва донишгоҳҳои дилхоҳи худ машғули таҳсил шаванд.
- Мо ба Ҳукумат пешниҳод кардем, ки барои идомаи таҳсили фарзандони мардуми тоҷиктабор дар кушоиши гурӯҳҳои иловагии тоҷикӣ дар факултаҳои гуногуни донишгоҳҳои мамлакатамон мусоидат намояд. Нуктаи дигар низ қобили қайд аст, ки шароити кори рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро беҳбуд хоҳем бахшид ва теъдоди муштариёни он ба карат афзоиш хоҳад ёфт. Қарор аст, ки барои таъмини китобхонаҳои муассисаҳои таълимии тоҷикии ҷумҳурӣ як идда лоиҳаҳо таҳти татбиқ қарор дода мешаванд. Аввалин падидаи онро имрӯз шумо шоҳид гардидед, - иброз дошт Рустамбек Қурбонов.
- Ман аз чунин иқдомоти наҷиб ва мусоидат ҷиҳати табъу нашри мероси адибони бузурги тоҷик ибрози миннатдорӣ мекунам. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду Сарвари давлат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад, ки чунин мерос ва ашъори адибон дар байни мардуми ин кишвари дӯсту баробар беш аз пеш доман фарох намудааст, - изҳор дошт сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва афзуд, ки сол ба сол риштаҳои дӯстиву рафоқат миёни тоҷи-кону ӯзбекон мустаҳкам мешавад ва дар соҳаи фарҳангу адаб низ, ҳамкориҳо беш аз пеш рушд доранд.
- Ин оғози кори мо дар мавриди табъу нашри осори адибони тоҷик ва тарғиби он дар ҷумҳурӣ мебошад. Нашри китобҳои зиёди илмиву бадеии олимон ва шоирону нависандагони маъруфи тоҷикро идома хоҳем дод. Ҳамзамон, барои чопи маводи аҳли қалами тоҷики кишварамон як идда лоиҳаҳо татбиқ хоҳанд шуд. Мо, ба ин васила, эҳтиёҷи мактабҳои таълимоти умумӣ, коллеҷҳову литсейҳои академикӣ ва гурӯҳҳои тоҷикии макотиби олии кишварамонро то ҳадди лозим қонеъ хоҳем кард, - гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова.
Дар ин маросим раиси бахши самарқандии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, сардабири маҷаллаи тоҷикии “Дурдонаҳои Шарқ” Асадулло Исмоилзода,  фарзанди устоди шодравон Лоиқ Диловари Лоиқзода, шоир ва журналист Тӯхтамиш Боқӣ, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона Масъуди Мирзо ва дигарон нашри се китобро дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон рӯйдоди беназир арзёбӣ карданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошканд  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2932
29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед