logo

Хабарҳо

РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки он дар баробари аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии он яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат буда, дар ин замина дараҷаи зисту зиндагии мардум беҳтар мегардад, диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
 
Аҳли заҳмати ноҳияи Рашт дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми саъю талошҳои худро равона месозанд.
Абдураззоқ Саломов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки заҳматкашони ноҳия   ҳамасола барои афзун гардондани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо он, ва дар ин замина, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар корҳои муайянеро ба иҷро мерасонанд.
- Тибқи нақша дар майдони 3 284 гектар кишт гузаронда, кишти зироатҳои техникӣ 437 ва  сабзавот 226 гектари онро ташкил медиҳад, - гуфт А. Саломов ва афзуд, ки имсол меҳнаткашони ноҳия уҳдадор шудаанд, кишти “нони дуюм” - картошкаро ба 1600 гектар расонанд. Мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза дар майдони беш аз 27 гектар кишти картошка гузаронда шуд.
Кишоварзони ноҳия дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ба соҳаи боғдорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва содироти меваҳои хушсифати гуногун пайваста заҳмат мекашанд. Ҳоло дар ноҳия 5 150 гектар боғ (24 гектар боғи интенсивӣ) мавҷуд аст. Имсол боғдорони ноҳия дар майдони 17 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 150 гектар боғҳои куҳнаи мавҷударо барқарор карданд.
- Ҳамин тавр, кишоварзони ноҳия аз ҳамаи имкониятҳои доштаи худ самаранок истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки дар ҳама самтҳои кишоварзӣ нақшаҳои ба уҳда гирифтаашонро иҷро намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва   дастархони мардум саҳмгузор бошанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат А. Саломов.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5201
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед