logo

Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Раиси шаҳр бо бардоштани парда ба кори боғча оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар он шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 кӯдак дар 9 гурӯҳи синну соли гуногун пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон дар масоҳати 0,24 гектар бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, барои ҳар як гурӯҳи таълимӣ шароити муосири тарбия таъмин гардидааст. 
Таълиму тарбия дар кӯдакистон пурра ба забони англисӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисони он дорои маълумоти олии касбӣ ва сертификати байналмилалии «Cambridge» мебошанд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр дар кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино Муассисаи томактабии хусусии «Душанбе Монтессори»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Масоҳати умумии иншоот 1632 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ошёна иборат аст ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар Муассисаи нав омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи барномаи Мария Монтессори ба кӯдакон таълим дода мешавад.
Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, толори фарҳангӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, толори машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, 4 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо - логопед, мусаввирӣ, мусиқӣ, равоншинос мебошад.
Дар ҳамин рӯз Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, шаҳраки 14, ноҳияи Сино гӯшаи мавсимии фурӯши маҳсулоти дастраси «Баҳор»-ро низ мавриди истифода қарор дод. Иншоот бо арзиши 8,85 миллион сомонӣ бунёд гардида, масоҳати умумии он 3700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар гӯшаи мавсимӣ 4 нуқтаи фурӯш, 3 ҳуҷраи хизматрасонӣ бо айвони тарҳи замонавӣ бунёд гардида, бо шароити муосири савдо муҷаҳҳаз мебошад. Дар он 20 нафар бо кор таъмин мегардад.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4746
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед