logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

 
- Истифодаи ғайриқонунии замин, ғасби худсарона ва бе иҷозатнома сохтани бино аз мушкилоти мубрамест, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам, ба назар мерасад. Гузашта аз ин, ҳолатҳои харидуфурӯши ғайриқонунии замин ва хонаҳои истиқоматӣ низ нигаронии ҷиддиро ба бор овардаанд. Шахсони мардумфиреб аз надоштани саводи кофии ҳуқуқии шаҳрвандон истифода бурда, замин ва хонаҳоро бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ё қалбакӣ мефурӯшанд, ки ин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд намудааст.
Ин матлаб зимни ҷаласаи навбатии Шурои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби прокурори ноҳия Фаррух Абдулқодирзода баён гардид. 
Дар ҷаласа нахуст Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ баромад намуда, иброз дошт ки Шуро соли 2013 таъсис ёфта, ҳамчун мақоми машваратии байниидоравӣ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаю идораҳои давлатӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва васоити ахбори оммаро оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мутобиқ месозад. 
Прокурори ноҳия Фаррух Абдулқодирзода, зимни баромади худ, ҳамчунин, гуфт, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия тамоюли болоравӣ дорад. Дар 5 моҳи соли равон 518 ҷиноят сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳолат зиёд мебошад. Мутаассифона, ҳолатҳои ҷиноят дар миёни ноболиғон низ ҷой доранд. Зиёд шудани худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ дар байни ноболиғон аз масъалаҳои дигаре буд, ки мавриди нигаронии амиқ қарор гирифт. Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ бо мисолҳои мушаххас ҳолатро арзёбӣ намуда, аз аъзои Шуро, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, нозирони минтақавӣ, директорони мактабҳо, котибони комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак даъват ба амал овард, ки барои пешгирии ин омили номатлуб чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Дар баробари дигар тадбирҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон густурда роҳандозӣ гардад.
Сафаралӣ Довудзода, муовини сардори шуъбаи-1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, гуфт, ки новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия дар бахши сохтмон, меъморӣ ва замин корҳои муайяне амалӣ мегарданд, вале афзоиши ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ дар ин самт ташвишовар боқӣ мемонад. Мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба замин бештар ба нозирони минтақавӣ вогузор шудааст. Дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони минтақавии ШВКД – 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ барои истифодаи замин бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он, риоя накардани қоидаҳои бино, иншоот, худсарона сохтани объектҳои таъиноташон гуногун, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ, 29 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.  
Ба иттилои Баҳовуддин Сафарзода, муовини сардори ШВКД – 2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, дар натиҷаи гузарондани санҷишҳо давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 23 шаҳрванд барои риоя накардани истифодаи замин ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда худсарона сохтани бино протоколҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. 
Аз рӯи масълаи дуюми рӯзномаи Шуро Шодимурод Аловиддинзода, муовини якуми раиси ноҳия, ҳамзамон, раиси Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба фаъолияти комиссия гузориш дод. 
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Шурои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Фирдавсӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4318
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед