logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

 
ТАСС. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо ҳамтои эрониаш Сайид Иброҳим Раисӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, зимни он аз густариши бештари муносибатҳои дуҷониба ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар дод. 
«Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ба сатҳи бадастомадаи равобити Россияву Эрон баҳои баланд доданд. Ба таҳкими пайвастаи онҳо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тиҷорату иқтисод, майли тарафайн изҳор гардид», - гуфта мешавад дар хабар.
 
 
 
Кишварҳои БРИКС ният доранд ҳамкориҳои тиҷоратиро амиқтар намоянд
 
Синхуа.  Ҷаласаи солонаи Шурои тиҷоратии БРИКС 2022 ҳаштуми июн тавассути видеоконфронс баргузор шуд. Дар он ҳудуди 150 нафар намояндаи гурӯҳҳои кории Шурои тиҷоратӣ ширкат доштанд.
Зимни нишаст изҳороти муштарак дар бораи эҷоди мушорикати босифат миёни кишварҳои БРИКС мунташир гардида, ба талошҳо ҷиҳати амиқтар кардани муколама ва тавсеаи ҳамкорӣ даъват шудааст. 
Чэн Ситсин, раиси бахши чинии Шурои тиҷоратии БРИКС гуфт, ки Чин бо ҳама ҷонибҳо барои истифода аз бартариҳои касбӣ ва манобеъ ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии иқтисод ҳамкорӣ мекунад.
 
 
 
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин 
 
Мир24. Дар Нур-Султон ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷӣ дар формати “Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор шуд. Ин як навъи нави муколамаи минтақавист. Вазифаи асосии он иҷрои созишномаҳои сарварони давлатҳо мебошад.
«Мо ҳамкориҳоро оид ба  равобити мутақобила амиқтар мегардонем, кори бехатар ва устувори масири Чин-Аврупоро таъмин мекунем, ба содагардонии расмиёти гумрукӣ мусоидат менамоем, долонҳои «сабз»-ро барои ҳамлу нақли борҳо беҳтар месозем, барқарорсозии парвозҳоро суръат мебахшем», - гуфт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И. 
Ӯ зимни мулоқот дар шакли «Осиёи Марказӣ - Чин» изҳор дошт, ки Нур-Султон ва Пекин ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ тавсеа медиҳанд.  
Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Чин дар пайи ин нишаст изҳороти муштарак қабул намуданд.  
 
 
 
Изҳороти Дабири кулли СММ 
 
Lenta.ru. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки ба далели болоравии нархи нуриҳо ҷаҳонро камбуди зироатҳои ғалладонагӣ таҳдид мекунад.
Болоравии нархи нуриҳои минералӣ, ки дар пайи муноқиша дар Украина ва, ҳамчунин, таҳримҳо алайҳи Россия ва Беларус ба вуҷуд омадаанд, метавонад ба камбуди ҳосил оварда расонад, ки ба миллиардҳо нафар дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад.  Гутерриш гуфт, ки нархи нуриҳои минералӣ ба ҳадди баландтарин расида, беш аз ду баробар афзудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7667
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед