logo

Хабарҳо

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

 

Пирӯзии калони Тоҷикистон бар Мянмар
 
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 (гурӯҳи “F”) бар мунтахаби Мянмар ғолиб омад. 
Вохӯрӣ 8 июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов (Бишкек, Қирғизистон) сурат гирифта, футболбозони тоҷик чор голи беҷавоб заданд. 
Тӯбҳоро Шервонӣ Мабатшоев (дақ.9, 58), Манучеҳр Ҷалилов (56, аз пеналти), Эҳсон Панҷшанбе (84) ба самар расонданд.
Мунтахаби мо дар даври навбатӣ бо Сингапур (11 июн) зӯр меозмояд. 
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 бо иштироки 24 даста дар шаш гурӯҳ баргузор гардида, ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба даври финалӣ роҳхат мегиранд.
 
 
СУПЕРЛИГА
Футзалбозони "Равшан" дар садри ҷадваланд
 
Пас аз натиҷагирии ду даври Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеъ дорад. 
Футзалбозони шаҳри Кӯлоб дар даври дуюм КМВА-ро шикаст доданд (6:5). 
Натиҷаи бозиҳои дигар: «Истаравшан» – «Пойтахт» – 5:2, «Соро компания» – «Самандар» – 15:1 ва «Сипар» – «Истиқлол» – 4:1. 
Дар даври сеюм «Сипар» бо «Истаравшан», «Самандар» бо «Истиқлол» (11 июн), «Равшан» бо «Соро компания» ва «Пойтахт» бо КМВА (12 июн) неру месанҷанд. 
 
 
ВАРЗИШИ САБУК
Дурахши давандаҳои тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ
 
Варзишгарони тоҷик дар 4-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов (4 – 5 июн, Тошкент, Ӯзбекистон) 12 медал (3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ) гирифтанд.
Медалҳои тиллоро Илдар Аҳмадиев (дар масофаи 100 метр), Фаворис Музрапов (200 метр) ва Леонид Пронженко (400 метр) ба даст оварданд. 
Нишонҳои нуқра насиби Илдар Аҳмадиев (ҷаҳиш ба дарозӣ), Фаворис Музрапов (100 метр), Леонид Пронженко (110 метр бо монеаҳо), Муҳаммадризо Мирзозода (400 метр бо монеаҳо), Раҷабмо Абдуллоева (5000 метр) гаштанд. 
Раҷабмо Абдуллоева (10000 метр), Меҳробҷон Одинаев (10000 метр), Зикрилло Тӯрахонов (найзапартоӣ) ва  тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр (3:40.59) барандаи зинаҳои сеюм гардиданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7905
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед