logo

Хабарҳо

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

Мир24. СММ аз ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистон пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад изҳор дошт. Вай бо сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуда, бо Президенти кишвар Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд.  
Қазоқистон ва СММ ният доранд ҳамкориро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, норасоии об, инчунин, рушди соҳаи маориф, ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон идома диҳанд. Роҳбари Қазоқистон таъкид кард, ки дар замони буҳрон муттаҳид намудани талошҳо муҳим аст.
Амина Муҳаммад дар нишасти матбуотӣ гуфт: «СММ дастгирии худро аз Қазоқистон густариш медиҳад. Ислоҳоте, ки Президент дар низоми сиёсӣ оғоз кардааст, имкон медиҳад, ки пешрафтҳои бадастомада дар кишвар рушд ёбанд. Аз ин рӯ, Созмони байналмилалӣ омода аст, минбаъд низ, дар ҳалли мушкилоти таъхирнопазири кишвар саҳм гузорад».
 
 
 
Лавров бо ҳамтоёнаш аз СААД механизмҳои ҳамкорӣ дар шароити муосирро баррасӣ намуд
 
ТАСС. Имрӯз Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар Ереван баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Мария Захарова, намояндаи расмии ВКХ-и Россия, қаблан гуфта буд, ки ширкаткунандагони нишаст натоиҷи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи СААД ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ  менамоянд. Илова бар ин, вазирон ба ҳолати кунунии вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви ин Созмон, ҳамчунин, масъалаҳои такмили механизми вокуниш ба буҳрони СААД дахл хоҳанд кард.
 
 
 
Вазорати молияи ИМА: «Таҳримҳо алайҳи Россия ба худи ИМА зарба мезананд»
 
RT. Вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Россия боиси афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар бозори Амрико шудааст. Ба гуфтаи Йеллен, дар ояндаи наздик паст шудани қимати маводи сӯзишворӣ дар ИМА дар назар нест. Рушди иқтисоди Амрико ба далели ҳаводисе, ки дар ҷаҳон рух медиҳад, коҳиш хоҳад ёфт. Аммо аз таназзул набояд тарсид.
Пештар Йеллен гуфта буд, ки таваррум дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо вуҷуди чораҳои андешидаи маъмурияти Амрико дар сатҳи ғайри қобили қабул боқӣ мемонад.
 
 
 
Беларус ва Россия ҳамкориҳои минтақавиро густариш медиҳанд
Мир24. Беларус ва Россия ҳамкориҳои минтақавиро густариш хоҳанд дод. Дар ин бора дар мулоқот бо дипломатҳои рус раиси Комиссияи доимӣ оид ба корҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагони Беларус Андрей Савиних изҳор дошт.
Ҳоло кишварҳо ба ивази воридот таваҷҷуҳ доранд. Беларус ба Россия маҳсулоти хӯрокворӣ, қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо, мошинҳои кишоварзӣ содирот мекунад. Аммо иқтидори ҳамкориҳо тамом нашудааст. 
«Дар соҳаи саноат мо имсол ба рушди устувор ноил хоҳем шуд. Воқеан, мо ҳузури худро дар минтақаҳои Россия амиқтар карда истодаем ва минтақаҳои Россия робитаҳоро бо корхонаҳои мо тавсеа медиҳанд», - таъкид кард Андрей Савиних.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3879
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед