logo

Хабарҳо

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ва дигар шахсони расмӣ бинои  навбунёди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре иттилоъ доданд, бинои мазкур дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, ҷойгир буда, он бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта шудааст. Бинои навсохт аз ду ошёна иборат буда, масоҳати зиёда аз 1800 метри мураббаъро дар бар мегирад, ки инфрасохтори хуб ва мукаммалро барои таълим фароҳам овардааст. Бино дорои синфхонаҳои таълимии замонавии бо тахтаҳои электронӣ, толорҳои конфронсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, толорҳои фарҳангӣ, китобхона, бойгонӣ, осорхона, аудиторияҳои бисёрфунксионалӣ, толори рақс ва варзиши намуди ушу, ошхона ва ғайра мебошад. 
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки робитаҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таърихи тулонӣ дошта, бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ва роҳандозии сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат дар сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ ин равобити ҳасана дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид карданд: “Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи наздик, дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Таҳкиму густариши равобити дӯстона бо он аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо буд, ҳаст ва дар оянда ҳам боқӣ хоҳад монд”. 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманд изҳори хушнудӣ намуд. Мавсуф ба истифода додани бинои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимию фарҳангиро туҳфаи арзанда ба омӯзандагони забони чинӣ донист.
Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта тавассути рушду такомули ҳамкориҳои мутақобилан судманди фарҳангию дӯстона бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯи кор омадааст, ки ин ифтитоҳи бинои хуштарҳи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Донишкада моҳи августи соли 2008 бо ташаббус ва дастгирии муштараки Тоҷикистон ва Чин таъсис ёфта, тули фаъолияти худ ба рушди босуръат ва натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. 
Гуфта шуд, ки Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои хориҷии Чин ҳамеша дар самти равобити дӯстона ва ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар рушди Донишкадаи мазкур нақши муҳим дорад. Зиёда аз 120 омӯзгор ва волонтёр бо маводи гуногуни таълимӣ, воситаҳои техникӣ ба Донишкада барои тадриси забон ва фарҳанги чинӣ фиристода шуданд. 
Донишкада се маротиба дар ҷаҳон унвони «Донишкадаи Конфутсийи намунавӣ»-ро ба даст овардааст. Моҳи декабри соли 2017 Ван Хуиджуан, омӯзгори Донишкада, дар миёни 46 200 омӯзгори забони чинӣ ва хориҷӣ дар ҷаҳон ба унвони “Омӯзгори беҳтарини Институти Конфутсий” сарфароз гардид. 
Самти асосии фаъолияти Донишкадаи Конфутсийро табодул ва ҳамкориҳои муташаккилона дар соҳаи илму маориф ва фарҳанги Чин бо кишварҳои хориҷ ташкил медиҳад. 
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4248
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед