logo

Хабарҳо

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

 
Дар доираи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи 15-уми Шурои ҷавонони СҲШ баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Россия иштирок карда, масъалаҳои зиёди марбут ба беҳбуди шароит ва имконият барои роҳандозии фаъолиятҳои доманфарохи ҷавононро матраҳ намуданд. Аз Тоҷикистон як гурӯҳ таҳти раёсати муовини раиси Иттифоқи ҷавонон Умед Раҳимзода ширкат кард. 
Ҷан Мин, Дабири кулли СҲШ, зимни суханронии онлайнӣ таъкид варзид, ки СҲШ бо фаъолияти пурсамари худ дар байни созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Пахши коронавирус ғайр аз он ки пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва саломатии одамони зиёдро ба бунбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ намуд, ба ҷавонон низ аз нигоҳи ҷисмонӣ ва равонӣ таъсири манфӣ расонд. Онҳо натавонистанд фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун муваффақона идома диҳанд. Аз сӯи дигар, танишҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, афзоиши таҳдиди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил низ аз омилҳое мебошанд, ки барои дар вақти муқарраршуда баргузор шудани ҷаласаи ҷавонон мушкил эҷод намуд.
Дабири кулли СҲШ афзуд, ки ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ ба дастгирии Ҳукумат ва созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ хеле ниёз доранд. СҲШ ҳамеша ба ҷавонон ҷиҳати тавсеаи фаъолиятҳояшон таваҷҷуҳи вижа зоҳир мекунад. Ба таври мисол, сарварони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2018 дар нишасти Синдао ба унвони ҷавонон муроҷиатномаи муштарак қабул карданд. Инчунин, 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе як ҳуҷҷати консептуалӣ ба имзо расид, ки маҳз ба ҷавонон нигаронда шудааст. 
- Агентии мо дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии кишварамон бори нахуст дар байни ҷавонони соҳибкори кишварҳои аъзои СҲШ озмуни стартап баргузор намуд. Ба озмун 2 ҳазор лоиҳа пешниҳод гардид. Чунин тарзи кор имкон фароҳам меоварад, ки ҷавонон дар фазои СҲШ бо сармоягузорони варзида бевосита вориди мулоқот мешаванд ва дар онҳо барои татбиқи лоиҳаҳо, тавсеаи фаъолиятҳояшон такони ҷиддӣ ба амал меояд. Мо бояд барои ташкили мусобиқаҳои интелектуалии байни ҷавонон аз таҷрибаҳои Чин ва Ҳиндустон фаровон истифода кунем, - гуфт раиси Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев.
Гуфта шуд, ки солҳои ахир муваффақтарин шатранҷбозони ҷаҳон аз кишварҳои узви СҲШ баромадаанд, барои ҳамин дар чаҳорчӯбаи Шурои ҷавонони СҲШ роҳандозии мусобиқаҳои шоҳмот ба мақсад мувофиқ аст. 
Алишер Саъдуллоев дар ин замина изҳор кард, ки агар ҳамтоёнаш пешниҳоди ӯро дастгирӣ кунанд, Ӯзбекистон чунин мусобиқаҳои нахустинро ташкил мекунад.
- Роҳандозии озмуни лоиҳаҳо-стартап дар миёни ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ мусоидат хоҳад кард, ки онҳо барои инкишоф додани фаъолиятҳои соҳибкорӣ маҳорату малакаи худро санҷанд. Зеро он ғояҳои навро ба вуҷуд меорад ва ҷиҳати татбиқи он майдони васеъ фароҳам мекунад, - гуфт муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар фазои СҲШ 3,2 миллиард аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва 55 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил менамоянд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион аҳолӣ ба сар мебарад, ки бештар аз 70 дарсади онҳо ҷавононанд.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу таъсиси чорабиниҳои гуногуни ҷавононро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Бар ин асос, ҷавонони кишвар метавонанд аз имкониятҳои беҳтару бештар бархӯрдор бошанд. Бо дарки маънӣ ҷавонони тоҷик талош ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ саҳми калон гузоранд,- изҳор намуд Умед Раҳимзода.
Дар доираи ин нишаст марҳилаи ниҳоии озмуни «Unicorns ShHT: Беҳтарин лоиҳаҳои стартапи байни ҷавонони СҲШ» натиҷагирӣ шуд. Ин озмун бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Дар он аз ҳамаи кишварҳои аъзои СҲШ ҷавонони боистеъдод ширкат карданд. Ба гуфтаи дастандаркорон маблағи умумӣ 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил кард ва дар он даҳ нафар ба сифати ғолиб эътироф шуданд. 
- Як қатор сармоягузорон барои рағбатнокии ҷавонони боистеъдоди кишварҳои аъзои СҲШ, ки ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ шавқ доранд, аз 50 то 100 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос хоҳанд дод, - гуфт яке аз масъулони роҳандозии ин озмун Меъроҷ Ориён.
Дар охир Барномаи ҳамкориҳои СҲШ дар бахши ҷавонон барои солҳои 2022-2023 ба тасвиб расид.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3822
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед