logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

 
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки сардорони шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа, асосан, се масъала, аз ҷумла татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025, арзу шикояти шаҳрвандон ва баррасии онҳо, инчунин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” баррасӣ шуд.
Тавре раиси шуро, прокурори ноҳия Фарух Абдулқодирзода қайд намуд, терроризм ва экстремизм аз рӯи миқёс ва оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Дар ҳоле ки ҳамагӣ чанд сол қабл созмонҳои террористӣ танҳо нақшаи тасарруфи қудратро дар кишварҳои алоҳида доштанд. Имрӯз онҳо нияти забти ҳокимиятро дар қитъаҳои бузурги олам ва бунёди империяи сиёсӣ доранд. Омилҳои ин тағйирот азнавтақсимшавии қудрат байни созмонҳои террористӣ маҳсуб меёбанд. 
Созмонҳои амалкунандаи террористии минтақа ба монанди «Ҳизби Исломии Туркистон», ҷамоати «Ансоруллоҳ», «Ал-Қоида» ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломии Ироқу Шом» дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм то андозае саркӯб шудаанд. Меҳвар ва ғояи сиёсати ин ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро идеологияи экстремистии «Салафия» ташкил дода, дар минтақаҳо барои ноором сохтани вазъи сиёсии ин ё он кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон, таҳдид ва хатари ҷиддӣ доранд. 
Шарофиддин Давлатзода, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, иброз дошт, ҳолате, ки имрӯз боиси ташвиш ва нигаронӣ аст, ин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва иттиҳодияи экстремистии «Гурӯҳи 24» буда, дар талоши истифода аз фазои маҷозӣ, яъне интернет пахш намудани ғояҳои ифротӣ миёни аҳолӣ ва бо ин мақсад, паст задани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
- Ҳодисаҳои охири ҷаҳон, аз қабили ғасби ҳокимият аз ҷониби «Толибон» дар Афғонистон ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистонро аъзои ин ташкилотҳои террористӣ ҷонибдорӣ намуда, амалӣ гардондани чунин ғаразҳоро дар Тоҷикистон низ доранд. Мисоли ин гуфтаҳоро дар сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти тахрибкоронаи террористӣ дидан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои муҳофизи давлатиро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ фаъолиятро ҷиддитар намоем, - гуфт Шарофиддин Давлатзода.
Саодат Шукурзода, муовини раиси ноҳия, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025 қарори раиси ноҳия дар бораи тасдиқи нақша-чорабиниҳо  таҳия гардида, як қатор тадбирҳои судманд ва чораҳои мушаххаси таъсиррасонӣ андешида шудаанд. Дар робита ба иҷрои санадҳои қабулгардида ҳамасола тибқи нақшаи муштарак бо донишҷӯёну хонандагон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ҷиҳати риояи талаботи қонунҳои амалкунанда суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешаванд.
- Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 108 сокини ноҳия, ки дар кишварҳои хориҷӣ барои гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидааст, бо гузарондани вохӯриҳо бо волидони онҳо то имрӯз 107 нафараш ба Ватан баргардонда шуд, - иброз дошт Саодат Шукурзода. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5828
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед