logo

Хабарҳо

СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

 
Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати чаҳор соли арзи вуҷудаш чандин чорабинии фарҳангӣ, экологӣ ва варзиширо ба роҳ мондааст, ки ҳадаф таҳкими риштаҳои дӯстӣ миёни мардумони ҳавзаи Созмон мебошад.
Ин нуктаро Қобилҷон Собиров, роҳбари Маркази дипломатияи халқии СҲШ, ки дафтараш дар шаҳри Тошканд аст, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” баён намуд. 
- Соли гузашта барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе даъват шудам. Дар ин маросим Дабири кулли вақти СҲШ Владимир Норов ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ширкат намуданд. Ҳоло ин марказ мисли маркази мо фаъолиятҳояшро дар заминаи дипломатияи халқӣ хеле пурсамар идома медиҳад. Албатта, таҷрибае, ки мо дар тули чаҳор сол ҳосил намудаем, барои дӯстони тоҷикамон низ тавъам мебошанд. Марказҳои дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ба сифати як ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти ин Созмони бонуфуз ташкил шудаанд, - гуфт Қобилҷон Собиров.
Номбурда изҳори бовар намуд, ки Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои СҲШ, ки 15 – 16 сентябри соли равон таҳти раёсати Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, иттиҳоду ҳамбастагиро дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳад дод. Шаҳри Самарқанд ба сифати рамзӣ барои баргузории ин нишасти бонуфуз интихоб шудааст, зеро он шаҳри тамаддунофар ва дорои таърихи қадима мебошад.
Ба таъкиди роҳбари Маркази дипломатияи халқии СҲШ сарфи назар аз ҳар гуна низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ, истифодаи ниҳоди дипломатияи халқӣ бо дарки маънои он дар мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолгардонии ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле мусоидат хоҳад кард.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5139
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед