logo

Хабарҳо

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии муовини директори Департамент оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Субир Лалл мулоқот кард, ки дар он масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ҳоким Холиқзода ба ҳайати ниҳоди байналмилалии молиявии бонуфуз барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ, арзи сипос намуда, сафари Субир Лалл ва ҳамроҳонашро, ки баъд аз гуфтушунидҳои фосилавии 2-сола ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, муҳим ва саривақтӣ хонд.
Раиси БМТ Субир Лалл ва ҳамроҳонашро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ шинос намуда, зикр кард, ки бо вуҷуди вазъи феълии сиёсиву молиявии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, бетаъсир нест, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар 5 моҳи соли равон 7,4 фоизро ташкил дод, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-май ба 3,9 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ паст мебошад. Дар маҷмуъ, новобаста аз афзоиши фишорҳои берунӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 ва 5 моҳи соли 2022 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.
Ҷаноби Субир Лалл барои  пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гертнерро, ки ба тозагӣ ба вазифаи мазкур интихоб гардида, бори нахуст ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардааст, муаррифӣ кард.
- Ҳадаф аз ташрифи ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ-бонкӣ буда, дар ин сафар, ки аз 16 то 22 июн идома меёбад бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳем дод, - иброз дошт Субир Лалл.
Ҳоким Холиқзода барои идома бахшидани ҳамкорӣ бо ХБА баҳри дар оянда татбиқ намудани барномаҳои нав ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, идоракунии босамари захираҳои байналмилалӣ, таҳлил ва идоракунии хавфҳо,  танзим ва назорати низоми бонкӣ, тақвият бахшидани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши низоми пардохт, рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ ва низоми комплеанс изҳори ҳавасмандӣ кард.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3466
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед