logo

Хабарҳо

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

 
Мир24. Александр Лукашенко аз майдонҳои таҷрибавӣ, ки шахсан ба онҳо назорат мекунад, боздид намуд. Майдонҳо дар вилоятҳои Могилёв ва Витебск ҷойгиранд.
Дар ин ҷо навъҳои нави ғалла ва дигар зироатҳо парвариш гардида, технологияи навтаринро кор мебаранд, ки баъд ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн карда мешаванд. Президент ба кишт баҳои баланд дода, дар назди деҳқонон вазифа гузошт, ки истеҳсоли ғалладонагиҳоро ба 10 миллион тонна расонанд.
 
 
Пешниҳоди Шавкат Мирзиёев  
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки моҳи декабри соли 2021 ташаббуси ислоҳоти конститутсиониро оғоз намуда буд, пешниҳод кард, ки барои тарҳи қонуни нави асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад. 
«Бо ташаббуси комиссия пешниҳод менамоям, ки лоиҳаи таҳиянамудаи парлумон ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, тавассути раъйпурсӣ қабул карда шавад», - гуфт Мирзиёев дар ҷаласаи комиссияи конститутсионӣ. 
Президенти Ӯзбе-кистон таъкид намуд, ки баргузории раъйпурсӣ ба принсипи «манбаъ ва муаллифи ягонаи конститутсия халқ аст» мувофиқат мекунад. «Он гоҳ ҳар як ҳамватани мо метавонад бо ифтихор  бигӯяд:  Конститутсияи  нави  Ӯзбекистон - Конститутсияи ман аст», - афзуд Мирзиёев.
 
 
Боррел: «Хоҳишмандон метавонанд озодона аз Россия ғизо ва нуриҳо бихаранд»
RT. «Таҳримоти мо ба нуриҳои минералӣ ва ғизо дахл надоранд. Ҳар касе мехоҳад онҳоро харидорӣ кунад, метавонад ин корро комилан озод анҷом диҳад», - гуфт роҳбари хадамоти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел. 
Қаблан ӯ гуфта буд, ки Иттиҳоди Аврупо ният дорад бо шариконаш, аз ҷумла СММ, барои ҷилавгирӣ аз халалдор шудани интиқоли ғизо дар бозори ҷаҳонӣ, ки бар асари таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, ҳамкорӣ намояд.
Сафири Россия дар Вашингтон Анатолий Антонов гуфт, ки Москва омода аст дар бахши ғизо ҳамкорӣ кунад, агар ИМА хостори беҳбуди бозори кишоварзӣ бошад.
 
 
Мулоқоти сарвазирони Россия ва Беларус
Мир 24. Сарвазири Беларус Роман Головченко ва Сарвазири Федератсияи Россия Михаил Мишустин дар Минск мулоқот карда, лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд. Инчунин, онҳо иброз доштанд, ки Россия ва Беларус бо ҳамкории муштарак метавонанд оқибатҳои ногувори таҳримҳоро бартараф созанд.  
«Мо якҷоя ба фишори таҳримҳои бесобиқа аз ҷониби давлатҳои ғайридӯст, ки бо ҷанги умумии иқтисодӣ муқоиса карда мешавад, муқовимат менамоем. Ҳадафи он ҷудо кардани Россия ва Беларус аз низоми байналмилалии молӣ, суст намудани рушди иқтисодӣ, халалдор сохтани истиқлолияти технологии кишварҳои мо ва дар ниҳоят бадтар кардани зиндагии шаҳрвандони мост»,- гуфт Мишустин.
 
 
Қазоқистон аслиҳаи дуздидашуда дар ҷараёни эътирозҳоро таҳдид номид
Lenta.ru. Сардори раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон Санҷар Одилов силоҳҳои дуздидашуда дар ошӯбҳои моҳи январро таҳдид номид. Зиёда аз ду ҳазор аслиҳа ҳанӯз дар дасти ҷинояткорон мебошад. 
Сардори раёсат гуфт, ки дар ҷараёни тазоҳурот 30 гранатомёт, ду пулемёт, 122 автомат ва 379 таппонча рабуда шудааст.
Ба гуфтаи Одилов, ҷинояткорон ҳар вақт метавонанд аз ин силоҳҳо алайҳи мардуми осоишта истифода намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4026
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед