logo

Хабарҳо

Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

 
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои вазорат, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ дар амри мубориза бо таҳдидҳои замони муосир
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ барои амалисозии созишномаҳои қаблан имзошуда ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, дар суҳбат зикр гардид, ки сол то сол ҳамкориҳои тарафайн дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои якҷояро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот баррасӣ карда, аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.
 
 
Густариши ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Солиевро, ки бо як гурӯҳ меҳмонон ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2022” ба Хуҷанд ташриф овард, ба ҳузур пазируфт, - иттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилоят. 
Гуфта шуд, ки соли 2021 гардиши молу маҳсулот миёни вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 4 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин нишондод дар 4 моҳи сипаригардидаи соли равон қариб ба 4 миллион доллар расидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода оид ба вазъи соҳаи саноат ва кишоварзии вилояти Суғд маълумот дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳошияи ярмарка доираҳои тиҷоратии ду вилоят созишномаҳои нави ҳамкориро имзо ва лоиҳаҳои навро амалӣ месозанд. Ҳокими вилояти Ҷиззах барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодагии худро баён намуд.
 
 
Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷ
Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гурӯҳи зоиронро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода ва сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.
Ба маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сулаймон Давлатзода таваҷҷуҳи зоиронро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуда, гуфт, ки ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омадааст, хатари он  ҳанӯз ҳам  вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, дар кишвари мизбони ҳаҷ риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин бемориро ба ҷо оварда, солимии худро ҳифз намоед.
Аз ҷониби Сафорати Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардиданд.
 
 
Донишгоҳи миллӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум шуд
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ сазовори  ҷойи якум гардид. 
Ҷойи дуюм ба дастаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода насиб гашт. Мақоми  сеюмро  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба даст оварданд, - иттилоъ дод маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Дар ҷамъбаст 14 донишҷӯ ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм, 10 кас ҷойи сеюм ва 18 нафар бо ифтихорнома сазовор дониста шуданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба ғолибон ва иштирокдорони фаъол диплом, ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Устодоне, ки шогирдонашон дар озмун мақоми аввалро ба даст оварданд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм» ҳавасманд гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5304
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед