logo

Хабарҳо

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

 
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз равобити наздик бо ҳамтои русаш Владимир Путин қаноатманд аст ва ӯро шарики боэътимод медонад.  
Роҳбари Қазоқистон иброз дошт, ки пас аз Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт- Петербург ҳафтаи гузашта бо Путин мулоқоти хеле гуворо доштанд. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот доир ба чанд масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Москва ва Нур-Султон гуфтугӯ карданд. 
«Путин хеле ором ва ба худ боварӣ дошт», - гуфт Токаев.
 
 
Президенти Венесуэла хостори лағви таҳримҳо алайҳи Россия шуд
RT. Президенти Венесуэла Николас Мадуро аз кишварҳое, ки таҳримҳои зидди Россия ҷорӣ кардаанд, хост, то онҳоро лағв кунанд, зеро ин ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Илова бар ин, ба гуфтаи Мадуро, таҳримҳои ҷорӣ ба бумеранг табдил ёфта, ба иқтисоди  кишварҳое, ки онҳоро ҷорӣ кардаанд, зарба задаанд.
"Элитаи аврупоӣ ва амрикоӣ кар ва нобино ҳастанд, онҳо намехоҳанд вазъи воқеии корҳоро аз ғурур, эҳсоси бартарӣ, ба хотири интиқом аз Россия бубинанд», - гуфт ӯ.
 
 
Нишасти вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад
CentralAsia (UZ). 24 июн дар Тошкент дар чаҳорчӯбаи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Ҷаласаи дуюми вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ баргузор хоҳад шуд.
Вазирони энергетикаи Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Россия вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар чунин самти стратегӣ барои ин Созмонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ҷамъбасти ҷаласа тасдиқи маҷмуи санадҳо оид ба масири энергетикии СҲШ, аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи энергетика ва лоиҳаи Барномаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи истифода аз манобеи барқароршавандаи энергия, ки бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон оғоз шудааст, дар назар аст.
 
 
Даъвати Дабири кулли СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ  
Мир 24. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Афғонистон дар рафъи оқибатҳои заминларза ёрӣ расонанд.  
“Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ умед мебандем, ки ба садҳо оилаҳои аз ин офати табиӣ осебдида кумак намоянд. Вақти нишон додани ҳамбастагӣ аст"- гуфт Гутерриш.
Вай, ҳамчунин, афзуд, ки кормандони СММ дар маҳал вазъро арзёбӣ намуда,  ба ниёзмандон ёрии фаврӣ мерасонанд.
Дабири кулли СММ, ҳамчунин, ба хонаводаҳои қурбониён таслияти амиқ баён кардааст.
 
 
Си Ҷинпин ба ҷаҳони бидуни  яккаҳукмронӣ даъват кард
РБК. Мисоли таърихии қарни XX нишон медиҳад, ки ҳукмронии давлатҳои алоҳида ва бархӯрди блокҳои низомӣ на ба амнияти ҷаҳон, балки ба ҷангу низоъ мебарад, - гуфт Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими ифтитоҳи форуми БРИКС.
«Таърих шаҳодат медиҳад, ки яккаҳукмронӣ, сиёсати блокҳо, зиддиятҳои байни мамлакатҳои  гуногун сулҳу амонӣ наоварда, балки фақат ба ҷанг ва ҷанҷолҳо оварда мерасонад», -иброз дошт ӯ. 
Ба гуфтаи Роҳбари Чин, буҳрони Украина ба ҷаҳониён занги ҳушдор дод: тавсеаи блокҳои низомӣ ва талош барои таъмини амнияти бархе  давлатҳо аз ҳисоби давлатҳои дигар  амниятро зери хатар мегузорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3128
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед