logo

Хабарҳо

Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

 
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор Субир Лал вохӯрд. Ҷонибҳо ба масъалаи таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, нақшаву дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, саноат, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд, - иттилоъ дод АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки дар заминаи татбиқи ислоҳот, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор, солҳои охир фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гашта, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва, ба ин васила, рушди соҳаҳои афзал шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷонибҳо аз вусъати ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд, тақвияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷа баён намуданд.
 
 
Вакилон лоиҳаи як қатор қонунҳоро баррасӣ карданд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи вориди тағйиру иловаҳоро ба як қатор қонунҳо  мавриди баррасӣ қарор доданд, - хабар дод маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон. 
Дар иҷлосия лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва ғайра баррасӣ гардида, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
 
 
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи сатҳи баланд
Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-уми Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4) дар шаҳри Найробии Кения иштирок доранд. Ҷаласа то 26 июн идома меёбад.
Тавре аз Кумита хабар доданд, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дастгирии муқаррароти Конвенсия ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар мубоҳисаҳо ва гуфтушунидҳои онҳо дар ҷаласаи чоруми Гурӯҳи корӣ (WG2020-4) ба ҳисоб рафта, як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ аз тарафи коршиносони асосии техникӣ бо дастгирии котибот оид ба масъалаҳои марбут ташкил карда мешаванд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4761
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед