logo

Хабарҳо

Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

 
Ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст,  моро сахт андуҳгин кард.
Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ дод, ки тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем ва барои осебдидагони фоҷиаи табиӣ орзуи шифои комил дорем.
 
 
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси ШуМин мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди музокирот қарор гирифт. 
Рустами Эмомалӣ Тзси ШуМинро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун, бахусус амалисозии лоиҳаҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе, хеле васеъ ба роҳ монда шудаанд.
Ба Сафорати Чин дар Тоҷикистон  барои расондани кумаки моддии Ҳукумати Чин дар шакли ваксинаҳои зидди коронавирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ ва техникаҳои коммуналии замонавӣ изҳори сипос карда шуд.
  
 
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ бо Туркия
Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл барои тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки дар давоми 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтарро касб кардаанд.
Гуфта шуд, ки то имрӯз зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Туркия мебошад. 
 
 
Тоҷикистон ва Эрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Президенти Эрон оид ба умури Афғонистон Ҳасан Козимии Қумиро ба ҳузур пазируфт. 
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин, дигар масъалаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
 
 
Намоиши мусаввараҳои рассомони рус дар Осорхонаи миллӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия намоиши «Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ки он то 23 август идома меёбад.
Ба иттилои шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ, дар намоиш 62 мусаввараи 50 рассоми рус ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар ифтитоҳи он намояндагони вазоратҳои фарҳангу корҳои хориҷӣ, Академияи миллии илмҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ҲХДТ, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ва ҳаводорони санъату ҳунари рассомӣ иштирок намуданд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4362
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед