logo

Хабарҳо

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

 
Бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи расмии Фестивал дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳр Баҳром Исмоилзода ва ҳайати ҳакамон баргузор гардид. 
Дилбар Одилзода паёми шодбошии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокчиён ироа намуда, зикр кард, ки баргузории Фестивал иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстонаи эҷодӣ миёни насли наврас арзёбӣ гардида, он дар пайравӣ ба сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфта, ба таъмини шароити мусоид баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, санъат ва, дар ин замина мусоидат ба рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас, ҳамзамон, муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои рушди кӯдакон мусоидат менамояд.
Дар Фестивал ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон иборат аз 300 нафар аз Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои рақс, суруд ва навозандагӣ ҳунарнамоӣ карданд. Иштирокчиён, инчунин, бо мақсади ошноӣ аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз маконҳои таърихӣ, боғҳои истироҳатӣ ва осорхонаву театрҳо дидан намуданд. Аз ҷумла, тибқи нақшаи корӣ иштирокчиён ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, доир ба таъриху фарҳанги шаҳрдории мардуми тоҷик шинос шуданд. Ҳамзамон, аз Муассисаи давлатии “Кохи Наврӯз”, ки яке аз маконҳои зебои пойтахт ба ҳисоб меравад, дидан намуда, бо тарҳи нотакрори нақшу нигор ва кандакориҳои ин Муассиса ошно гардиданд.  
Тибқи барномаи Фестивал дар Муассисаи давлатии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе озмуни мусиқавии иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардид. Ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни озмун раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, Ҳунарманди халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии СССР Зебо Аминзода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ ва раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоев баҳогузорӣ намуданд.
Дар маросими пӯшидашавии Фестивал, ки бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони сохторҳои гуногун, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён ҷараён гирифт, ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳо супурда шуд. 
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА, таҷрибаомӯзи “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4872
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед