logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 
ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО
Мушкиле, ки ҳалталаб боқӣ мемонад
Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода аз пошхӯрии бесобиқаи оилаҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ 7 ҳазору 265 ҳолати бекор кардани ақди нигоҳ ба қайд гирифта шуд.
- Бемории яке аз ҳамсарон, бефарзандӣ, муҳоҷират, хушунат, дахолати шахси сеюм ба вайроншавии хонаводаҳо оварда мерасонад. Дар ин маврид Кумита аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад, то ин равандро коҳиш диҳад. Кумита тасмим дорад, ки солҳои наздик дар пойтахти мамлакат  хобгоҳи махсус барои шахсони хушунатдида, бавижа занону духтарон, бисозад, - изҳор дошт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Ба гуфтаи ӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои бунёди бинои зикршуда қитъаи замин ҷудо кард ва лоиҳаи сохтмон ҳоло дар сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр аст. Ин иқдом барои ба ҳимояи давлат гирифтани занони бекас ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо бисёр зарур аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АГЕНТӢ
Фаъолияти 7 муассисаи таълимӣ қатъ гашт
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 515 муассисаи таълимӣ санҷиши сифати таҳсилот гузаронд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта 16 муассиса зиёд мебошад.
Тавре Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар натиҷа иҷозатномаи 7 муассисаи давлатию хусусӣ аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд, Бӯстон, Мастчоҳ бозхонд ва фаъолияти онҳо қатъ гардид. Ҳамчунин, 10 ҳуҷҷати қалбакӣ ошкор ва қонуншиканон ба мақомоти дахлдор супурда шуданд.
- Дар самти таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, таъмини кадрҳои баландихтисос пешравии чашмрас ба назар мерасад, аммо сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, - мегӯяд директори Агентӣ.
 
Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
НОҲИЯИ РӮДАКӢ 
Дар 623 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд
- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш 263 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,4 дарсадро ташкил дод, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода.
Зикр гардид, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 14249 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 9439 гектар ғалладонагӣ бо ҷуворимакка, 324 гектар сабзавот, 185 гектар пахта, 363 гектар картошта ва 952 гектар зағир гузаронда шуд. Ҳосилнокӣ низ нисбат ба соли гузашта бештар буда, дар маҷмуъ, хоҷагидорон 16697 тонна ғалладона, 9982 тонна картошка, 14998 тонна сабзавот ва 1307 тонна мева истеҳсол намуданд.
- Ба ҳолати 1 июл дар ноҳия 623 гектар кишти такрории зироатҳо ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин беш аз 35 дарсад зиёд мебошад, - гуфт Абдуаҳад Саидмуродзода.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6560
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед