logo

иҷтимоиёт

МИНИАТЮРА. ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ОСОРИ БЕҲЗОД НЕСТ?

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик» баргузор гардид. Он ҳамчун нахустин намоиши миниатюранигорӣ дар кишвар 80 асари Олим Камолзода, Сарвиноз Ҳоҷиева, Бону Камолова ва ҳашт шогирди ин мактабро фаро мегирад. Чаро аввалин? Ба ин савол дар давоми матлаб посух хоҳем дод.
 
ЭҲЁИ ДУБОРАИ МИНИАТЮРА ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ифтитоҳи намоиш меҳмонону мутахассисон аз хориҷу дохили кишвар иштирок ва суханронӣ доштанд. Аз ҷумла, Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, гуфт: «Миниатюранигорӣ дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ рафта буд, шодем, ки бо истодагариву рағбати фаровони Олим Камолзода дубора эҳё ва пояҳои равнақи ин равия ниҳода шуд».
Бино ба гуфти Аслиддин Низомӣ, доктори илми санъатшиносӣ, чорабинии мазкур дар ҳаёти фарҳангии кишвар падидаи наву деринтизор аст. Ҳарчанд ки соли 2001 бо пешниҳоди Ҳукумати кишвари мо ЮНЕСКО 550-солагии Камолиддини Беҳзодро ҷашн гирифт, дар бораи шахсият ва эҷодиёти ин мусаввири номвар китобу рисолаҳои алоҳида таълиф ёфтанд, аммо таваҷҷуҳ ба миниатюра наафзуд. Дар ниҳодҳои соҳавӣ ба ташаккул ва равнақи ин жанр таваҷҷуҳ накарданд.
Ба ин маънӣ, мо Камолиддини Беҳзодро ёд кардем, вале давомдиҳандагони кору пайкори ӯро дар як марказ ҷамъ ва ворисонашро барои фардо омода накардем. Ҳамин тавр, дигарон барои азхудкунии ному осори ин ҳунарманди асил «камари ҳиммат» бастанд.
Сомонаи расмии ЮНЕСКО маълумот медиҳад, ки соли 2020 миниатюра аз тарафи Эрон, Озарбойҷон, Туркия ва Ӯзбекистон мероси ғайримодии ҷаҳон эълон шуд. Чаро на аз ҷониби Тоҷикистон?
ТАНҲО ЯК ОИЛА БОРИ ҲУНАР МЕКАШИД
Дар намоиши «Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик» ҳозирин ба як овоз ба хонаводаи Камолзодаҳо сипосу ташаккур гуфтанд, зеро маҳз аҳли ин оила – Олим Камолзода, ҳамсараш Сарвиноз Ҳоҷиева, духтарони онҳо Мумтоз ва Бону ин ҳунари нафисаро пос доштанд.
- Аввал лоиҳа тартиб дода дар шароити хона як коргоҳи хурд кушодем, 3 сол ба рассомони наврас аз жанри миниатюра ба таври ройгон дарс гузаштем. Минбаъд коргоҳро ба осорхона табдил додем. Ман, ки аслан ороишгари маҷаллаву китобҳо ва рассоми телевизион будам, ин ҳамаро раҳо карда, ба ёрии пайвастаи ҳамсарам Олим Камолзода камар бастам. Дар ин замина соли 2015 маркази рассомии «Мино»-ро боз намудем ва он ягона марказ буд, ки дар рӯйхати марказҳои ҳунарии ЮНЕСКО шомил шуд. Ҳамин тавр, ба зинда мондани миниатюра саҳм гирифтем, - баён дошт Сарвиноз Ҳоҷиева.
Ба гуфти директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, Олим Камолзода то имрӯз 90 шогирд тарбия кардааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фаъолият доранд. Бешак, ӯ аз ворисони воқеии Беҳзод аст, ки дар давоми қариб 25 сол сабку салиқаи вижа ёфта, мактаби худро сохтааст. Мусаввараҳои номбурда ғолиби чандин намоишҳои байналмилалӣ дар Алҷазоир, Эрон, Россия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2017 дар Эрон сазовори ҷои аввал шуд.
- Вижагии корҳои Олим Камолзода омезиши боназокати замони гузашта бо имрӯз аст. Санъат падидаи зинда аст, бояд шакл, қолаб ва мазмуну мундариҷаашро дар ҳамнафасӣ бо замон тағйир диҳад. Ҳамин зуҳурот дар корҳои номбурда дида мешавад. Чанде аз миниатюраҳои ӯ дар сафоратхонаи мо ба маъраз гузошта шудаанд. Кӯшиш мекунем, ки оянда намоиши Камолзода ва шогирдони ӯро дар Фаронса баргузор намоем, - изҳор дошт сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран.
 
МИНИАТЮРА ЧИСТ ВА БЕҲЗОД КИСТ?
Миниатюра аз вожаи лотинӣ гирифта шуда, ба маъниҳои нигорагарӣ, рассомии хурд (минимум – кам, хурд) истифода мешавад. Асосгузори ин жанри нафиса дар Шарқ Камолиддини Беҳзод шинохта мешавад.
- Миниатюра заргарии кори рассомист. Бисёр нозук, латиф, нафис ва пурмашаққат аст. Асли он ба ороиши китобҳои классикон бармехӯрад. Беҳзод бори нахуст воқеаҳои як ё якчанд достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Мантиқ-ут-тайр» - и Аттор, «Хамса» - и Низомӣ, «Гулистон» - у «Бӯстон» - и Саъдиро тавассути тасвирҳо ифода ва дар байни саҳифаҳои китоб ҷойгузин кард. Ҳамин тавр, дар як саҳифаи китоб ҳунарварии бемислеро анҷом дода, барои таъриху тамаддуни мо хидмати бузург анҷом дод, - мегӯяд Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Беҳзод, ки ӯро дар Шарқ бо тахаллуси «Монии сонӣ» ва дар Ғарб ҳамчун «Рафаэли Шарқ» мешиносанд, зодаи Ҳирот аст (соли 1455). Бештари умраш дар Табрез гузашт, аксари осори безаволи худро дар ин шаҳр офарид ва марқадаш низ ҳамон ҷост. Мутахассисон бар он назаранд, ки амалҳои Беҳзод дар замоне ки ислом дар Варорӯд садрнишин буд, қаҳрамонист, зеро пос доштани кори рассомӣ, оинҳои буддоиву мониву зардуштӣ, эҳёи қаҳрамону манзараҳои пешазисломӣ, тасвири чеҳраҳои мондагори таърих, ба мисли Борбад ва ёрони ӯ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Султоналии Хаттот, Ҳоҷӣ Муҳаммад ва як силсила шоҳони давр ҳунари воло, завқи тамом ва шуҷоати шаҳрвандӣ мехост.
 
ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН АСАРИ БЕҲЗОД НЕСТ?
 - То ҳол дар Тоҷикистон ягон асари офаридаи Беҳзод маҳфуз нест. Аз ин рӯ, Тоҷикистон талош дорад, ки ҳаддалимкон нусхаҳои онро аз давлатҳои дигар дастрас намояд ва дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузорад. Агар мабодо ягон асари ҳақиқии Беҳзодро ба Тоҷикистон оварданӣ шавем, соҳибони имрӯзаи он рӯйи мусавварҳо нархеро мегузоранд, ки дандоншикан аст, - изҳор дошт Фаридун Кенҷаев, котиби матбуотии Осорхонаи миллӣ.
Бештари мусаввараҳои рассом дар байни саҳифаҳои китобҳо маҳфуз буданд ва вақте китоб аз даст ба даст мерафт, тасвирҳо низ ҳамроҳи онҳо ба фурӯш мерафтанд. 
Абдулҳамид Самад дар ин бора гуфт: «Қисме аз асарҳои Беҳзод, агар тавассути сӯзондану ба яғмо бурдани душманон нобуд шуда бошад, як қисми дигар фурӯхта шуданд. Сад дареғ, ки баъзеҳо на танҳо ба арзиши дастхат, балки ба арзиши наққошиҳои дохили он сарфаҳм нарафта, онҳоро ба содагӣ мефурӯхтанд ва намедонистанд, ки чи ганҷинаеро ба дасти касон медиҳанд. Ин аст, ки ҳоло дар кишвар ягон намунаи ҳақиқӣ аз осори Беҳзод намондааст».
Намунаҳои асарҳои Беҳзодро имрӯз дар осорхонаҳои Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Россия, Амрико, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ дидан мумкин аст.
 
«РАФАЭЛИ ШАРҚ», ЯЪНЕ ЧӢ?
Аҷиб он аст, ки мусаввири номвар Рафаэли итолиёвӣ баъд аз 28 соли таваллуди Беҳзод дида ба ҷаҳон кушодааст, аммо дар Ғарб Беҳзодро бо тахаллуси «Рафаэли Шарқ» мешиносанд. Муаррихон бар он назаранд, ки маъруфият ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои зебо дар Ғарб ба суръат пеш рафт ва дар Шарқ баръакс, бо баҳонаи дину мазҳаб нагузоштанд, ки санъатҳои нафиса рушду камол ёбанд. Дар назари аҳли илму адаб чунон вонамуд шуд, ки гӯё гулгулшукуфти фарҳанг пас аз Риму Юнони бостон маҳз дар Аврупо оғоз шуд ва он гаҳвораи дувуми давраи Эҳё (Ренессанс) эътироф гардид. Ҷаҳони Ғарб Беҳзод ва осори ӯро дертар шинохта, ба пажӯҳиши он пардохт. Вагарна, аз рӯйи мантиқи таърихӣ Рафаэлро «Беҳзоди Ғарб» гӯем дуруст аст, на Беҳзодро «Рафаэли Шарқ».
 
НОМИ БЕҲЗОД КУҶО ШУД?
Аз замони шуравӣ то соли 2011 дар Душанбе Музейи ба номи Камолиддини Беҳзод амал мекард. Бо бунёди бинои бошукӯҳи Осорхонаи миллӣ дар бинои он Донишкадаи давлатии тасвир ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамин тавр, дар кишвар ба ҷуз аз як кӯча ба номи мусаввир дар пойтахт ва ҳайкалаш дар боғи Куруши Кабир дигар ному нишоне намонд. Ин дар ҳолест, ки дар Тошкент Институти миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддини Беҳзоди Академияи бадеии Ӯзбекистон амал мекунад. Дар шаҳри Табрези Эрон қабри Беҳзод ва нимпайкараи ӯ ҷой дорад ва ин мазорро «Оромгоҳи ду Камол» мегӯянд, зеро Камоли Хуҷандӣ низ ҳамин ҷо хок шудааст.
- Дар Тоҷикистон аз соли 2015 барои донишҷӯёни риштаи графика омӯзиши миниатюра ҳатмист. Дар ин замина нақша дорем, ки аз соли 2023 кафедраи миниатюраро таъсис диҳем. Дар раванди ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз Институти миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддини Беҳзод хоҳиш кардем, ки барои омӯзиши ин жанр ба Донишкадаи мо мутахассис фирис-танд, - гуфт Бахтиёр Одиназода, муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи тасвир ва дизайн.
Дар фароварди намоиш барои гиромидошти ном ва осори Беҳзод дар Тоҷикистон сомон додани ин корҳо зарур дониста шуданд:
1. Ба ягон муассисаи ҳунарҳои зебо, дар мисоли Донишкадаи давлатии тасвир ва дизайн номи Беҳзод дода шавад;
2. Дар Осорхонаи миллӣ гӯша ё як толори алоҳидаи намоиш барои тамошои нусхаи миниатюраҳои Безод ҷудо шавад;
3. Дар бораи Беҳзод филми бадеӣ ё ҳуҷҷатӣ таҳия шавад;
4. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба номи Беҳзод ҷоиза таъсис диҳад;
5. Ба тамошои намоиши «Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик», ки то 25 август идома меёбад, доираи васеътари ҷомеа ҷалб гардад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2022    №: 158    Мутолиа карданд: 659
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед