logo

иқтисод

БУНЁДИ РОҲҲОИ БОСИФАТ. ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ ТАБДИЛ МЕДИҲАД

Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар –  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон ва минтақа масъул мебошад, имрӯзҳо татбиқи се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ оид ба таҷдид ва барқароркунии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидоштаро амалӣ намуда истодааст.
Яке аз онҳо татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар” бо дарозии 73 км (марҳилаи якум 33 километру 273 метр ва марҳилаи дуюм 39 километру 575 метр) мебошад, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд амалӣ гардида, ба категорияи IБ дохил мешавад. Корҳои сохтмонии марҳилаи якум моҳи октябри соли 2017 ва марҳилаи дуюми он моҳи октябри соли 2018 оғоз ёфта, роҳи таҷдидшуда соли 2021 бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони Бонки осиёии рушд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки ба ифтихори ин ҷашни фархунда ба истифода додани он туҳфаи пурарзиши Ҳукумати мамлакат ба сокинони кишвар маҳсуб меёбад.  
Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи марҳилаи якуми лоиҳа панҷ пул таҷдид шуда, роҳҳои пиёдагард, гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои техникаи кишоварзӣ ва чорво, истгоҳҳои нақлиёти мусофирбар бунёд ёфтанд ва хатҳои барқ, об, алоқа, газ кӯчонда шуда,  пайраҳаҳои одамгузар сафолакпӯш ва ҷӯйборҳо бетонӣ гардиданд.
Боиси зикр аст, ки нисбат ба 10 – 12 сол қабл имрӯзҳо татбиқи лоиҳаҳо бо раванди махсус амалӣ мешаванд. Яъне, қаблан лоиҳаҳо танҳо таҷдиду навсозиро дар бар мегирифтанд, ҳоло бошад, бар замми ин, ҷузъиёти алоҳидаро низ фаро мегиранд, ки инҳо чароғонкунӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ, сохтмони хонаи модару кӯдак, таваққуфгоҳҳо ва бозорчаҳои мавсимӣ мебошад. 
Дар марҳилаи якум дар доираи ҷузъиёти алоҳида чароғонкунии бунгоҳи тиббӣ ва ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳамшафати роҳ бо истифодаи энергияи офтобӣ, таъмини ҳафт деҳаи ҳамшафати роҳ бо об ва равшаннамоии нақби “Озодӣ” ба нақша гирифта шудааст. 
Марҳилаи дуюми лоиҳа аз маҳаллаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон оғоз гардида, дар пули калони дарёи Вахш ба анҷом мерасад. Паймонкори он ширкати чинии “Синохайдро” мебошад. Дар доираи ин марҳила, бунёди ҷӯйбори канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, хобондани лӯлаҳои обгузар, сохтмону навсозии 11 пул, гузаргоҳҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, истгоҳҳо ва равшаннамоии роҳ ба анҷом расид.
Дар доираи маблағгузории иловагии марҳилаи дуюми лоиҳаи “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар”, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд мебошад, ҷузъиёти алоҳидаи “Нуқтаҳои сиёҳ” амалӣ мешавад, ки 6 минтақаи ҷумҳуриро дар бар мегирад. Ҷузъиёти алоҳидаи “Нуқтаҳои сиёҳ” бо мақсади кам кардани ҳолати садамавии шоҳроҳҳои кишвар татбиқ гардида, лоиҳакашии он дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии “КОКС” ва КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” амалӣ шудааст. Машваратчии ҷузъиёти алоҳидаи “Нуқтаҳои сиёҳ” – ширкати олмонии “КОКС” ба ҳисоб меравад. 
Яке аз ҷузъиёти алоҳидаи “Нуқтаҳои сиёҳ”  беҳтарсозии ҳолати бехатарии километрҳои 36 ва 99-уми шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб аст, ки паймонкори он ширкати маҳаллӣ ҶФДММ “Ғаюр – 1” мебошад. Дар ин масир корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 49 коргару 25 мошину механизмҳо моҳи марти соли равон оғоз гардид. Дар қитъаи километри 36-уми шоҳроҳ таҷдиди 1,2 км роҳ, сохтмони ҷӯйборҳои оҳанубетонӣ бо дарозии 2,4 км, деворҳои ҳимоявӣ бо дарозии 200 метр ва мумфаршнамоӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо идома доранд. 
Дар қитъаи километри 99-уми шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб васеъсозии 1,2 км роҳ, навсозии пули мавҷуда, сохтмони зиёда аз як километр ҷӯйборҳои оҳанубетонӣ, равшаннамоӣ ба масофаи 1,5 км ва сафолакпӯш намудани 3800 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пешбинӣ мешавад. Ба ҳолати имрӯза корҳо тибқи лоиҳа ва нақшаи паймонкор идома доранд.
Ҷузъиёти дигари “Нуқтаҳои сиёҳ” лоиҳаи беҳтарсозии ҳолати шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат буда, дар доираи он  равшаннамоии ду канори роҳ бо дарозии 10,1 км, рангубори конструксияҳои ҳимоявии бетонӣ ва насби 128 аломати бехатарии роҳ дар  назар аст. Дар ин қитъа  23 августи соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати металлургии тоҷик” корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, дар он 16 коргар ва 5 мошину механизмҳо сафарбар шудаанд.
Алҳол васлу насби сутунпояи равшаннамо бо чароғакҳояш, ноқилҳои гуногун, аломатҳои роҳ ва рангуборкунии конструксияҳои бетонии ҳимоявӣ ба анҷом расида, корҳои боқимонда тибқи нақшаи паймонкор идома доранд.
Илова бар ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи беҳтаркунии ҳолати бехатарии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд, равшаннамоии ду канори роҳи хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан, аломатгузорӣ, насби чароғакҳои роҳнамо ва мумфаршсозии кӯчаи назди бозори марказӣ пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ 6 январи соли ҷорӣ оғоз гашта,  барои иҷро ҶДММ “Таъминот Сервис” ҷалб шудааст. 
Ҷузъиёти охирини “Нуқтаҳои сиёҳ” – ин лоиҳаи беҳтаркунии роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент ва Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон мебошад.  Барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти болозикр ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷалб гардида, айни замон аз ҷониби паймонкор раванди сафарбаркунӣ идома дорад. 
Инчунин, дар қитъаҳои километрҳои 25, 26 ва 29-уми шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода корҳо оид ба кандани хокҳои корношоям ва дарахтону буттаҳо  анҷом ёфта, барои хобондани сафолакҳо асоси роҳ омода гашт.
Лоиҳаи дигари татбиқшаванда “Устувории шабакаи роҳҳо” дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи он бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд ду лоиҳа – “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт” ва “Барқарорсозӣ ва беҳтаркунонии роҳи автомобилгарди Бохтар – Данғара – Гулистон” амалӣ мешавад. Барои назорати корҳои сохтмонии лоиҳаҳои мазкур ширкати «СМЭК» ҳамчун машваратчӣ ҷалб гардид.  
Таъмири роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт моҳи октябри соли 2021 оғоз гашта, корҳои сохтмониро  ширкати чинии “Чайна Стейт” иҷро менамояд. Дарозии роҳ 58,6 километрро ташкил дода, навсозии он ду марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи 1-ум бо дарозии 33,4 километр ба категорияи III-и техникӣ ва марҳилаи 2-юм бо дарозии 25,2 километр ба категорияи IV-и техникӣ дохил мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур, таҷдиди 58,6 километр роҳ, сохтмони 5 пул, 13 такядевор бо дарозии 1164 метр ва хобондани 34 лӯла дар назар аст.
Барои таъмири роҳ 170 коргар, аз ҷумла 143 нафар маҳаллӣ ва 102 техникаву таҷҳизот ҷалб шуда, корҳои заминӣ, кандани хоки ҳосилхез, сохтмони кома ва такядеворҳо, инчунин, хобондани лӯлаҳои обгузар ҷараён доранд.
Лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва беҳтаркунонии роҳи автомобилгарди Бохтар – Данғара – Гулистон” (қитъаи Оқмазор – Данғара), аз ҷониби ширкати олмонии “КОКС” (машваратчӣ)  дар якҷоягӣ бо ширкати маҳаллии “Муҳандисони роҳнамо” таҳия шудааст. 
Дар доираи лоиҳаи мазкур таҷдид ва навсозии 28,7 километр роҳ, сохтмони такядеворҳо, истгоҳҳои нақлиётӣ, хонаи модару кӯдак, нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хобондани лӯлаҳои обгузар, навсозии ду пул, насби чароғакҳои роҳнамо ва аломатҳои роҳ пешбинӣ гардидаанд.
Паймонкори он ширкати ватании ҶДММ “Идеал-Сервис”  ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонии иншоот аз 12 майи соли равон инҷониб идома доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ҷиҳати бунёди роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод, ки боз як иншооти барои кишварамон бузург ба шумор меравад,  санги асос гузоштанд. Татбиқи лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод” бо дарозии 75,6 км ба категорияи сеюми техникии роҳҳои автомобилгард дохил шуда, аз 3 қитъа иборат аст. 
Қитъаи якум бунёди роҳи автомобилгарди Обигарм – Тагикамар (30,2 км)-ро фаро мегирад, ки дар доираи он ду нақб – Кандак бо дарозии 1610 метр ва Қарағоч бо дарозии 1700 метр,  5 пул  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, як пул таҷдид мешавад.
Сохтмони қитъаи якум бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд, Фонди ОПЕК ба сомон мерасад.
Барои идора намудани қитъаи 1-уми лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод” ширкати ҷопонии «Дайничи»,  назорати сохтмон  ширкати туркии «Темелсу» ва иҷрои корҳои сохтмонӣ  ширкати хитоии “Хунан” ҷалб шудаанд.
Аз оғози бунёд то имрӯз хокканӣ, сохтмони кома, деворҳои сангӣ ва пулҳо, бетонрезии деворҳои ҳимоявӣ, хобондани лӯлаҳои обгузар, пармакунӣ ва дастгирии муваққатии нақбҳои Кандак ва Қарағоч ба анҷом расида, корҳои боқимонда тибқи нақша идома доранд.
Қитъаи дуюми лоиҳа (аз километри 44,3) сохтмони роҳи автомобилгарди Тагикамар – Нуробод ва 3,81 километр роҳи муваққатӣ иборат буда, дар доираи он бунёди нақби Тагикамар, 6 пул, хобондани 86 лӯлаи обгузар дар назар аст. Маблағгузори ин қитъа Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад.
Барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаҳои 1 ва 2-и иншооти мазкур  1100 коргар, аз ҷумла беш аз 800 коргари маҳаллӣ ва 350 мошину механизмҳо ҷалб гаштанд. Илова бар ин, дар доираи ин лоиҳа таъмири роҳҳои маҳаллӣ бо дарозии 75 км пешбинӣ мегардад. 
Қитъаи 3-юми лоиҳа сохтмони пули бузург бо дарозии тақрибан 760 метр аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо маблағгузории Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор то соли 2026 дар назар дорад. 
Ёдовар мешавем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таъмини рафтуомади бемамонияти мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, солҳои охир таҷдиду навсозии роҳҳои автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон (112,6 км), Восеъ – Ховалинг (88 км), Кангурт – Балҷувон – Ховалинг (43 км), мумфаршкунии қабати дуюми роҳи автомобилгарди Сайрон – Қарамиқ – сарҳади Қирғизистон (89 км) сурат гирифта, зиёда аз 100 км роҳҳои маҳаллӣ бунёд ёфтанд.
Дар ин муддат, ҳамчунин, таҷдиду навсозии роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, аз пайкараи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе ба масофаи 4,6 км, навсозии чорраҳаҳои назди пайкараи Абуалӣ ибни Сино, шаҳраки 82 ва Қарияи Боло бо эстакадаву пайраҳаҳои одамгузар, истгоҳҳову чароғонкунии роҳи нав ва сохтмони роҳи сесатҳа ба анҷом расида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд. 
Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат менамоянд. 
 
Ш. ҚУРБОН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2022    №: 159    Мутолиа карданд: 769
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед