logo

иқтисод

САНОАТ. ТОҶИКИСТОН РУШДИ ИБРАТОМӮЗ ДОРАД

Саноатчиёни кишвар тайи нимсолаи аввали соли равон дар ҷодаи  тақвият бахшидани корҳо дар рушди соҳа, аз ҷумла коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсолу муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ташкили корхонаҳои нав, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, тариқи роҳандозии технологияҳои навин ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ, тайи ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба нимсолаи аввали соли сипаришуда 2,8 миллиард сомонӣ азфуда, ба 19,1 миллиард сомонӣ расид. Тавлидоти  маҳсулоти саноатӣ бе назардошти соҳаҳои энергетика, об ва табъу нашр ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиш 126,3 дарсад мебошад. Ин нишондиҳанда бо нархҳои муқоисавӣ 122,3 дарсадро ташкил дод, ки дар байни кишварҳои ИДМ  зинаи баландтарин аст. Дар ин давра маҳсулоти саноатии содиротгардида, маъданҳои тозакардашуда, семент, ангишт, нахи пахта, ресмони пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷуроб, чарм, пилла, консерви меваю сабзавот, меваи хушк ва нӯшокиҳои ташнагишикан мебошанд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар соҳаи саноат зиёда аз 2,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 39,5 миллион сомонӣ бештар аст.

МУШКИЛОТ ҲАМ КАМ НЕСТ
Корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва пилла бо дар назар гирифтани корхонаҳои пахтатозакунӣ моҳҳои январ – июни соли равон ба маблағи 1500,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Корхонаҳои коркарди нахи пахта 10,8 ҳазор тонна ресмон ва коргоҳҳои бофандагӣ 14,4 миллион метри мураббаъ матоъ тавлид намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар қиёс ба соли гузашта афзуда, ба хориҷи кишвар ба маблағи 118,8 миллион сомонӣ содирот шуд. Коркарди пӯсти чорво ба 404 ҳазор дона расид. 
Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то оғози соли хониши 2022–2023 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардида, истеҳсоли либоси мактабӣ қариб 1,4 миллион донаро ташкил дод. Дар ин давра 3,1 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол гардид. Содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар 175,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли сипаришуда афзоиш ёфтааст. Ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, ресмону матои пахтагин, ҷуроб, маҳсулоти дӯзандагӣ, пӯсти хом ва коркардшуда содирот гардидаанд.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир сабаби кам шудани истеҳсоли пилларо дар ҷумҳурӣ мушкилоти ҳалталаб арзёбӣ намуда, гуфт: 
- Ҳақиқатан, дар ин самт мушкилӣ  дорем. Тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи махсус оид ба рушди соҳаи пиллапарвариро пиёда карда истодаем. Дар ин самт таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Чинро, ки хеле пешравиҳои назаррас доранд, истифода бурдан мехоҳем. Проблемаи асосии истеҳсоли пилла таъмин бо барги тут мебошад. Мутаассифона, тутҳое, ки дар аҳди шуравӣ шинонда шуда буданд, ҳосилнокиашон коҳиш ёфтааст. Майдони тутзорро боз ҳам вусъат додан лозим меояд.  
Тавре аз маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав бармеояд, дар доираи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024  аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвар 150 ҳазор бех ниҳоли тут ворид шудааст. Дар мавсими кирмакпарварии имсола истеҳсоли пилла 780 тонна ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати якуми июли соли равон ба 380,4 тонна расид.
 
КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА
Ба  ҳолати  якуми  январи соли равон 90 корхонаи азфаъолиятбозмонда вуҷуд дошт, ки аз ин 58 корхона зиёда аз панҷ сол инҷониб фаъолият надорад.
Дар давраи ҳисоботӣ, 13 корхона аз рӯйхати корхонаҳои азфаъолиятбозмонда бароварда шуд, аз ҷумла ҳафт корхона барҳам дода, ду корхона самти фаъолияти худро иваз ва фаъолияти чор корхона барқарор гардид. 
Дар натиҷаи аз рӯйхати корхонаҳои азфаъолиятбозмонда баровардани 13 корхона, шумораи боқимондаи он 77 корхонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла, дар вилояти Суғд 15 корхона, Хатлон 13, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5, шаҳри Душанбе 25 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 корхона.
 Сабабҳои асосии аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, норасоии маблағҳои гардон, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолӣ, муфлисшавӣ, мавҷудияти қарзҳои андозӣ, баҳсҳои судӣ ва амволӣ мебошанд.
 
НАТИҶАИ БАЛАНДИ ТАВЛИДИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОН 
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли сипаришуда  ба маблағи 336, 5 миллион сомонӣ зиёд  мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 9,5 дарсадро ташкил дод. Айни замон, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 545 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ фаъолият дорад, ки қариб ёздаҳ ҳазор касро ба кор фаро гирифтааст. Корхонаҳои сементбарорӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин намуда, дар ин давра ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 676,9 ҳазор тонна семент содирот кардаанд. Илова бар ин, ба хориҷи кишвар қуми квартсӣ, оҳак ва амстронг фурӯхта шуд. 
 
САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ  БЕШ АЗ 3,6 МИЛЛИАРД СОМОНӢ
Нишондиҳандаи истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ низ тамоюли болоравӣ дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 3,6 миллиард сомонӣ расид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаю чорво, маҳсулоти макаронӣ, намаки техникӣ, гӯшти мурғ, нӯшокиҳо, консервҳои меваю сабзавот, меваи хушк, маҳсулоти шири холис ва биринҷ мебошад. Истеҳсоли шарбатҳои гуногуни босифат аз меваҳои ватанӣ дар зарфҳои  шишагин, аз ҷумла  дар корхонаи «Оби Зулол» ва «Кишвар – 2010» ба роҳ монда шуд. Баробари истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бо брендҳои ватании «Оби Зулол», «Амирӣ», «Саодат», «Файзи Расул», «Шоҳона», «Сиёма», «Сим-Сим», «Арзанда», «Мерси Боку» ва «Покиза» дар корхонаҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо брендҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, ба монанди «Кока-Кола», «Пепси», «Фанта», «Миринда», «Сеналко», «Буона» ва «Магна» нӯшокиҳо тавлид шудаанд, ки аз рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ шаҳодат медиҳанд. Ба хориҷи кишвар ба маблағи 18,6 миллион доллар маҳсулоти хӯрокворӣ содирот гардидааст, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 миллион доллар ва ё ду баробар бештар мебошад.
Маҳсулоти асосии содиротшуда, консерви меваю сабзавот, меваи хушк, маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳо ва орд мебошад.
- Дар доираи роҳандозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувору кафолатнокии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии баландсифат тавассути ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар самти тавлиди маҳсулоти хӯрокворӣ корхонаҳои нави саноатӣ бо 348 ҷойи кор ба истифода супурда шуд. Аз ин корхонаҳои калони бунёдгардида-Маҷмааи «Салтанат», ҶДММ «Толиб Дадабоев», ҶДММ «Паймонаи заррин», ҶДММ «Амина ва К», ҶДММ «Сомон-Кишоварз», ҶДММ «Орди Фатир» ва ҶДММ «Баракати Исфара» мебошанд, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, - гуфт Шералӣ Кабир.
Бовар аст, ки амалишавии самтҳои зикршуда метавонад таъсири мусбати худро ба иқтисодиёти кишвар расонда, боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар гардад.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2022    №: 160    Мутолиа карданд: 764
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед