logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР МЕШАВАД

 
Мардуми ноҳияи Тоҷикобод бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва сиёсати зиндагисози Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба заҳмати босамару софдилона машғул буда, дар рушду пешрафти Ватани маҳбубамон ҳиссаи худро мегузоранд.
Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон дар ноҳияи Данғара, ки 18 июни соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, сармашқи фаъолияти ҳар як роҳбар то шаҳрванди одии ноҳия қарор гирифтааст, - иброз дошт Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва суханашро чунин идома бахшид:
Дар ноҳия аз ҳисоби фаъолон ва масъулони сохторҳои зарурӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар ҳар ҷамоат, деҳаю маҳалла ва хона ба хона моҳият ва самаранокии ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба истифодаи босамари заминҳои корам, ҳарчи чи бештар истеҳсол намудани маҳсулот, махсусан зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, захираи маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, тақвияти консервкунонию хушкондани меваю сабзавот, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои лӯбиёӣ ва донагиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода мешаванд.
Кишоварзӣ кори умумихалқӣ эълон шуда, тирамоҳи рафта ва баҳори соли ҷорӣ дар майдони 1151 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 134 гектар сабзавот, 81 гектар зироатҳои техникӣ, 15 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво кишт шуданд, ки баробари 100 фоизи иҷрои нақша мебошад. 
Дар ноҳия 1689 гектар боғ (ба истиснои 23,7 гектар тутзор) мавҷуд аст, ки аз ин 487 гектараш ба сохторҳои кишоварзӣ ва 1202 гектараш ба аҳолӣ рост меояд. 
Дар доираи супоришҳои Президенти мамлакат  солҳои 2021 ва 2022 барои рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус зиёд намудани  истеҳсоли зироати афзалиятнок - картошка, аҳамияти махсус равона шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ соли ҷорӣ дар майдони 2017 гектар картошка кишт шудааст, ки аз ҷамъи майдони умумӣ 911 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Нисбат ба соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони картошка 95 гектар, аз ҷумла дар сохтори кишоварзӣ 54 гектар, афзоиш ёфт. Умуман, нисбат ба соли 2021 майдони кишти зироатҳо 924 гектар зиёд гардидааст, ки аз масъулиятшиносии мардуми ноҳия дарак медиҳад. 
Таҳлили макроиқтисодии ноҳия нишон медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 42 миллиону 985,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1 миллиону 240,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Аз ҷамъи ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 40 миллиону 537,6 ҳазор сомонияш ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Нақшаи қисми даромадии буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 100,4 ва қисми хароҷот дар ҳаҷми 92,6 фоиз таъмин гардид. Иҷрои воридоти андозҳои маҳаллӣ ба буҷет баробар ба 101,8 фоизи нақшаи шашмоҳа таъмин гашт. Зиёдтар аз нақша 68 203 сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат мавҷуд нест. 
Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиону 448 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 501 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат баробари фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, бо ташкили 5 корхонаи хурди саноатӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ниёзи мардум машғул аст, қадамҳои устувор дар роҳи саноатикунонӣ гузошта шуданд. Ба ин васила, дар ноҳия бештар аз 100 ҷойи кор муҳайё гардид, асосан барои бонувон. 
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ чанд лоиҳа амалӣ шуд, коргоҳҳои саноатӣ таъсис ёфтанд. Бо маблағгузории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо харҷи 11 ҳазор доллари ИМА коргоҳи таъмири мошинолотҳои соҳаи кишоварзӣ фаъол гардид. Инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия бо маблағи бештар аз 700 ҳазор сомонӣ корхонаҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва хишти сементиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ибтикори Ҷамъияти хайриявии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб барои бунёди 60 хонаи истиқоматӣ, мактаб, маркази саломатӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ санги асос гузоштем. Рӯзҳои наздик дар ин сохтмони азим кор оғоз меёбад. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки қисме аз сокинони ниёзманд соҳиби хонаи истиқоматӣ гарданд.
Тайи ду соли охир бо шуъбаи «Каритас»-и Швейтсария робитаи мустаҳкам дорем. Соли гузашта барои ҳисоби маблағи кори устоҳо дар бун-ёди хонаҳои аз заминларза зарардидаи деҳаҳои деҳоти Лангари Шоҳ 4,5 миллион сомонӣ ҷудо намуда буд. «Каритас» имсол татбиқи чанд лоиҳаи ноҳияро ба нақша гирифта, барои зарардидагон аз сел, яъне муҳоҷирони экологӣ, дар деҳаи Сафедорон 7 хонаи истиқоматӣ месозад. Биноҳои таълимии куҳнаю фарсудаи муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 4, 9 ва 10 аз таъмири умумӣ баромаданд, дар назди ин мактабҳо ошхонаҳо сохта, бо таҷҳизот таъмин мешаванд. «Каритас» ваъда додааст, ки 5 ҳуҷраи дараҷаи хизматрасониаш олии меҳмонхонаи марказиро таъмиру таҷдид намуда, соли оянда ба маркази ноҳия хатти алоҳидаи оби нӯшокӣ мекашад.
Аз ҷониби Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ 2 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди 24 гектар боғҳои нав дастгирӣ ёфта, бо харҷи 1 миллион сомонӣ корҳо бо маром идома доранд.
Дар нимсолаи дуюми соли равон татбиқи Лоиҳаи давлатии «Фарғона» бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ оғоз меёбад. Лоиҳа 5 солро дар бар гирифта, тавассути он 11 канали обёрии зироатҳо таъмир мешавад. Дар назар аст, ки моҳи октябр таъмири 4 канал шуруъ меёбад. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии мардум барои вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ ва дар ин замина таъмин кардани амнияти озуқаворӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳанд кард. 
 
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2022    №: 161    Мутолиа карданд: 647
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед