logo

Хабарҳо

ТОШКЕНТ. ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ БАРГУЗОР ШУД

 
Дар чаҳорчӯбаи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Форуми II иқтисодии кишварҳои аъзои он баргузор гардид, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи тарафҳо ба мушкилот ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таҳияи тадбирҳои муассир ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар фазои СҲШ мебошад.
 
Рӯзи аввал ин нишаст дар бинои “Ӯзэкспомарказ” ифтитоҳ ёфт. Дар шакли гибридӣ роҳбарони вазорату идораҳои масъули рушди иқтисод, савдо ва ҷалби сармоя, роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, корпоратсияҳои бузурги давлатӣ, палатаҳои савдо ва саноат, коршиносон ва дигар аъзои ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ аз тариқи офлайн ва онлайн ширкат ва суханронӣ карданд. Иштирокчиён аз намоишгоҳи инноватсионии саноатии СҲШ боздид намуданд, ки навовариҳои технологии дорои иқтидори саноатии кишварҳои узви Созмон дар он акси худро ёфтааст. 
Дар ҷаласаҳои панелӣ таҳти унвони “Лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишварҳои СҲШ” ва «Хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва барқарорсозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ»  бештар роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ табодули назар сурат гирифт. 
Намояндаи Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ гуфт, ки Созмон мақсад ва вазифаҳои муайянро бар дӯш дорад ва мувофиқи барномаи мушаххас фаъолияти худро пиёда мекунад, ки тамоми механизмҳояш аз тарафи кишварҳои узв таҳияву такмил ёфтаанд. Ҳамкорӣ ва рушди он дар ҷабҳаҳои гуногун бо кишварҳои узви СҲШ яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамон самтҳо мадди назар мебошанд, ки дар Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 акс ёфтааст. 
- Нимаи аввали соли 2022 ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Созмон 68 дарсадро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми табодули мол бо ин кишварҳо 2,4 миллиард долларро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 642 миллион доллар боло рафтааст. Дар ин давра Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ баробари 613,7 миллион доллари ИМА маҳсулот содир намуда, ба маблағи 1,8 миллиард доллар маҳсулот ворид кардааст, - изҳор намуд Дилшод Шарифӣ. 
Дар ҷаласаҳои панелӣ намояндагони Покистон, Ҳиндустон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва кишвари нозир - Озарбойҷон низ аз рӯи масъалаҳои матраҳшуда ибрози ақида намуданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,  “Ҷумҳурият”,шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6063
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед