logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «САМАРҚАНД»
1. Дӯст, ҳамдам, ёр. 2. Ҳарфи алифбои ниёгон. 3. Ҳиссаи нутқ. 4. Олими шинохтаи рус, энсиклопедист. 5. Романи адабиёти тоҷик. 6. Собиқ президенти АМИТ. 7. Истилоҳи илми забоншиносӣ. 8. Баландтарин  мукофот дар соҳаи кино. 9. Гул, исми занона. 10. Ҷирми осмонӣ. 11. Факт, далел. 12. Навъи шеър. 13. Моеи хушбӯй. 14. Шакли геометрӣ. 15. Актёри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС. 16. Дарё дар Россия. 17. Қувваи ҷараёнро бо он муайян мекунанд. 18. Навъи санъат. 19. Генералиссимус. 20. Ҳаммаънои мактуб. 21. Пайвандаки хилофӣ. 22. Мева. 23. Номи моҳи тақвими яздигурдӣ. 24. Навъи либос, каллапӯш. 25. Амали математикӣ. 26. Шаҳр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 27. Натиҷаи оташ. 28. Асбоби мусиқӣ. 29. Мафҳуми хешутаборӣ. 30. Махзани дониш. 31. Тоза, нав. 32. Чеҳра, ораз. 33. Унсури кимиёвӣ. 34. Кӯҳ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон. 35. Вахш, Лена, Енисей. 36. Қаҳрамони повести «Ривояти суғдӣ» - и С. Улуғзода. 37. Паранда. 38. Номи пештараи шаҳри Турсунзода. 39. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 40. Ҳамсари падар. 41. Шакли шеърӣ. 42. Нашриёт дар Тоҷикистон. 43. Навъи лӯбиёгиҳо. 44. Сабзавот. 45. Сайидалӣ ***, Шоири халқии Тоҷикистон. 46. Истилоҳи илми физика. 47. Металл. 48. Романи П. Лукнитский. 49. Муқобилмаънои «зуд». 50. Яке аз барномаҳои хабарии телевизиону радиоҳо.  
 
Мураттиб  Муҳаммадсафар ЯТИМОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
НИКОЛАС УИНТОН – ИНСОН БО ҲАРФИ КАЛОН
Соли 1938. Николас Уинтони хайрхоҳ 669 кӯдаки яҳудиро ба танҳоӣ аз Холокост (қатли оммавии яҳудиёнро аз соли 1933 то 1945 дар бар мегирад) наҷот дода, тавассути қатора аз Чехословакия ба Британияи Кабир фиристод. Аксари волидони кӯдакон дар лагери консентратсионии Освентсим (дар он инқилобчиён ва асирони ҳарбӣ нигоҳ дошта мешуданд) вафот карда буданд. Ӯ барои саробон ёфтани ин тифлакон низ кумак намуд. Аммо ҷое дар ин бора чизе нагуфт, то оне ки ҳамсараш Грет баъд аз 50 сол аз боми хона китоберо бо ному расми кӯдакон пайдо карда, онро ба рӯзноманигорон дод. 
Сипас, Уинтонро ба барномаи телевизионӣ даъват карданд. Ғайриинтизор аҳли толор ба эҳтиромаш аз ҷой бархест. Ӯ намедонист, ки инҳо кӯдакони наҷотдодааш ҳастанд. Ба синни 50 – 60 расидаву барои изҳори сипос омадаанд. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
ЯЪҚУБ   НАМУНА БАРОИ БАШАРИЯТ
Деҳқони африқоӣ Яъқуб Савадого беш аз 20 сол мешавад, ки бо як бел барои беҳтар намудани хоки биёбон заҳмат мекашад. Гап сари он, ки солҳои 80-уми асри гузашта ба кишвари ӯ хушксолии даҳшатборе омаду замин аз беобӣ ба биёбон табдил ёфт. Мардум ҷойи зисти худро иваз карданд, аммо  Яъқуб он маконро тарк накард, ки падараш он ҷо хок шуда буд. Бо меҳнати шабонарӯзӣ биёбонро ҳосилхез гардондаву дарахтонро дубора сабзонд. 
Пас аз ин, Яъқубе, ки на савод дораду ҳатто, чандсола будани худро намедонад, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Соли 2010 дар бораи ӯ филми мустанади «Марде, ки биёбоншавиро пешгирӣ намуд» рӯи навор омад. Ӯ маблағи аз намоиши филм бадастомадаро барои барқарор намудани ҷангалзорҳои зодгоҳаш ва барномаи таълимии кишоварзон сарф кард.
Бо ин Яъқуб бори дигар нишон дод, ки қудрати инсон беинтиҳост. 
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
28.  ФРИДА -  РАССОМИ БИСТАРӢ
Фрида Кало рассоми номвари мексикоӣ, аслан, аз таваллуд саломатии чандон хуб надошт, вале қавиирода, ки буд, боре ҳам аз дард нанолидааст. Тақдири сахташ буд, ки дар 18-солагӣ ба садама афтоду сутунмуҳрааш осеби ҷиддӣ дид. Ҳарчанд волидон талош карданд, ҷуз ин илоҷ намонд, ки ӯ бояд бистарӣ мешуд. Фрида хуб медонист, ки тақдири ояндааш ҳанӯз рӯшан нест ва касе ҳам кафолат надодааст, ки ӯ рӯзе ба пойи худ рост меистад ё не. Бо вуҷуди ин, ба хотири ба мотамсаро табдил наёфтани ҳавлии падарӣ барои аз нав сохтани худ камари ҳиммат мебандад. Дар чунин як ҳолати ноумедиву дилсардиҳо Фрида аз волидон хоҳиш мекунад, ки болои бистари хобаш барои кашидани расм шароит муҳайё созанд. Чун ҳама хостаҳояш иҷро шуданду болои сақфи хона сурати худро дар оина дид, аввалин бор мӯқалам ба даст гирифт ва расми худро кашид ва ана ҳамин расм ё ба ибораи маъмул автопортрет роҳи ояндаи Фридаро муайяну равшан сохт. Дар як муддати кӯтоҳ шуҳрати расмҳои ин хонуми бистарӣ марзҳои Мексикаро убур карда, дили ҳазорон ҳаводорони ин санъати классикиро дар Амрикову Аврупо тасхир намуданд. Зарфияти ҳунари Фрида ин аст, ки дар асарҳояш тамаддуни замони то кашфи колумбиро хеле моҳирона ва беназиру нотакрор ба қалам додааст. 
Имрӯз аксарият асарҳои офаридаи Фрида Кало, шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Миёни онҳо автопортретҳои «Фрида ва Диего Ривер» ва «Истгоҳи автобус» аз асарҳои беҳамто ва мондагор маҳсуб меёбанд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ПЕШНИҲОД  
Рафиқон, тавре ҳамаи мо медонем, бечора дӯстдорони тамоку аз ҳисоби хариди доимии сигор ба буҷети давлат фоидаи зиёд меоранд. Болои ин аксаран барвақт мурда, нафақа ҳам намегиранд. Яъне ба давлат дутарафа манфиатоваранд. Аз сигор қимобҳои мо бошанд, на танҳо ба буҷет як пули пучак ҳам ворид намекунанд, балки даҳсолаҳо муфт нафақа мегиранд, яъне зарари холӣ.
Бинобар ин, барои тантанаи адолат, пешниҳод мекунам, ки аз соли 2023 аз нафароне, ки сигор намекашанд, андоз ситонда шавад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ЮИЧИРО МИУРА 
КӮҲНАВАРДЕ, КИ ДАР 80-СОЛАГӢ ФОТЕҲИ ЭВЕРЕСТ ШУД
Юичиро Миура (12 октябри соли 1933), пирамарди ҷопониест, ки бо иродаи ғайримуқаррарии қавиаш дафъаи аввал дар синни 70-солагӣ ва  дуюм дар 80-солагӣ қуллаи аз ҳама баландтарини рӯйи Замин - Эверестро фатҳ намудааст. Соли 2003 дар рӯзи зодрӯзаш солдмантарин одаме шуд, ки қуллаи Эверестро фатҳ намуд. Баъд аз чанд сол Мин  Баҳодур Шерхон, пирамарди 76-солаи непалӣ рекорди Миураро шикаст. Бинобар ин, Юичиро барои хеш зарур донист, ки аз нав фотеҳи Эверест шаваду шуҳрати худро баргардонад.  Ҳамин тавр, аз 23 майи соли 2013 то ба имрӯз ӯ ягона пирамарди 80-солаест, ки чунин қаҳрамонӣ кардааст. 
 
Таҳияи Иронбӣ  МӮСОЗОДА
 
 
 
NASA
БОРИ ДУВУМ БА МОҲ БАРМЕГАРДАД,  ИН ДАФЪА БО IPAD
Агентии миллӣ оид ба аэронавтика ва таҳқиқоти кайҳонии ИМА (NASA), тавассути мушаки нави худ Space Launch System (SLS) киштии кайҳонии бесарнишини «Orion»-ро ба Моҳ мебарорад. Ҳамзамон, бори аввал бо ин киштӣ IРad ба Моҳ фиристода мешавад, то хусусиятҳои ёвари овозии Alexa-ро дар фазо биозмояд,- хабар медиҳад NASA дар сомонаи худ.  
Ин озмоиш дар доираи барномаи Artemis1 татбиқ мегардад, ки тибқи он сар додани мушаки  SLS 29 августи соли ҷорӣ дар назар аст. Ҳадафи аслии миссияи киштии «Orion», дар оянда ба Моҳ фиристондани астронавтҳо мебошад. 
Ин марҳалаи дувуми озмоиши Моҳ аз ҷониби NASA мебошад. Яъне, пас аз анҷоми барномаи Apollo дар миёнаҳои солҳои 70-ум, ки марҳалаи аввал буд,  ИМА барномаи дигари омӯзиши Моҳро бо номи Artemis рӯи кор овард. Apollo агар ба омӯхтани Моҳ тамаркуз дошт, вале амбитсияҳои Artemis бузургтар аст. Рисолати Artemis таъсиси инфрасохтор барои дастгирии ояндаи омӯзиши амиқи Моҳ ва кайҳон мебошад.
 
Таҳияи Ҳамзаи ДАВЛАТХОН
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ 
ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН
Замоне Девори бузурги Чин империяро аз ҳуҷумҳои қабилаҳои шимолӣ ҳимоя мекард, барои ҳамин он ба чанд ҳазор километр қад-қадди сарҳади шимолии мамлакат тул кашидааст. Дар асл бошад, ин якчанд деворҳои алоҳидаи занҷиравӣ мебошад, ки ҷамъи дарозиашон беш аз 21 ҳазор километр аст. Қисмати барои сайёҳон барқароршударо ҳамасола то 11 миллион нафар тамошо мекунанд.  
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
ТАВСИЯ
 
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
 
25. Назмро дар зиндагиатонҷорӣ кунед
 
Беназмӣ ва ошуфтагӣ энергияи зиёди одамро талаф мекунанд. Бавижа вақте атрофи шумо ба ҳам рехтаву номураттаб аст, ангезаи корро аз даст хоҳед дод. Хонаи номураттаб, мошин ё мизи кории ба ҳам рехта боиси барҳам хӯрдани назми зеҳнӣ мешавад ва барои раҳоӣ аз ин даргирии зеҳнӣ мекӯшед, ки ба осонтарин роҳ, яъне иҷтиноб аз ҳалли масъала ва танбалӣ рӯй биёред.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
РАМЗИ ВАҲДАТ ДАР ҶОПОН
Ҷисми беҷони бародар дар пушти шонаҳои додар
Замони ҷанг дар Ҷопон писарбачае бародари мурдаашро ба пушт бардошта, барои дафн кардан мебурд. Сарбозе, ки ин ҳолатро мушоҳида менамуд, аз ӯ хоҳиш кард, ки кӯдаки мурдаро ба замин монад, то хаста нашавад.
Вале наврас посухи ибратангез дод: «Ӯ вазнин нест, ӯ бародари ман  аст!». 
Баъд аз шунидани ин сухани таъсирбахш ашк аз чашмони сарбоз ҷорӣ шуд. Аз он вақт инҷониб, ин тасвир рамзи ваҳдат дар Ҷопон гардид. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
МУАЛЛИМ  РЕШАПАРДОЗ АСТ НА ШОХУ БАРГ
Аз муаллим пурсиданд:
- Шумо ки қозӣ будед, чаро ин мақомро тарк ва омӯзгорӣ пеша кардед?
Гуфт:
- Замони қозигӣ чун аз ҳаёт ва зиндагии муҷримон (гунаҳкорон) огоҳ мешудам, дарёфтам, ки аксари онҳо ё омӯзиш надидаанд ва, ё ба масоили рӯзгор дидгоҳи дуруст надоранд. Пас андешидам, ки ба ҷои пардохтан ба шоху барг бояд ба асли реша бипардозам, зеро ҷомеа ба муаллими доно беш аз қозии одил ниёз дорад.
 
Таҳияи Файёзи ФИРӮЗ
 
 
 
 
ИСРОРИ НОҶО
Драматурги маъруфи англис Ҷорҷ Бернард Шоуро дар 70-солагиаш пурсиданд: - Худро чӣ хел ҳис мекунед?
Гуфт: - Хеле хуб, вале маро исрори табибон, ки агар гӯшт нахӯрам, гӯё мемирам безор кардааст (нависанда вегитерианетс – торикуллаҳм буд).
Дар 90-солагиаш ба ҳамин савол Шоу чунин посух дод: - Худро олиҷаноб ҳис мекунам. Акнун маро касе безобита намекунад, зеро табибоне, ки маро аз гӯшт нахӯрдан метарсонданд, кайҳо мурданд. 
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
ҲУКМИ ҒАЙРИОДӢ  Ё ҶАЗОИ БУЛАҶАБЕ БАРОИ ТАҲҚИРИ ПОЛИС
Соли 2002 як шаҳрванди америкоӣ барои таҳқири афсарони полис ба суд кашида шуд. Ӯ кормандони полисро «хукон» номид. Замони баррасии парвандааш дар додгоҳ судя ҳукм кард, ки айбдоршаванда ё се рӯз ба ҳабс гирифта шавад, ё дар чорроҳаи серодам бо хуки зинда ва дар дасташ бо лавҳае биистаад, ки дар он чунин навишта шудааст: «Ин корманди полис нест!». Маҳкумшуда пас аз ҳукми додрас варианти дуюмро интихоб кард ва дар чорроҳаи серодам чунин амалро иҷро намуд. 
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
СХИПХОЛ  
ФУРУДГОҲЕ, КИ МУСОФИРОНРО БА КИТОБХОНӢ ҶАЛБ МЕКУНАД
Аз соли 2010 дар фурудгоҳи Схипхоли Нидерландия китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёда аз 5,5 ҳазор китоб фаъолият мекунад. Инчунин, дар он ду лавҳаи шишагини калон (экрани сенсорӣ) насб шудаанд, ки метавон бо 40 забон китоб пайдо намуд. Гузашта аз ин, барои мусофирони калонсол дар планшетҳо китобҳо дар шакли мусиқӣ пайваст шуданд, ки ба осонӣ аз он мутолиа мекунанд. 
То соли 2017 ин ягона фурудгоҳе буд, ки китобхона дошт. Баъдан, дар фурудгоҳҳои бархе аз кишварҳо низ чунин китобхонаҳо пайдо шуданд. 
Мақсад аз кушодани ин гуна китобхонаҳо ҳангоми интизори ҳавопаймоҳо мусофиронро бо мутолиаи китоб машғул намудан аст. 
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
 
КОРНОМАИ ЯК ДАРВОЗАБОНИ ТОҶИКИСТОНӢ
Саричев Валерий Константинович (12 январи 1960) нахустин  дастпарвари футболи тоҷик аст, ки дарвозабони сол дар Иттиҳоди Шуравӣ (1991) эътироф шудааст. Ӯ ягона тоҷикистониест, ки ғолиби бонуфузтарин мусобиқоти Осиё байни бошгоҳҳо – Лигаи қаҳрамонҳо (1996) гаштааст.
Дар баробари ин, дарвозабон ду карат дар мусобиқоти байналмилалӣ ба хотираи  Рус-там Долтабоев (1979, 1980) пирӯз гардида, барандаи Ҷоми ИҶШС (1986), 4 маротиба чемпиони Корея (1993, 1994, 1995, 2000), ғолиби ҷоми Adidas (1992), Суперҷоми Осиё (1996), Ҷоми байниқитъавии Осиё ва Африқо (1996) мебошад.
Вай дар дастаҳои «Помир» (1978 – 1981), КМВА (1981 – 1982), «Торпедо»- Москва (1982 – 1991), «Илва Чунма»-и Корея (1992 – 1998) ва «Сеул» (2000 – 2004) бозӣ кардааст. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
ТАРҲИ НОДИР
Соли 2023 одамон ба уқёнус мекӯчанд
Ширкати «Ocean Builders»-и Панама барои мизоҷон хонаҳои нодирро, ки бо тарҳи ба худ хос бунёд мегарданд, муаррифӣ намуд,- хабар додааст сомонаи naked-science.ru. 
Онҳо дар уқёнус дар баландии наздики 2,5 метр аз мавҷ қомат афрохта, аз тамоми шароитҳои муосир бархӯрдор хоҳанд буд. Масоҳати хонаҳои беназир 77 метри мураббаъро ташкил дода, ҳуҷраҳои хобу шустушӯӣ, меҳмонхона, ошхона ва анборхонаро дар бар мегиранд.
Тавре гуфта мешавад, кошонаҳо дорои «зеҳни сунъӣ» буда, истиқоматкунандагон танҳо бо афшондани  даст метавонанд дарро кушоянд, мусиқӣ монанд ва дигар хоҳишҳои хешро қонеъ созанд.
Соҳибхонаҳоро бо хӯрок, доруворӣ ва амсоли инҳо дронҳо таъмин мекунанд. Барои овардани мебел ва дигар ҷиҳози рӯзгор, инчунин, баровардани партовҳо киштиҳо ҷалб мегарданд.
Нархи кошонаҳо аз 295 000 то ба 1,5 миллион доллари ИМА расида, таҳиягари онҳо меъмори нидерландӣ Коэн Олтуис мебошад. Бино ба гуфтаи намояндагони ширкат, аллакай, истеҳсоли 100-то чунин хонаҳо оғоз шуда,  соли 2023 ба муштариён дастрас хоҳанд шуд. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Наргис АТОЕВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ОДАМИ ТОЗА
Дар дафтари корӣ:
- Шумо аз куҷо медонед, ки раиси нави андоз пора намегирад?
- Сардор, мо барои санҷиш ӯро аввал директори ҳаммом мондем. 
- Хайр, баъд чӣ?
- Бовар кунед, дар ду соли корияш як бор ҳам оббозӣ накард. Маълум, ки одами тоза аст. 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
Рубрикаи нав
5 РОҲИ  БЕМАРГӢ
Одамизод аз қадим мехост оби ҳаёт ё ҳамон иксири бемаргиро ба даст оварад ва ҳаргиз намирад, аммо бесуд. Миллионҳо сарватмандон барои намурдан миллиардҳо доллари худро ба бод медиҳанд, гарчи даҳ аср пеш Сино гуфта буд: «Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал». Бо вуҷуди ин, илми муосир 5 роҳи бемаргиро пешниҳод мекунад, ки банавбат дар «Шоми шанбе» хоҳед хонд. 
 
ТАЛОШ  БАРОИ  НАМУРДАН
1. НУСХАГИРИИ ИТТИЛООТӢ
Яке аз ин роҳҳо нусхагирии иттилоотии вуҷуди инсон аст. Ба ҷои ҳамаи узвҳои ҳис, майнаи сар ва кӯчактарин қисматҳои ҳиссиву шуурии одам чип мегузоранд. Ҳамин тавр, то соли 2025 бо ҳаҷми 50 терабайт организми инсон ба кибертан (кибертело) табдил меёбад ва ҳастии ӯ тавассути иттилооти дар мағзи ӯ мавҷудбуда, ба гардиш оғоз мекунад.
Худаш ба дунёи боқӣ пайвандад ҳам, кор, ишқу алоқа, гиряву ханда ва хӯю хислатҳои ӯ дар кибертан идома меёбад.
Ин роҳ имрӯз «беҳтарин ва серхароҷоттарин роҳи бемаргӣ»-ист.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2022    №: 161    Мутолиа карданд: 700
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед